https://sputnik.tj/20250408/voshington-tehron-shanbe-ummon-muzokirot-ghayrimustaqim-doir-1066896157.html
Вошингтону Теҳрон рӯзи шанбе дар Уммон музокироти ғайримустақим доир мекунанд
Вошингтону Теҳрон рӯзи шанбе дар Уммон музокироти ғайримустақим доир мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Ироқчӣ ва Виткофф музокирачиёни аршади Теҳрон ва Вашингтон ҳастанд ва музокирот мустақиман не, балки тавассути вазири умури хориҷии Уммон оғоз мешавад
2025-04-08T10:32+0500
2025-04-08T10:32+0500
2025-04-08T12:00+0500
теҳрон
вашингтон
музокирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/08/1066897801_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_282e3a53eae70dbbf790b635d0121c0a.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Вазири хориҷаи Эрон Аббос Ароқчӣ таъйид кард, ки музокироти ғайримустақими Теҳрон ва Вашингтон рӯзи шанбе дар Уммон баргузор мешавад. "Эрон ва ИМА рӯзи шанбе дар Уммон барои музокироти ғайримустақими сатҳи баланд мулоқот хоҳанд кард",- навиштааст ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ X.Ба гузориши хабаргузории Nour News бо истинод ба манобеяш, Аббос Арағчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон ва Стив Виткофф, фиристодаи раисиҷумҳури Амрико, гуруҳҳои музокиракунандаи ду кишварро раҳбарӣ хоҳанд кард.Оҷонсӣ қайд мекунад, ки музокирот мустақиман не, балки тавассути Бадр бин Ҳамад бин Ҳамуда Ал Бусайдӣ, вазири умури хориҷии Уммон оғоз мешавад.Қаблан хабарнигори New York Times Фарназ Фассиҳӣ дар бораи мулоқоти дарпешистода дар Уммон гузориш дода буд. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи душанбе гуфт, ки Амрико ва Эрон дар мавриди масъалаи ҳастаии Эрон музокироти мустақим доранд. Вай дар Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфт, "мо бо Эрон музокироти мустақим дорем". Ӯ баъдтар тавзеҳ дод, ки тамосҳо рӯзи шанбе "қариб дар сатҳи олӣ" сурат хоҳанд гирифт. "Умедворам, ки ин гуфтушунидҳо натиҷа хоҳанд дод", - афзуд ӯ. Трамп мӯътақид аст, ки тавофуқи нав бо Эрон аз тавофуқи ҳастаии Теҳрон ва шаш миёнарави байналмилалӣ "фарқ хоҳад кард". "Шояд созиши мо пурқувваттар бошад", - қайд кард президенти ИМА.
https://sputnik.tj/20250406/tehron-surat-laghv-tahrimho-muzokira-barnoma-hastai-rozi-1066878143.html
вашингтон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/08/1066897801_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_6eafc9cfc5bf429d71239de39ecc57c0.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вошингтон теҳрон уммон музокирот ғайримустақим доир
вошингтон теҳрон уммон музокирот ғайримустақим доир
Вошингтону Теҳрон рӯзи шанбе дар Уммон музокироти ғайримустақим доир мекунанд
10:32 08.04.2025 (Навсозишуда: 12:00 08.04.2025) Ироқчӣ ва Виткофф музокирачиёни аршади Теҳрон ва Вашингтон ҳастанд ва музокирот мустақиман не, балки тавассути вазири умури хориҷии Уммон оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Вазири хориҷаи Эрон Аббос Ароқчӣ таъйид кард, ки музокироти ғайримустақими Теҳрон ва Вашингтон рӯзи шанбе дар Уммон баргузор мешавад.
"Эрон ва ИМА рӯзи шанбе дар Уммон барои музокироти ғайримустақими сатҳи баланд мулоқот хоҳанд кард",- навиштааст ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ X.
"Ин ҳам фурсат ва ҳам озмоиш аст. Тӯб дар майдони Амрико аст", - афзуд ӯ.
Ба гузориши хабаргузории Nour News бо истинод ба манобеяш, Аббос Арағчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон ва Стив Виткофф, фиристодаи раисиҷумҳури Амрико, гуруҳҳои музокиракунандаи ду кишварро раҳбарӣ хоҳанд кард.
"Музокироти ғайримустақими Эрон ва Иёлоти Муттаҳида рӯзи шанбе дар Уммон оғоз мешавад, ки дар он Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон ва Стив Виткофф, фиристодаи вижаи Амрико дар умури Ховари Миёна суханронӣ мекунанд", — хабар медиҳад агентӣ.
Оҷонсӣ қайд мекунад, ки музокирот мустақиман не, балки тавассути Бадр бин Ҳамад бин Ҳамуда Ал Бусайдӣ, вазири умури хориҷии Уммон оғоз мешавад.
Қаблан хабарнигори New York Times Фарназ Фассиҳӣ дар бораи мулоқоти дарпешистода дар Уммон гузориш дода буд.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи душанбе гуфт, ки Амрико ва Эрон дар мавриди масъалаи ҳастаии Эрон музокироти мустақим доранд.
Вай дар Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфт, "мо бо Эрон музокироти мустақим дорем".
Ӯ баъдтар тавзеҳ дод, ки тамосҳо рӯзи шанбе "қариб дар сатҳи олӣ" сурат хоҳанд гирифт.
"Умедворам, ки ин гуфтушунидҳо натиҷа хоҳанд дод", - афзуд ӯ.
Трамп мӯътақид аст, ки тавофуқи нав бо Эрон аз тавофуқи ҳастаии Теҳрон ва шаш миёнарави байналмилалӣ "фарқ хоҳад кард".
"Шояд созиши мо пурқувваттар бошад", - қайд кард президенти ИМА.