Таъсиси минтақаҳои тиҷоратии наздисарҳад дар марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбекистон

© Foto / Пресс-служба президента УзбекистанаПрезидент Узбекистана принял глав парламентских делегаций стран Центральной Азии
Президент Узбекистана принял глав парламентских делегаций стран Центральной Азии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2025
Обуна шудан
Раиси парлумони Тоҷикистон дар дидор бо раисҷумҳури Узбекистон гуфт, ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла дар минтақаҳои кишварҳо тақвият меёбанд
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Раиси парлумони Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар дидор бо раисҷумҳури Узбекистон ва роҳбарони ҳайатҳои парлумонии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ гуфт, ки солҳои охир гардиши мол байни мамлакатҳо дар минтақа даҳҳо маротиба афзоиш ёфт ва ба ҳамин хотир дар минтақаҳои наздимарзӣ, минтақаҳои тиҷоратӣ таъсис дода мешаванд.
Дар ин бора Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳошияи ҷаласаи Ассамблеяи 150-уми Иттиҳоди байнипарлумонӣ (IPU) дар шаҳри Тошканд Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд.
Дар вохӯрӣ Раиси парлумонҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон Туркманистон иштирок намуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот аҳамияти ҷаласаи Ассамблеяи 150-уми Иттиҳоди байнипарлумонӣ, ки бори аввал дар минтақа баргузор шуд, махсус таъкид гардид.
Председатель нижней палаты парламента Таджикистана Файзали Идизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2025
Раиси палатаи поёнии парлумон асоси сиёсати давлатии Тоҷикистонро гуфт
Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ байни мамлакатҳои бародар баррасӣ шуданд.
Қайд карда шуд, ки дар мулоқот хусусияти таърихии вохӯриҳои ба наздикӣ дар минтақа гузаронида, аз ҷумла ҳалли пурраи масъалаҳои делимитатсияи сарҳадҳо ва имзои Шартнома дар шаҳри Хуҷанд дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон таъкид гардид.
Ҳамчунин дар дидор Лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла дар минтақаҳои мамлакатҳо, барномаҳои ҳамкории пурмаҳсули фарҳангӣ ва таълимӣ муваффақона амалӣ карда мешаванд.
Дар ҷараёни мулоқот аҳамияти тақвияти муколамаи парлумонӣ, аз ҷумла дар сатҳи кумитаҳо барои наздик намудани ду мамлакат ва халқҳо, пешбурди ташаббусҳо ва лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ, густариши робитаҳои байниминтақавӣ ва табодули башардӯстона таъкид гардид.
Лентаи хабарҳо
0