https://sputnik.tj/20250408/raisi-palatai-poyonii-parlumon-asosi-siyosati-davlatii-tojikistonro-nombar-kard-1066895947.html
Раиси палатаи поёнии парлумон асоси сиёсати давлатии Тоҷикистонро гуфт
Раиси палатаи поёнии парлумон асоси сиёсати давлатии Тоҷикистонро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тошканд иҷлосияи 150-уми Иттиҳодияи байнипарлумонӣ бо ҳузури намояндагони Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Тоҷикистон идома дорад 08.04.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-04-08T09:33+0500
2025-04-08T09:33+0500
2025-04-08T09:39+0500
дар тоҷикистон
парлумони тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/13/1066635048_177:0:2048:1053_1920x0_80_0_0_2abf0d21fd14d3054b61350a314a3b5f.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Имрӯз инсоният бо мушкилоти зиёд рӯбарӯ аст, гуфт Файзалӣ Идизода, раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи 150-умин Ассамблеяи Иттифоқи байнипарлумонӣ дар Тошканд. Дар Тоҷикистон адолати иҷтимоӣ ва тараққиёт асоси сиёсати давлат мебошад, таъкид кард ӯ. Идизода дар ҳошияи ин чорабинӣ ҳамчунин як қатор мулоқотҳои дуҷониба анҷом дод.Ҳамин тариқ, дар мулоқот бо Ҳасан бин Абдуллоҳ Ал-Ғоним, раиси Маҷмаи машваратии Давлати Қатар, масъалаҳои амиқсозии ҳамкориҳои дуҷониба ва густариши робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуданд. Идизода аҳамияти ҳамкориҳои парлумонҳои ду кишварро таъкид намуда, омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои фаъол дар шаклҳои дуҷониба ва бисёрҷониба изҳор намуд.Илова бар ин, Файзалӣ Идизода бо раиси Палатаи қонунгузории Мажлиси Олии Узбекистон Нуриддин Исмоилов мулоқот ва масъалаҳои дурнамои рушди муносибатҳоро муҳокима карданд.Аз ҷумла, зарурати густариши муносибатҳои байнипарлумонии ду ҷумҳурии бо ҳам дӯсту ҳамсоя баррасӣ гардид.Ҷонибҳо инчунин ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории байнипарлумонӣ ва ҳамкорӣ байни палатаҳои поёнии ду мамлакат тавассути сафарҳо ва ҳамоишҳои гуногун густариш дода шавад.
https://sputnik.tj/20250320/volodin-raisi-navi-parlumoni-tojikiston-tabrik-1066655065.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/13/1066635048_229:0:2048:1364_1920x0_80_0_0_df89e76431d83d0e20ccef8a956562a5.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, парлумони тоҷикистон
дар тоҷикистон, парлумони тоҷикистон
Раиси палатаи поёнии парлумон асоси сиёсати давлатии Тоҷикистонро гуфт
09:33 08.04.2025 (Навсозишуда: 09:39 08.04.2025) Дар Тошканд иҷлосияи 150-уми Иттиҳодияи байнипарлумонӣ бо ҳузури намояндагони Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Тоҷикистон идома дорад
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Имрӯз инсоният бо мушкилоти зиёд рӯбарӯ аст, гуфт Файзалӣ Идизода, раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи 150-умин Ассамблеяи Иттифоқи байнипарлумонӣ дар Тошканд.
Дар Тоҷикистон адолати иҷтимоӣ ва тараққиёт асоси сиёсати давлат мебошад, таъкид кард ӯ.
Идизода дар ҳошияи ин чорабинӣ ҳамчунин як қатор мулоқотҳои дуҷониба анҷом дод.
Ҳамин тариқ, дар мулоқот бо Ҳасан бин Абдуллоҳ Ал-Ғоним, раиси Маҷмаи машваратии Давлати Қатар, масъалаҳои амиқсозии ҳамкориҳои дуҷониба ва густариши робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуданд.
Идизода аҳамияти ҳамкориҳои парлумонҳои ду кишварро таъкид намуда, омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои фаъол дар шаклҳои дуҷониба ва бисёрҷониба изҳор намуд.
Илова бар ин, Файзалӣ Идизода бо раиси Палатаи қонунгузории Мажлиси Олии Узбекистон Нуриддин Исмоилов мулоқот ва масъалаҳои дурнамои рушди муносибатҳоро муҳокима карданд.
Аз ҷумла, зарурати густариши муносибатҳои байнипарлумонии ду ҷумҳурии бо ҳам дӯсту ҳамсоя баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо инчунин ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории байнипарлумонӣ ва ҳамкорӣ байни палатаҳои поёнии ду мамлакат тавассути сафарҳо ва ҳамоишҳои гуногун густариш дода шавад.