https://sputnik.tj/20240930/sitorashinosoni-tojik-zamin-dunbolador-nazdik-meshavad-1064535991.html
Ситорашиносони тоҷик: ба замин дунболадор наздик мешавад
Ситорашиносони тоҷик: ба замин дунболадор наздик мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Ситорашиносони тоҷик иддао доранд, ки ба сайёраи Замин наздик шудани кометаи C/2023 A3-ро мушоҳида доранд
2024-09-30T17:11+0500
2024-09-30T17:11+0500
2024-09-30T17:41+0500
дар тоҷикистон
ситорашинос
ситораҳо
кайҳон
олимон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/1e/1064537314_0:502:2730:2038_1920x0_80_0_0_0b99d4e7e337a393c5d2194998515e0f.jpg
ДУШАНБЕ, 30 сент — Sputnik. Маркази сайёраҳои хурди Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ кашфи боз як дунболдор ё кометаи навро тасдиқ кард.Дар ин бора Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар дод.Ба иттилои манбаъ, кометаи C/2023 рӯзи 9 январи соли 2023 аз тарафи олимони Чин кашф шудааст.Он 12 октябри соли 2024 дар нуқтаи наздиктарин (750 миллион километр) ба сайёраи Замин наздик мешавад.27 сентябри соли 2024 комета дар нуқтаи наздиктарин ба Офтоб, дар масофаи беш аз 58 миллион километр ҷойгир буд.30 сентябр "меҳмони осмонӣ" пеш аз тулӯи Офтоб дар осмон хеле паст дурахшид.Мушоҳидаҳои комета дар вақти ба Замин наздик шудан дар расадхонаҳои Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳо гузаронда мешаванд.БА иттилои Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз қадимулайём кометаҳо дар байни одамони оддӣ ҳамчун ситораҳои думдор маълуманд. Калимаи “комета” аз калимаи юнонии “кометис” гирифта шуда, маънояш “мўйдор” мебошад.Дар ҳақиқат кометаи бо чашми бесилоҳ дидашаванда дорои думи дароз буда, чун объекти муйдор менамояд.Кометаҳо ҷирмҳои яхин буда, ба гурӯҳи ҷирмҳои хурди Низоми офтобӣ дохил мешаванд. Кометаҳо аз ҳаста сар ва дум иборатанд. Қариб 80% - и массаи онҳоро об ташкил медиҳад.Андозаи ҳастаи кометаҳо аз садҳо метр то даҳҳо км- ро ташкил медиҳад. Андозаи сарашон ба садҳо ҳазор км ва дарозии думашон ба садҳо миллион км баробар аст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/1e/1064537314_0:0:2730:2048_1920x0_80_0_0_ac62a74606beee8793cd5cdf48ffdb60.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қайҳон, ситорашиносон, дунболдор, мушоҳида, тоҷик, олимон
тоҷикистон, қайҳон, ситорашиносон, дунболдор, мушоҳида, тоҷик, олимон
Ситорашиносони тоҷик: ба замин дунболадор наздик мешавад
17:11 30.09.2024 (Навсозишуда: 17:41 30.09.2024) Ситорашиносони тоҷик иддао доранд, ки ба сайёраи Замин наздик шудани кометаи C/2023 A3-ро мушоҳида доранд
ДУШАНБЕ, 30 сент — Sputnik. Маркази сайёраҳои хурди Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ кашфи боз як дунболдор ё кометаи навро тасдиқ кард.
Дар ин бора Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, кометаи C/2023 рӯзи 9 январи соли 2023 аз тарафи олимони Чин кашф шудааст.
Он 12 октябри соли 2024 дар нуқтаи наздиктарин (750 миллион километр) ба сайёраи Замин наздик мешавад.
27 сентябри соли 2024 комета дар нуқтаи наздиктарин ба Офтоб, дар масофаи беш аз 58 миллион километр ҷойгир буд.
30 сентябр "меҳмони осмонӣ" пеш аз тулӯи Офтоб дар осмон хеле паст дурахшид.
Мушоҳидаҳои комета дар вақти ба Замин наздик шудан дар расадхонаҳои Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳо гузаронда мешаванд.
БА иттилои Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз қадимулайём кометаҳо дар байни одамони оддӣ ҳамчун ситораҳои думдор маълуманд. Калимаи “комета” аз калимаи юнонии “кометис” гирифта шуда, маънояш “мўйдор” мебошад.
Дар ҳақиқат кометаи бо чашми бесилоҳ дидашаванда дорои думи дароз буда, чун объекти муйдор менамояд.
Кометаҳо ҷирмҳои яхин буда, ба гурӯҳи ҷирмҳои хурди Низоми офтобӣ дохил мешаванд. Кометаҳо аз ҳаста сар ва дум иборатанд. Қариб 80% - и массаи онҳоро об ташкил медиҳад.
Андозаи ҳастаи кометаҳо аз садҳо метр то даҳҳо км- ро ташкил медиҳад. Андозаи сарашон ба садҳо ҳазор км ва дарозии думашон ба садҳо миллион км баробар аст.