https://sputnik.tj/20250407/tojikiston-rusiya-tamrinot-mushtarak-zidditerroristi-oghoz-1066891255.html
Тоҷикистону Русия тамриноти муштараки зиддитеррористиро дар Хатлон оғоз карданд
Тоҷикистону Русия тамриноти муштараки зиддитеррористиро дар Хатлон оғоз карданд
Sputnik Тоҷикистон
Чунин тамринот махсусан дар вазъияти кунунии байналмилалӣ ва авҷ гирифтани ташаннуҷ дар наздикии марзҳои кишварҳои узви СПАД муҳим аст
2025-04-07T16:07+0500
2025-04-07T16:07+0500
2025-04-07T16:26+0500
тамринҳои низомӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102067/47/1020674713_0:157:2996:1842_1920x0_80_0_0_cf1abb937cefee5d668389bd1b07a1f8.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Тамрини муштараки зиддитеррористии нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оғоз шуд. Дар ин бора Вазорати дифои Русия хабар додааст."Дар тамрингоҳи "Харб-Майдони"-и кӯҳӣ-биёбонии вилояти Хатлони Тоҷикистон маросими ифтитоҳи тамриноти муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия ва Тоҷикистон баргузор шуд", — афзудааст манбаъ. Зимнан зикр мегардад, ки чорабинии мазкур чун анъана бо ҷамъомади умумии ҳайати низомӣ оғоз гардид. Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни тамринот контингентҳои низомии ду кишвар ҷиҳати ташкили истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳ барои нест кардани гурӯҳҳои террористӣ, омода кардани воҳидҳо барои иҷрои вазифаҳои дар кӯҳистон гузошташуда кор хоҳанд кард. Таъкид мешавад, ки соси контингенти Русия аз воҳидҳои пойгоҳи низомии 201-уми Ҳавзаи марказии низомии ФР (мустақар дар Тоҷикистон) иборат аст. Марҳилаи фаъоли машқҳои муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон аз 7 то 11 апрел баргузор мешавад.Тавре Вячеслав Хлестов, атташеи дифои Сафорати Русия дар Тоҷикистон қайд кард, вазифаҳо дар ҷараёни тамрин то ҳадди имкон ба вазифаҳои ҷангӣ наздик хоҳанд буд, ки имкон медиҳад механизми вокуниш ба таҳдидҳои пайдошуда, озмоиши тавоноии аслиҳа ва техника, аз ҷумла моделҳои нав, инчунин ҳамкории устувори контингентҳои ду кишвар таъмин карда шавад.Ба гуфтаи ӯ, ин махсусан дар вазъияти кунунии байналмилалӣ, ки бо афзоиши болои низоъ, бесуботӣ, аз ҷумла бо авҷ гирифтани ташаннуҷ дар наздикии марзҳои кишварҳои узви СПАД, инчунин таҳдидҳо ба амнияти минтақавӣ, ки аз Афғонистон бармеояд, муҳим аст.
https://sputnik.tj/20250326/spad-tarh-barnoma-tahkimi-marz-tojikiston-afghoniston-1066718564.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102067/47/1020674713_165:0:2832:2000_1920x0_80_0_0_835a8c91049078a65ddc3f144e4ee386.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон русия тамринот муштарак зиддитеррористӣ
тоҷикистон русия тамринот муштарак зиддитеррористӣ
Тоҷикистону Русия тамриноти муштараки зиддитеррористиро дар Хатлон оғоз карданд
16:07 07.04.2025 (Навсозишуда: 16:26 07.04.2025) Чунин тамринот махсусан дар вазъияти кунунии байналмилалӣ ва авҷ гирифтани ташаннуҷ дар наздикии марзҳои кишварҳои узви СПАД муҳим аст
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Тамрини муштараки зиддитеррористии нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оғоз шуд.
Дар ин бора Вазорати дифои Русия хабар додааст.
"Дар тамрингоҳи "Харб-Майдони"-и кӯҳӣ-биёбонии вилояти Хатлони Тоҷикистон маросими ифтитоҳи тамриноти муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия ва Тоҷикистон баргузор шуд", — афзудааст манбаъ.
Зимнан зикр мегардад, ки чорабинии мазкур чун анъана бо ҷамъомади умумии ҳайати низомӣ оғоз гардид.
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни тамринот контингентҳои низомии ду кишвар ҷиҳати ташкили истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳ барои нест кардани гурӯҳҳои террористӣ, омода кардани воҳидҳо барои иҷрои вазифаҳои дар кӯҳистон гузошташуда кор хоҳанд кард.
"Марҳилаи асосии ин тамринот баргузории амалиёти муштарак барои маҳви гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин назорати воҳидҳо дар ҷараёни ҳимояи марзҳои давлатӣ ва нобуд кардани гуруҳҳои ҷиноӣ, ки онро рахна кардаанд",- афзудааст манбаъ.
Таъкид мешавад, ки соси контингенти Русия аз воҳидҳои пойгоҳи низомии 201-уми Ҳавзаи марказии низомии ФР (мустақар дар Тоҷикистон) иборат аст.
Марҳилаи фаъоли машқҳои муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон аз 7 то 11 апрел баргузор мешавад.
Тавре Вячеслав Хлестов, атташеи дифои Сафорати Русия дар Тоҷикистон қайд кард, вазифаҳо дар ҷараёни тамрин то ҳадди имкон ба вазифаҳои ҷангӣ наздик хоҳанд буд, ки имкон медиҳад механизми вокуниш ба таҳдидҳои пайдошуда, озмоиши тавоноии аслиҳа ва техника, аз ҷумла моделҳои нав, инчунин ҳамкории устувори контингентҳои ду кишвар таъмин карда шавад.
Ба гуфтаи ӯ, ин махсусан дар вазъияти кунунии байналмилалӣ, ки бо афзоиши болои низоъ, бесуботӣ, аз ҷумла бо авҷ гирифтани ташаннуҷ дар наздикии марзҳои кишварҳои узви СПАД, инчунин таҳдидҳо ба амнияти минтақавӣ, ки аз Афғонистон бармеояд, муҳим аст.