Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

СПАД тарҳи барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ кардааст

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкУчения сил ОДКБ в Таджикистане
Учения сил ОДКБ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2025
Обуна шудан
Дар нишасти Маскав вазорату идораҳои дахлдори кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ширкат карданд
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Иҷрои марҳалаи аввали барномаи байнидавлатии мақсадноки СПАД дар бораи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон дар Маскав аз сӯи коршиносон баррасӣ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти СПАД хабар додааст.
"Иштирокчиёни вохӯрӣ нақшаи кори минбаъдаро баррасӣ намуда, барномаи чорабиниҳои муштаракро дар бораи татбиқи марҳилаи якуми барномаи мақсадноки байнидавлатӣ ба мувофиқа расониданд", — қайд кардааст манбаъ.
Дар ҷаласа намояндагони мухталифи давлатӣ, инчунин намояндагонивазорату идораҳои дахлдори кишварҳои узви СПАД ширкат доштанд.
Флаг Таджикистана и ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2025
СПАД муҳлати иҷрои барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистонро муайян кард
Моҳи январ Имангалӣ Тасмагамбетов, дабири кулли СПАД хабар дода буд, ки “барнома тадбирҳои мушаххасеро дар бар мегирад, ки ба таъмини амнияти қисмати ҷанубии минтақаи масъулияти СПАД равона шудаанд”.
Қаблан вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин изҳор дошт, ки ҷумҳурӣ аз ҳама шаклҳои ҳамкорӣ ва муколама бо Афғонистон ҳимоят мекунад.
“Тоҷикистон бо тамоми имконоти иқтисодӣ, нақлиётӣ, транзитӣ ва башардӯстона дар ихтиёраш дорад ҳамеша омода аст, барои эҳё ва шукуфоии Афғонистон мусоидат намояд”, - қайд карда буд вазири хориҷа.
Ба СПАД Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомил мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0