https://sputnik.tj/20250407/qazoqiston-tariq-sirdaryo-mlrd-metr-mukaab-ob-giriftanist-1066884098.html
Қазоқистон аз тариқи Сирдарё 3,7 млрд метри мукааб об гирифтанист
Қазоқистон аз тариқи Сирдарё 3,7 млрд метри мукааб об гирифтанист
Sputnik Тоҷикистон
Дар ин бора вазирони Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон зимни ҷаласае дар Самарқанд ба мувофиқа расиданд
2025-04-07T12:10+0500
2025-04-07T12:10+0500
2025-04-07T13:07+0500
об
осиёи марказӣ
дар тоҷикистон
қазоқистон
узбекистон
қирғизистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101510/97/1015109793_0:386:2013:1518_1920x0_80_0_0_71185307d83b41fa945ff8675a461d5a.jpg.webp
Қазоқистон дар соли 2025 барои обёрии заминҳои кишоварзии манотиқи ҷануби ин кишвар аз Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон 3,7 миллиард метри мукааб об дарёфт хоҳад кард.Дар ин бора вазири захираҳои об ва обёрӣ Қазоқистон Нурҷон Нурҷигитов зимни дидор бо ҳамкасбонаш аз Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ба мувофиқа расидаанд.Дидори вазирон дар Ҷаласаи 89-уми Комиссияи ҳамоҳангсозии байнидавлатии оби Осиёи Марказӣ, ки дар Самарқанд доир шуд, сурат гирифтааст.Муайян карда шудааст, ки дар давраи обёрӣ ба воситаи канали байнидавлатии "Дустик" ба Қазоқистон 909 миллион метри мукааб об фиристода мешавад. Ба Баҳри Арали шимолӣ 975 миллион мукаабметр об равона мешавад. "Оби бо Сирдарё ба Қазоқистон воридшуда, дар обанбори Шардара ҷамъ шуда, барои таъмини деҳқонони ноҳияҳои ҷанубӣ истифода мешавад",- афзуд манбаъ. Ба таъкиди Нурҷигитов, соли гузашта тавассути тақсими самараноки об, ҷорӣ намудани технологияи каммасрафи об ва гуфтушунидҳои саривақтӣ бо кишварҳои ҳамсоя онщо тавонистанд, ки талаботи хоҷагиҳои деҳқониро ба оби қонеъ гардонандВазорати захоири оби ин кишвар гуфтааст, ки аз октябри соли 2024 то 1 апрели соли ҷорӣ Узбекистон ба Қазоқистон 12,6 млрд метри мукааб об фиристодааст, ки аз ҳаҷми қаблан пешбинишуда 1,7 млрд метри мукааб зиёд аст.
https://sputnik.tj/20250219/korshinos-osiyoi-markazi-marhala-muzmin-norasoi-ob-rubaru-1066270711.html
қазоқистон
узбекистон
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101510/97/1015109793_0:197:2013:1707_1920x0_80_0_0_7f50feb7b07ae638d919955efa2301c0.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон сирдарё об ворид
қазоқистон сирдарё об ворид
Қазоқистон аз тариқи Сирдарё 3,7 млрд метри мукааб об гирифтанист
12:10 07.04.2025 (Навсозишуда: 13:07 07.04.2025) Дар ин бора вазирони Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон зимни ҷаласае дар Самарқанд ба мувофиқа расиданд
Қазоқистон дар соли 2025 барои обёрии заминҳои кишоварзии манотиқи ҷануби ин кишвар аз Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон 3,7 миллиард метри мукааб об дарёфт хоҳад кард.
Дар ин бора вазири захираҳои об ва обёрӣ Қазоқистон Нурҷон Нурҷигитов зимни дидор бо ҳамкасбонаш аз Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ба мувофиқа расидаанд.
"Дар давраи ирригатсионӣ дар соли 2025 Қазоқистон аз дарёи Сир тақрибан 3,7 миллиард метри мукааб об мегирад",- афзудааст манбаъ.
Дидори вазирон дар Ҷаласаи 89-уми Комиссияи ҳамоҳангсозии байнидавлатии оби Осиёи Марказӣ, ки дар Самарқанд доир шуд, сурат гирифтааст.
Муайян карда шудааст, ки дар давраи обёрӣ ба воситаи канали байнидавлатии "Дустик" ба Қазоқистон 909 миллион метри мукааб об фиристода мешавад. Ба Баҳри Арали шимолӣ 975 миллион мукаабметр об равона мешавад.
"Оби бо Сирдарё ба Қазоқистон воридшуда, дар обанбори Шардара ҷамъ шуда, барои таъмини деҳқонони ноҳияҳои ҷанубӣ истифода мешавад",- афзуд манбаъ.
Ба таъкиди Нурҷигитов, соли гузашта тавассути тақсими самараноки об, ҷорӣ намудани технологияи каммасрафи об ва гуфтушунидҳои саривақтӣ бо кишварҳои ҳамсоя онщо тавонистанд, ки талаботи хоҷагиҳои деҳқониро ба оби қонеъ гардонанд
Вазорати захоири оби ин кишвар гуфтааст, ки аз октябри соли 2024 то 1 апрели соли ҷорӣ Узбекистон ба Қазоқистон 12,6 млрд метри мукааб об фиристодааст, ки аз ҳаҷми қаблан пешбинишуда 1,7 млрд метри мукааб зиёд аст.