Коршинос: Осиёи Марказӣ бо марҳалаи музмини норасоии об рӯбарӯ аст

© Sputnik / Макс Ветров / Гузариш ба медиабонкТерритория насосной станции
Территория насосной станции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2025
Обуна шудан
Коршинос тавсия медиҳад, ки арзиши об зиёд карда шавад, то шаҳрвандон ба захираҳои об оқилонатар муносибат кунанд ва гумон накунанд, ки он захираи беохир аст
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Масъалаи об дар Осиёи Марказӣ дар ҳолати вазнин қарор дорад, минтақа то соли 2028 ба марҳилаи музмини норасоии он ворид мешавад.
Дар ин бора Станислав Притчин, роҳбари бахши Осиёи Марказӣ дар Институти иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналхалқии Академияи илмҳои Русия ба номи Е.М. Примаков зимни нишасте дар маркази матбуоти мултимедиявии Sputnik Қирғизистон хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ин барои кишоварзӣ ва аҳолӣ хатарҳои иловагӣ ба бор меорад.
"Ман як қатор нуктаҳои мушкилотеро, ки ин вазъиятро муайян мекунанд, баён мекунам. Пеш аз ҳама, тағирёбии иқлим. Гармшавии глобалӣ ба пиряхҳо, ки манбаи асосии оби тоза дар Осиёи Марказӣ мебошанд, низ таъсир мерасонад. Мувофиқи он, коҳиши майдони пиряхҳо дар дарозмуддат ба ҷараёни дарёҳо ва ҳаҷми обе, ки кишварҳои минтақа метавонанд дошта бошанд, асар мегузорад", - қайд кард Притчин.
Вай ҳамчунин ба афзоиши аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид кардааст.
Водопроводный кран, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2024
Дар Тоҷикистон назорати сифати обро сахттар хоҳад кард
Пешсаф Узбекистон аст, ки аз соли 1991 то соли 2025 шумораи аҳолияш аз 22 млн то 37,5 млн нафар афзоиш ёфтааст. Аҳолии Тоҷикистон имрӯз ба 10 миллион нафар мерасад.
"Дар маҷмӯъ, минтақа ба 80 миллион наздик мешавад, аз ин рӯ танҳо истеъмоли оби ошомиданӣ аз ҷониби аҳолӣ омили фишори иловагӣ ба соҳаи об мебошад. Омили дигаре, ки ба захираҳои об таъсир мерасонад, ин амалияи сусти идоракунии минтақавӣ мебошад. Мо асбоби ҷиддӣ, як ниҳоди байнидавлатии дорои ваколатҳои кофӣ надорем", - афзуд ӯ.
Коршинос таъкид кард, ки дар соҳаи ҳалли масъалаҳои об вазъ хеле мураккаб аст, зеро ниҳоде нест, ки на танҳо бо тақсимоти захираҳои об, балки бо таҳияи стратегияи умумӣ машғул шаванд.
Притчин афзуд, ки қимати об дар Осиёи Марказӣ яке аз поинтаринҳо дар ҷаҳон аст. Барои мисол Қазоқистон яке аз се кишвари арзонтарин дар масъалаи арзиши об аст. Қирғизистон ва Узбекистон низ дар як сатҳ қарор доранд - 10-14 сент барои ҳар куб об. Барои муқоиса дар Русия 49 сент ва дар кишварҳои пешрафта аллакай ҳар кубометр доллар меистад.
"Ин дар асл мефаҳмонад, ки чаро мо ин қадар истеъмоли зиёд дорем - азбаски об қариб ройгон ба даст оварда мешавад, шаҳрвандон онро захираи бепоён медонанд, ки ба ҳифз ниёз надорад. Мо бояд психологияи одамонро тағир диҳем, бояд барномаи ҷиддие вуҷуд дошта бошад", - қайд кард ӯ.
Коршинос афзуд, ки дар даҳсолаҳои охир майдони заминҳои обёришаванда дар Осиёи Марказӣ аз 2,2 млн гектар ба 10 млн расидааст. Системаҳои обёрӣ низ кӯҳна шудаанд.
Притчин тавсия медиҳад, ки арзиши об зиёд карда шавад, то ки шаҳрвандон ба захираҳои об оқилонатар муносибат кунанд, инчунин ба сохтмони каналҳо, иншооти обтозакунӣ, таҷдиди мунтазами хоҷагии об маблағгузорӣ кунанд.
Лентаи хабарҳо
0