https://sputnik.tj/20250407/malum-tojikistoniyon-jashn-ghalaba-ruz-istirohat-1066890462.html
Маълум шуд, ки тоҷикистониён моҳи май чанд рӯз истироҳат мекунанд
Маълум шуд, ки тоҷикистониён моҳи май чанд рӯз истироҳат мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи 1 май, ки қаблан дар Тоҷикистон таътил буд, имсол низ бидуни истироҳат дар радифи ҷашнҳои муқаррарӣ гузаронида мешавад
2025-04-07T14:55+0500
2025-04-07T14:55+0500
2025-04-07T16:21+0500
дар тоҷикистон
истироҳат
рӯзи ғалаба
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/02/1062698946_0:35:2140:1239_1920x0_80_0_0_b5ff47cf3e5bdddc9a79f6bfb8b9a8e4.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Тоҷикистониён соли равон дар моҳи май 10 рӯзи истироҳатӣ хощанд дошт.Ин бо назардошти рӯзҳои истироҳат ва ид - Рӯзи Ғалаба хоҳад буд, гуфтанд аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ ба Sputnik Тоҷикистон.Ба таъкиди манбаъ, рӯзи 1 май, ки қаблан дар Тоҷикистон таътил буд, бидуни истироҳат хоҳад гузашт. Дар Тоҷикистон соли 2016 Қонуни рӯзҳои ид ислоҳ ва тасдиқ шуд, ки ба ҷашни Рӯзи 1 май низ дахл дошт.Мувофиқи тағйироту иловаҳо ба Қонун "Дар бораи рӯзҳои ид", 1 май дар ҷумҳурӣ рӯзи ид шуморида шуда, лекин бе рӯзи истироҳат таҷлил мегардад.Дар баробари Иди Ғалаба, ки барои тоҷикистониён истироҳатӣ мебошанд, бархе аз идҳои касбӣ дар моҳи май бидуни таътил ҷашн гирифта мешаванд.Дар ин феҳраст, 1 май - Рӯзи байналмиллалии якдилии меҳнаткашон, 4 май - Рӯзи кормандони мақомоти андоз, 7 май - Рӯзи радио ва кормандони соҳаи алоқа, 12 май - Рӯзи шашмақом, 23 май - Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, 28 май - Рӯзи қӯшунҳои сарҳадӣ ва ғайра мебошанд.
https://sputnik.tj/20250101/sokinoni-tojikiston-koru-istirohat-1065744725.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/02/1062698946_0:5:2140:1610_1920x0_80_0_0_8d12c6c3e9e783fb8b106f6d2f29b8de.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистониён ҷашн ғалаба рӯз истироҳат
тоҷикистониён ҷашн ғалаба рӯз истироҳат
Маълум шуд, ки тоҷикистониён моҳи май чанд рӯз истироҳат мекунанд
14:55 07.04.2025 (Навсозишуда: 16:21 07.04.2025) Рӯзи 1 май, ки қаблан дар Тоҷикистон таътил буд, имсол низ бидуни истироҳат дар радифи ҷашнҳои муқаррарӣ гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Тоҷикистониён соли равон дар моҳи май 10 рӯзи истироҳатӣ хощанд дошт.
Ин бо назардошти рӯзҳои истироҳат ва ид - Рӯзи Ғалаба хоҳад буд, гуфтанд аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ ба Sputnik Тоҷикистон.
"Дар арафаи солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ тоҷикистониён 3 рӯз паиҳам - аз 9 то 11 май истироҳат хоҳанд кард",- афзуд манбаъ.
Ба таъкиди манбаъ, рӯзи 1 май, ки қаблан дар Тоҷикистон таътил буд, бидуни истироҳат хоҳад гузашт.
Дар Тоҷикистон соли 2016 Қонуни рӯзҳои ид ислоҳ ва тасдиқ шуд, ки ба ҷашни Рӯзи 1 май низ дахл дошт.
Мувофиқи тағйироту иловаҳо ба Қонун "Дар бораи рӯзҳои ид", 1 май дар ҷумҳурӣ рӯзи ид шуморида шуда, лекин бе рӯзи истироҳат таҷлил мегардад.
Дар баробари Иди Ғалаба, ки барои тоҷикистониён истироҳатӣ мебошанд, бархе аз идҳои касбӣ дар моҳи май бидуни таътил ҷашн гирифта мешаванд.
Дар ин феҳраст, 1 май - Рӯзи байналмиллалии якдилии меҳнаткашон, 4 май - Рӯзи кормандони мақомоти андоз, 7 май - Рӯзи радио ва кормандони соҳаи алоқа, 12 май - Рӯзи шашмақом, 23 май - Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, 28 май - Рӯзи қӯшунҳои сарҳадӣ ва ғайра мебошанд.