https://sputnik.tj/20250406/tojikiston-diktant-dastajami-doir-1066877074.html
Дар Тоҷикистон "Диктанти дастаҷамъӣ" бо ширкати 2000 нафар доир шуд
Дар Тоҷикистон "Диктанти дастаҷамъӣ" бо ширкати 2000 нафар доир шуд
Sputnik Тоҷикистон
Шумораи рекордӣ — бештар аз 1,2 ҳазор нафар иштироккунандагон дар мактаби русию тоҷикии ба номи Юрий Гагарин ҷамъ омаданд
2025-04-06T13:11+0500
2025-04-06T13:11+0500
2025-04-06T15:33+0500
дар тоҷикистон
диктанти умумӣ
маориф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/06/1066874150_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_44fed36ac96c97d9d707b2f5d669b6d5.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон чорабинии таълимии солонаи “Диктанти дастаҷамъӣ” дар чанд нуқта баргузор шуд. Ҳамин тавр, диктант дар Душанбе, Хуҷанд, Турсунзода, Кулоб ва Хоруғ навишта шуд. Дар толори "Хонаи русӣ" дар пойтахти Тоҷикистон 65 нафар - хонандагони мактабҳои маҳаллӣ ва донишҷӯён, омӯзгорон ҷамъ омаданд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.Муаллифи матн нависанда, сенарист, финалисти Ҷоизаи ба номи "Ясная Поляна", дорандаи дипломи фахрии Ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҳанс Кристиан Андерсен Марина Москвина мебошад. Вай чор қисмати матнро барои минтақаҳои гуногуни вақт офаридааст. Дар пойтахти Тоҷикистон иқтибос дар бораи гурӯҳи палеонтологӣ, ки дар кони вилояти Брянск скелети мамонтро кашф кардааст, қироат шуд.Чунон ки аз Россотрудничество хабар доданд, дар мактаби пойтахт ба номи Ю. Гагарин теъдоди рекордии ширкаткунандагон, ҳудуди 244 нафар гирд омаданд.Дигар ҷойҳо "Хонаи русӣ" ва Донишгоҳи словянии Русияву Тоҷикистон буданд. Дар мактаби ба номи Д.Менделееви шаҳри Турсунзода боз 315 нафар, дар мактаби ба номи К.Ушинскийи шаҳри Кӯлоб 211 нафар, дар "Хонаи русӣ"-и шаҳри Хуҷанд 50 нафар "Диктанти дастаҷамъӣ" навиштаанд. Илова бар ин, аксия дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев баргузор гардид."Диктанти дастаҷамъӣ" бори аввал соли 2004 ҳамчун чорабинӣ барои донишҷӯёни факултаи гуманитарии Донишгоҳи давлатии Новосибирск баргузор шуда буд. Дар соли 2024, чорабинӣ тақрибан 1,3 миллион нафарро дар саросари ҷаҳон дар форматҳои рӯ ба рӯ ва фосилавӣ ҷалб кард. Имсол ин чорабинӣ дар 50 кишвари ҷаҳон баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20250319/korshinos-tojikiston-ba-zaboni-rusi-tavajjuhi-ziyod-dorad-1066632223.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/06/1066874150_161:0:1121:720_1920x0_80_0_0_9d36690c060bc0fd0e1ea5ac9fb4bc5b.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон "диктанти дастаҷамъӣ" бошукуҳ доир
тоҷикистон "диктанти дастаҷамъӣ" бошукуҳ доир
Дар Тоҷикистон "Диктанти дастаҷамъӣ" бо ширкати 2000 нафар доир шуд
13:11 06.04.2025 (Навсозишуда: 15:33 06.04.2025) Шумораи рекордӣ — бештар аз 1,2 ҳазор нафар иштироккунандагон дар мактаби русию тоҷикии ба номи Юрий Гагарин ҷамъ омаданд
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон чорабинии таълимии солонаи “Диктанти дастаҷамъӣ” дар чанд нуқта баргузор шуд.
Ҳамин тавр, диктант дар Душанбе, Хуҷанд, Турсунзода, Кулоб ва Хоруғ навишта шуд.
Дар толори "Хонаи русӣ" дар пойтахти Тоҷикистон 65 нафар - хонандагони мактабҳои маҳаллӣ ва донишҷӯён, омӯзгорон ҷамъ омаданд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Муаллифи матн нависанда, сенарист, финалисти Ҷоизаи ба номи "Ясная Поляна", дорандаи дипломи фахрии Ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҳанс Кристиан Андерсен Марина Москвина мебошад. Вай чор қисмати матнро барои минтақаҳои гуногуни вақт офаридааст.
Дар пойтахти Тоҷикистон иқтибос дар бораи гурӯҳи палеонтологӣ, ки дар кони вилояти Брянск скелети мамонтро кашф кардааст, қироат шуд.
Чунон ки аз Россотрудничество хабар доданд, дар мактаби пойтахт ба номи Ю. Гагарин теъдоди рекордии ширкаткунандагон, ҳудуди 244 нафар гирд омаданд.
Дигар ҷойҳо "Хонаи русӣ" ва Донишгоҳи словянии Русияву Тоҷикистон буданд.
Дар мактаби ба номи Д.Менделееви шаҳри Турсунзода боз 315 нафар, дар мактаби ба номи К.Ушинскийи шаҳри Кӯлоб 211 нафар, дар "Хонаи русӣ"-и шаҳри Хуҷанд 50 нафар "Диктанти дастаҷамъӣ" навиштаанд.
Илова бар ин, аксия дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев баргузор гардид.
"Диктанти дастаҷамъӣ" бори аввал соли 2004 ҳамчун чорабинӣ барои донишҷӯёни факултаи гуманитарии Донишгоҳи давлатии Новосибирск баргузор шуда буд.
Дар соли 2024, чорабинӣ тақрибан 1,3 миллион нафарро дар саросари ҷаҳон дар форматҳои рӯ ба рӯ ва фосилавӣ ҷалб кард. Имсол ин чорабинӣ дар 50 кишвари ҷаҳон баргузор мешавад.