https://sputnik.tj/20250406/muntakhaba-tojikiston-jom-osiyo-piruzi-oghoz-1066876870.html
Мунтахабаи Тоҷикистон Ҷоми Осиё-2025-ро бо пирӯзӣ оғоз кард
Мунтахабаи Тоҷикистон Ҷоми Осиё-2025-ро бо пирӯзӣ оғоз кард
Sputnik Тоҷикистон
Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон дар даври аввали Ҷоми Осиё-2025 бар рақибони худ аз Уммон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд 06.04.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-04-06T12:09+0500
2025-04-06T12:09+0500
2025-04-06T12:09+0500
футбо
дар тоҷикистон
мунтахаби наврасони ҷт
уммон
ҷоми осиё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/06/1066876082_0:0:1500:844_1920x0_80_0_0_6033e01fbd02a197947fa58d5791d588.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-17) дар даври аввали Ҷоми Осиё-2025 тими Уммонро шикаст дод. Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи кишвар хабар медиҳад.Ҳамин тариқ, наврасони тоҷик баромади худро дар Ҷоми Осиё-2025, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, бомуваффақият оғоз карданд.Онҳо аллакай дар даври аввали марҳилаи гурӯҳӣ ҳамсолони худ аз Уммонро шикаст доданд.Вохӯрӣ дар гурӯҳи "D" бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Зариф Зарифзода ва Назрулло Ашӯрализода ба самар расониданд. Бозӣ дар толори варзишии шоҳ Абдуллоҳ дар Ҷидда баргузор шуд. Мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуввуми Ҷоми Осиё-2025 бо ҳамсолони худ аз Кореяи Шимолӣ бозӣ хоҳад кард. Ин дидор рӯзи сешанбеи 8 апрел баргузор мешавад.Қаблан дастаи Тоҷикистон дар бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 бар тими Тимори Шарқӣ пирӯз шуда буд. Дастаи Тоҷикистон дар даври аввал бар тими Тимори Шарқӣ дар майдони худ бо ҳисоби 1:0 пирӯз гардид.
https://sputnik.tj/20250327/kapitani-timi-tojikiston-mo-bozihoi-khub-nishon-nadodem-1066734391.html
уммон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/06/1066876082_11:0:1439:1071_1920x0_80_0_0_13c693c5f7f5a26c2261ca950a6f1c4c.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
футбо, дар тоҷикистон, мунтахаби наврасони ҷт, уммон, ҷоми осиё
футбо, дар тоҷикистон, мунтахаби наврасони ҷт, уммон, ҷоми осиё
Мунтахабаи Тоҷикистон Ҷоми Осиё-2025-ро бо пирӯзӣ оғоз кард
Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон дар даври аввали Ҷоми Осиё-2025 бар рақибони худ аз Уммон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-17) дар даври аввали Ҷоми Осиё-2025 тими Уммонро шикаст дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи кишвар хабар медиҳад.
Ҳамин тариқ, наврасони тоҷик баромади худро дар Ҷоми Осиё-2025, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, бомуваффақият оғоз карданд.
Онҳо аллакай дар даври аввали марҳилаи гурӯҳӣ ҳамсолони худ аз Уммонро шикаст доданд.
Вохӯрӣ дар гурӯҳи "D" бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Зариф Зарифзода ва Назрулло Ашӯрализода ба самар расониданд.
Бозӣ дар толори варзишии шоҳ Абдуллоҳ дар Ҷидда баргузор шуд.
Мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуввуми Ҷоми Осиё-2025 бо ҳамсолони худ аз Кореяи Шимолӣ бозӣ хоҳад кард. Ин дидор рӯзи сешанбеи 8 апрел баргузор мешавад.
Қаблан дастаи Тоҷикистон дар бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 бар тими Тимори Шарқӣ пирӯз шуда буд.
Дастаи Тоҷикистон дар даври аввал бар тими Тимори Шарқӣ дар майдони худ бо ҳисоби 1:0 пирӯз гардид.