https://sputnik.tj/20250327/kapitani-timi-tojikiston-mo-bozihoi-khub-nishon-nadodem-1066734391.html
Капитани тими миллии Тоҷикистон: Розӣ ҳастам, ки мо бозиҳои хуб нишон надодем
Капитани тими миллии Тоҷикистон: Розӣ ҳастам, ки мо бозиҳои хуб нишон надодем
Sputnik Тоҷикистон
Капитани мунтахаби Тоҷикистон ба мухлисон муроҷиат карда аз мухлисон узрхоҳӣ карду гуфт, бозигарон ҳаққи ҳеҷ гуна баҳонаҷӯйӣ надоранд
2025-03-27T11:59+0500
2025-03-27T11:59+0500
2025-03-27T12:10+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
футбол
узрхоҳӣ
мунтахаб
тими миллии футболи тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/1b/1066733700_0:18:1200:693_1920x0_80_0_0_a87452f0ef4ccf6a338ad89adcec52d5.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Капитани тими миллии Тоҷикистон Аҳтам Назаров пас аз бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо тими Тимори Шарқӣ (1:0) аз мухлисон узрхоҳӣ кард.Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар додааст. Вай дар изҳороташ аз мухлисон барои дастгирии ҳамешагиашон миннатдорӣ баёнкардааст.Вай афзуд, ки сармурабби назди даста вазифаи ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 баромадан гузошта шудааст.“Мо тамоми кори аз дастамон меомадаро мекунем, то мухлисони худро бо ғалабаҳо шод гардонем. Мо футболбозон барои ҳар он чизе, ки дар майдон рух дод, масъулиятро ба дӯш мегирем. Талош хоҳем кард, ки рушд кунем ва боварии мухлисонро мисли дар бозиҳои Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар баргардонем", – гуфт Аҳтам Назаров.Дар ҳамин ҳол, Федератсияи футболи Тоҷикистон аз мухлисон барои дастгирии тими миллии Тоҷикистон дар бозиҳо муқобили мунтахабҳои Беларус ва Тимори Шарқӣ изҳори сипос кард.ФФТ аз роҳбарони гурӯҳи мухлисони дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва гурӯҳи мухлисони дастаҳои "Равшан" ва "Истаравшан", роҳбари Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон ва ҳамаи блогерон, ки мунтахаби Тоҷикистонро дастгирӣ карданд, изҳори сипос кардааст.Ёдовар мешавем, ки тими миллии Тоҷикистон дар ду бозии ахир бозии начандон хуб нишон дод, ки боиси сарусадоҳои зиёд миёни мухлисон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гашт.Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Белорус дар бозии дӯстона бо ҳисоби 5:0 шикаст хурд. Дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бар тими Тимори Шарқӣ, ки начандон пурқувват аст бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.
https://sputnik.tj/20250325/muntakhabi-tojikiston-bozi-jomi-osiyo-piruz-1066717093.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/1b/1066733700_0:0:1200:900_1920x0_80_0_0_4e9efc4f2ec76ab58e0ad3cce7dcdfe2.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, варзиш, футбол, капитан, узрхоҳӣ, мухлисон, тими миллии тоҷикистон, мунтахаб
тоҷикистон, варзиш, футбол, капитан, узрхоҳӣ, мухлисон, тими миллии тоҷикистон, мунтахаб
Капитани тими миллии Тоҷикистон: Розӣ ҳастам, ки мо бозиҳои хуб нишон надодем
11:59 27.03.2025 (Навсозишуда: 12:10 27.03.2025) Капитани мунтахаби Тоҷикистон ба мухлисон муроҷиат карда аз мухлисон узрхоҳӣ карду гуфт, бозигарон ҳаққи ҳеҷ гуна баҳонаҷӯйӣ надоранд
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Капитани тими миллии Тоҷикистон Аҳтам Назаров пас аз бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо тими Тимори Шарқӣ (1:0) аз мухлисон узрхоҳӣ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар додааст.
"Ман ба мухлисон муроҷиат мекунам, ба ҳамаи онҳое, ки ба варзишгоҳ омада, мунтахаби Тоҷикистонро дар вохӯриҳо бо дастаҳои мунтахаби Беларус ва Тимори Шарқӣ дастгирӣ карданд. Розӣ ҳастам, ки мо бозиҳои хуб нишон надодем. Аз ин рӯ, аз мухлисон узр мепурсам, мо ҳаққи ҳеҷ гуна баҳонаҷӯйӣ надорем”, - гуфт ӯ.
Вай дар изҳороташ аз мухлисон барои дастгирии ҳамешагиашон миннатдорӣ баёнкардааст.
Вай афзуд, ки сармурабби назди даста вазифаи ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 баромадан гузошта шудааст.
“Мо тамоми кори аз дастамон меомадаро мекунем, то мухлисони худро бо ғалабаҳо шод гардонем. Мо футболбозон барои ҳар он чизе, ки дар майдон рух дод, масъулиятро ба дӯш мегирем. Талош хоҳем кард, ки рушд кунем ва боварии мухлисонро мисли дар бозиҳои Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар баргардонем", – гуфт Аҳтам Назаров.
Дар ҳамин ҳол, Федератсияи футболи Тоҷикистон аз мухлисон барои дастгирии тими миллии Тоҷикистон дар бозиҳо муқобили мунтахабҳои Беларус ва Тимори Шарқӣ изҳори сипос кард.
“Агар бозии дӯстона бо мунтахаби Беларус 6300 тамошобинро ба варзишгоҳ ҷалб карда бошад, пас дар рақобат муқобили тими миллии Тимори Шарқӣ дар доираи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 8520 мухлис ҳузур дошт”, - таъкид кардааст ФФТ.
ФФТ аз роҳбарони гурӯҳи мухлисони дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва гурӯҳи мухлисони дастаҳои "Равшан" ва "Истаравшан", роҳбари Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон ва ҳамаи блогерон, ки мунтахаби Тоҷикистонро дастгирӣ карданд, изҳори сипос кардааст.
Ёдовар мешавем, ки тими миллии Тоҷикистон дар ду бозии ахир бозии начандон хуб нишон дод, ки боиси сарусадоҳои зиёд миёни мухлисон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гашт.
Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Белорус дар бозии дӯстона бо ҳисоби 5:0 шикаст хурд. Дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бар тими Тимори Шарқӣ, ки начандон пурқувват аст бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.