https://sputnik.tj/20250406/kumitai-olimpii-tojikiston-eron-sozishnoma-hamkori-imzo-1066873491.html
Кумитаи Олимпии Тоҷикистону Эрон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд
Кумитаи Олимпии Тоҷикистону Эрон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд
Sputnik Тоҷикистон
Маҳмуд Хусрави Вафо раиси Кумитии миллии олимпии Эрон барои ҳузур дар нишаст минтақаии Кумитаҳои олимпии Осиёи миёна, озими шаҳри Душанбе шуд
2025-04-06T10:29+0500
2025-04-06T10:29+0500
2025-04-06T10:29+0500
дар тоҷикистон
эрон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
созишнома
ҳамкорӣ
кумитаи миллии олимпии ҷт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/05/1066873309_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_e1e4a2389a72917e4cd6b5af7eb8a39c.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Нахуст президенти Кумитаи миллии олимпии Эрон Маҳмуд Хусрави Вафо ва ҳайати ҳамроҳаш бо ноиби аввали Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, - Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад дидору гуфтугӯ кард.Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ оқои Маҳмуд Хусрави Вафо бо мақсади иштирок дар Форуми Шурои олимпии Осиё ва Ҳамбастагии олимпӣ озими Тоҷикистон шудааст.Қайд карда шудааст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи варзиш ва фаъолияти олимпӣ табодули назар намуданд.Таъкид гардидааст, ки ҷонибҳо дар рафти суҳбат оид ба созишномае, ки миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Эрон, ки санаи 6 - уми апрели соли 2025 масъалаи баимзорасонии он ба нақша гирифта шудааст, табодули афкор намуданд.Дар ин дидору мулоқот зикр карда шуд, ки Тоҷикистон омода аст ҳамкориҳоро бо Эрон дар самти мубодилаи таҷриба, баргузор намудани мусобиқаҳои муштарак ва рушди донишу ҷаҳонбинии варзишгарони ҷавон тақвият диҳад.Ҳамчунин, таъкид гардид, ки рушди варзиш ва тарзи ҳаёти солим аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.Маҳмуд Хусрави Вафо аз ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуд ва омодагии ҷониби Эронро барои таҳкими робитаҳои варзишӣ ва мусоидат ба рушди варзишгарони тоҷик таъкид намуд.Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои омодагӣ ба мусобиқаҳои байналмилалӣ, иштирок дар чорабиниҳои олимпӣ ва густариши робитаҳои мутақобилан судманди ҳарду кишвар дар соҳаи варзиш мавриди баррасӣ қарор гирифт.Манбаъ хабар додааст, ки ҷонибҳо барои таҳким ва рушди ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи варзиш изҳори омодагӣ намуда, ба аҳамияти ҳамкории дуҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалии олимпӣ таъкид намуданд.
https://sputnik.tj/20250405/istiqboli-eron-paymon-se-joniba-uzbekiston-tojikiston-qirghiziston-1066868821.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/05/1066873309_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_385ea80c15fc24d9d5b744ca9918c9a8.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, раиси кумитаи олимпии эрон, озим, душанбе, варзиш
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, раиси кумитаи олимпии эрон, озим, душанбе, варзиш
Кумитаи Олимпии Тоҷикистону Эрон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд
Маҳмуд Хусрави Вафо раиси Кумитии миллии олимпии Эрон барои ҳузур дар нишаст минтақаии Кумитаҳои олимпии Осиёи миёна, озими шаҳри Душанбе шуд
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Нахуст президенти Кумитаи миллии олимпии Эрон Маҳмуд Хусрави Вафо ва ҳайати ҳамроҳаш бо ноиби аввали Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, - Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ оқои Маҳмуд Хусрави Вафо бо мақсади иштирок дар Форуми Шурои олимпии Осиё ва Ҳамбастагии олимпӣ озими Тоҷикистон шудааст.
Қайд карда шудааст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи варзиш ва фаъолияти олимпӣ табодули назар намуданд.
“Таъкид гардид, ки рушди муносибатҳои варзишӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории байналмилалӣ мусоидат мекунад”, - зикр намудааст манбаъ.
Таъкид гардидааст, ки ҷонибҳо дар рафти суҳбат оид ба созишномае, ки миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Эрон, ки санаи 6 - уми апрели соли 2025 масъалаи баимзорасонии он ба нақша гирифта шудааст, табодули афкор намуданд.
Дар ин дидору мулоқот зикр карда шуд, ки Тоҷикистон омода аст ҳамкориҳоро бо Эрон дар самти мубодилаи таҷриба, баргузор намудани мусобиқаҳои муштарак ва рушди донишу ҷаҳонбинии варзишгарони ҷавон тақвият диҳад.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки рушди варзиш ва тарзи ҳаёти солим аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Маҳмуд Хусрави Вафо аз ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуд ва омодагии ҷониби Эронро барои таҳкими робитаҳои варзишӣ ва мусоидат ба рушди варзишгарони тоҷик таъкид намуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои омодагӣ ба мусобиқаҳои байналмилалӣ, иштирок дар чорабиниҳои олимпӣ ва густариши робитаҳои мутақобилан судманди ҳарду кишвар дар соҳаи варзиш мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Манбаъ хабар додааст, ки ҷонибҳо барои таҳким ва рушди ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи варзиш изҳори омодагӣ намуда, ба аҳамияти ҳамкории дуҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалии олимпӣ таъкид намуданд.