https://sputnik.tj/20250404/yak-ruz-sokinon-tojikiston-tashkhis-muoinai-tibbi-roygon-1066862011.html
Як рӯз барои сокинони Тоҷикистон ташхису муоинаи тиббӣ ройгон мешавад
Як рӯз барои сокинони Тоҷикистон ташхису муоинаи тиббӣ ройгон мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Санаи 5-ум апрели соли равон аз соати 8.00 то 12.00 барои сокинон дар тамоми муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон машварат ва ташхису муоина ройгон мешавад
2025-04-04T18:51+0500
2025-04-04T18:51+0500
2025-04-04T18:51+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
ташхис
муоинаи тиббӣ
ройгон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102883/90/1028839032_23:0:978:537_1920x0_80_0_0_aa4f4c87ef5a1a483ee570134ee2dbc8.jpg
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ санаи 5-ум апрели соли равон дар тамоми муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон машварат ва ташхису муоинаи шаҳрвандон шаҳрвандон (ба истиснои ташхису табобати гаронарзиш) ба таври ройгон сурат мегирад.Дар ин бора вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои вазорат ин иқдом дар тамоми муассисаҳои тандурустии мамлакат, аз ҷумла дар муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, марказҳои саломатӣ, беморхонаҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз соати 8.00 то 12.00 сурат мегирадҚайд карда шудааст, ки чорабинии расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ санаи дар ин рӯз дар Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Тоҷикистон" бо иштироки роҳбарияти вазорат, устодону профессорон ва мутахассони баландпояи соҳавӣ баргузор мегардад.Ҳамзамон, аз ҷониби устодони муассисаҳои олӣ ва касбии таълимии тиббӣ бо доираи васеи аҳолӣ суҳбатҳо ва машваратҳои тахассусӣ баргузор хоҳад шуд.Вазорат аз шаҳрвандони кишвар даъват кардааст, ки дар ин чорабинӣ иштирок намудаву аз имконият ва шароити мусоид истифода бурда, вазъи саломатии хешро боз ҳам беҳтар намоянд.Ёдовар мешавем, ки имсол Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ таҳти шиори "Оғози солими ҳаёт - гарави ояндаи некуфарҷом" қайд карда мешавад.
https://sputnik.tj/20250111/tojikiston-faoliyat-inshoot-tandurusti-man-vazorat-sabab-sharh-dod-1065831237.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102883/90/1028839032_222:0:938:537_1920x0_80_0_0_886d8734fc891c63a98ada5c060e13d5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, тандурустӣ, муоина, ташхис, тиббӣ, вазорат, муассисаҳои тиббӣ, ройгон
тоҷикистон, тандурустӣ, муоина, ташхис, тиббӣ, вазорат, муассисаҳои тиббӣ, ройгон
Як рӯз барои сокинони Тоҷикистон ташхису муоинаи тиббӣ ройгон мешавад
Санаи 5-ум апрели соли равон аз соати 8.00 то 12.00 барои сокинон дар тамоми муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон машварат ва ташхису муоина ройгон мешавад
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ санаи 5-ум апрели соли равон дар тамоми муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон машварат ва ташхису муоинаи шаҳрвандон шаҳрвандон (ба истиснои ташхису табобати гаронарзиш) ба таври ройгон сурат мегирад.
Дар ин бора вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои вазорат ин иқдом дар тамоми муассисаҳои тандурустии мамлакат, аз ҷумла дар муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, марказҳои саломатӣ, беморхонаҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз соати 8.00 то 12.00 сурат мегирад
Қайд карда шудааст, ки чорабинии расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ санаи дар ин рӯз дар Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Тоҷикистон" бо иштироки роҳбарияти вазорат, устодону профессорон ва мутахассони баландпояи соҳавӣ баргузор мегардад.
Ҳамзамон, аз ҷониби устодони муассисаҳои олӣ ва касбии таълимии тиббӣ бо доираи васеи аҳолӣ суҳбатҳо ва машваратҳои тахассусӣ баргузор хоҳад шуд.
Вазорат аз шаҳрвандони кишвар даъват кардааст, ки дар ин чорабинӣ иштирок намудаву аз имконият ва шароити мусоид истифода бурда, вазъи саломатии хешро боз ҳам беҳтар намоянд.
Ёдовар мешавем, ки имсол Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ таҳти шиори "Оғози солими ҳаёт - гарави ояндаи некуфарҷом" қайд карда мешавад.