Дар Тоҷикистон фаъолияти 600 иншооти тандурустӣ манъ шуд: Вазорат сабабашро шарҳ дод

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание Министерства здравоохранения
Здание Министерства здравоохранения  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2025
Обуна шудан
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ соли гузашта дар 16887 иншооти гуногун санҷишҳо гузаронида шуда, нисбати 11562 нафар санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми соли гузашта фаъолияти 652 иншооти соҳаи тандурустӣ ба таври муваққатӣ манъ гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар дод.
Манбаъ сабаби манъ кардани фаъолияти ин теъдод иншоотҳои тандурустиро ба талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ набудани онҳо рабт дод.
Джамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2024
“Нафаҳмиданд”: вазири тандурустӣ дар бораи вабо дар Айнӣ
Зикр гардид, ки соли гузашта барои таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ дар 16 887 иншооти гуногун санҷиш гузаронида шуда, нисбат ба 11562 нафар шахсони масъул санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Ин рақам соли 2023 ба 11771 нафар баробар буд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 240 муассисаи тиббӣ мавҷуд буда, шумораи кормандони соҳа 4484 нафар, аз ҷумла кормандони иҷтимоӣ ва хизматрасон 3360 нафарро ташкил медиҳад.
Вазорат иттилоъ дод, ки соли гузашта аз ҷониби ҳама самтҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба 976 705 нафар хизмат расонида шудааст.
Лентаи хабарҳо
0