Тоҷикистону Корея масъалаи зиёд намудани бурсияҳои таҳсилотиро баррасӣ намуданд

© Foto / Министерство образования и науки ТаджикистанаМинистр образования и науки Таджикистана встретился с послом Кореи в Душанбе
Министр образования и науки Таджикистана встретился с послом Кореи в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2025
Обуна шудан
Мутобиқи созишнома ҳамасола Ҷумҳурии Корея барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бурсияи таҳсилотӣ ҷудо менамояд
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар мулоқот бо сафири Ҷумҳурии Корея дар Душанбе Ҷон Сонг Шик таъкид кард, ки дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои илму маориф нақши бориз хоҳад гузошт.
Вай гуфт, ки ҳамасола Ҷумҳурии Корея барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бурсияи таҳсилотӣ ҷудо менамояд.
“Ба хотири рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, илму маориф, техникаву технология ва омӯзиши илмҳои замони муосир ҳамкориҳо миёни ҳарду кишвар дар сатҳи хуб қарор дошта, минбаъд низ вусъат дода мешаванд”, - гуфт вазири тоҷик.
Ин ҳам дар ҳолест, ки сафири Корея дар Душанбе омодагии кишварашро барои дар сатҳи хубтар ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самтҳои рақамикунонии раванди таҳсилот, IT-технология, рушди касбияти мутахассисон ва иштироки фаъоли донишҷӯён дар барномаҳои табодулӣ иброз намуд.
ИМКОНИЯТИ ҚУЛЛАЙ ВА БУРСИЯҲОИ ҲУКУМАТӢ БАРОИ ХАТМКУНАНДАГОН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2023
Русия аз рӯи 100 ихтисос ба донишҷӯёни Хатлон бурсия ҷудо мекунад
Ҳамчунин, дар ин дидор тарафҳо масъалаи зиёд намудани бурсияҳои таҳсилотӣ, баргузории ярмаркаи муаррифии имкониятҳои донишгоҳҳои Ҷумҳурии Корея дар шаҳри Душанбе дар моҳи октбяри соли равон, масъалаҳои илму маориф ва дигар мавзуъҳоро баррасӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати кишвар ҳоло зиёда аз 40 ҳазор ҷавони тоҷик дар хориҷ аз кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаааст.
Ба иттилои мақомот дар муассисаҳои олии Русия дар маҷмуъ беш аз 36 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
Қобили зикр аст, ки Русия ҳамасола шумораи ҷойҳои квотаро барои ҷавонони Тоҷикистон, ки мехоҳанд таҳсили русӣ гиранд, зиёд мекунад.
Лентаи хабарҳо
0