https://sputnik.tj/20230712/rusiya-az-rui-100-ikhtisos-ba-donishjuyoni-khatlon-bursiya-judo-mekunad-1058209947.html
Русия аз рӯи 100 ихтисос ба донишҷӯёни Хатлон бурсия ҷудо мекунад
Русия аз рӯи 100 ихтисос ба донишҷӯёни Хатлон бурсия ҷудо мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Довталабоне, ки мехоҳад дар Русия таҳсил кунанд метавонанд, дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон худро сабти ном кунанд
2023-07-12T09:02+0500
2023-07-12T09:02+0500
2023-07-12T09:02+0500
дар тоҷикистон
таҳсил
донишгоҳ
русия
бурсия
маориф
таълим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/0b/1058209535_0:195:960:735_1920x0_80_0_0_94ef3bfe7799f969b3d69f333339ae11.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Ба иттилои масъулини Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилояти Хатлон тибқи бурсияҳои ҳукуматӣ зиёда аз 100 ихтисос барои Тоҷикистон аз тарафи Русия пешниҳод шудааст.Манбаъ таъкид кардааст, ки ҳамаи довталабон тариқи буҷавӣ дохил карда мешаванд.Намояндагони Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо масъулин аз Русия дар бораи бурсияҳои мазкур ва тартибу талабот суҳбат карданд.Манбаъ қайд кардааст, ки довталабони хоҳишманд метавонанд, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин дар маркази номбурда аз қайд гузаранд.Раёсати маорифи вилояти Хатлон ёдрас шудааст, ки фаъолияти худро барои баргузории озмуну олимпиадаҳо, мусоидат барои таҳсили хатмкунандагон дар хориҷи кишвар ва дигар самтҳои корӣ ҷоннок намудааст.Ба иттилои вазорати умури хориҷаи Русия айни ҳол дар муассисаҳои олии таълимии Русия беш аз 35 ҳазор донишҷӯ ва аспирантҳои тоҷик таҳсил доранд.Таъкид шудааст, ки ин омор ҳама шаклҳои таҳсил ва донишҷӯёни филиалҳои донишгоҳҳои Русия дар хориҷа ва созмонҳои муштараки таълимиро фаро мегирад.Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти маорифи Русия таъкид карда буданд, ки ният доранд, ҳузури маорифи русиро дар хориҷи кишвар густариш диҳанд.Вазорати маорифи Русия эълон кард, ки дар назар аст дар Тоҷикистон филиалҳои донишгоҳҳоро боз кунанд.Ноиби вазири маориф, Константин Могилевский таъкид намуд, ки ҳоло бо бархе кишварҳо музокирот барои ифтитоҳои филиалҳо фаъолона идома доранд.Вай қайд кард, ки таҳсилоти Русия яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон аст ва дар бисёре аз кишварҳо талабот дорад.
https://sputnik.tj/20230605/tedod-donishjuyon-tojik-donishgoh-rusiya-1057561620.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/0b/1058209535_0:105:960:825_1920x0_80_0_0_84be2a1057a27ef820886ea9a708eaaa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, маориф, хатлон, донишҷӯён, бурсия, ихтисос, русия, таҳсил, донишгоҳҳо
тоҷикистон, маориф, хатлон, донишҷӯён, бурсия, ихтисос, русия, таҳсил, донишгоҳҳо
Русия аз рӯи 100 ихтисос ба донишҷӯёни Хатлон бурсия ҷудо мекунад
Довталабоне, ки мехоҳад дар Русия таҳсил кунанд метавонанд, дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон худро сабти ном кунанд
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Ба иттилои масъулини Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилояти Хатлон тибқи бурсияҳои ҳукуматӣ зиёда аз 100 ихтисос барои Тоҷикистон аз тарафи Русия пешниҳод шудааст.
Манбаъ таъкид кардааст, ки ҳамаи довталабон тариқи буҷавӣ дохил карда мешаванд.
Намояндагони Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо масъулин аз Русия дар бораи бурсияҳои мазкур ва тартибу талабот суҳбат карданд.
Манбаъ қайд кардааст, ки довталабони хоҳишманд метавонанд, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин дар маркази номбурда аз қайд гузаранд.
Раёсати маорифи вилояти Хатлон ёдрас шудааст, ки фаъолияти худро барои баргузории озмуну олимпиадаҳо, мусоидат барои таҳсили хатмкунандагон дар хориҷи кишвар ва дигар самтҳои корӣ ҷоннок намудааст.
Ба иттилои вазорати умури хориҷаи Русия айни ҳол дар муассисаҳои олии таълимии Русия беш аз 35 ҳазор донишҷӯ ва аспирантҳои тоҷик таҳсил доранд.
Таъкид шудааст, ки ин омор ҳама шаклҳои таҳсил ва донишҷӯёни филиалҳои донишгоҳҳои Русия дар хориҷа ва созмонҳои муштараки таълимиро фаро мегирад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти маорифи Русия таъкид карда буданд, ки ният доранд, ҳузури маорифи русиро дар хориҷи кишвар густариш диҳанд.
Вазорати маорифи Русия эълон кард, ки дар назар аст дар Тоҷикистон филиалҳои донишгоҳҳоро боз кунанд.
Ноиби вазири маориф, Константин Могилевский таъкид намуд, ки ҳоло бо бархе кишварҳо музокирот барои ифтитоҳои филиалҳо фаъолона идома доранд.
Вай қайд кард, ки таҳсилоти Русия яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон аст ва дар бисёре аз кишварҳо талабот дорад.