Муҳоҷирони тоҷик метавонанд корти муҳоҷиратии гумшударо дар дохили Русия барқарор кунанд

© Sputnik / Илья Наймушин / Гузариш ба медиабонкПаспорт гражданина Таджикистана
Паспорт гражданина Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2025
Обуна шудан
Бо вуҷуди он ки имкони барқарор кардани корти муҳуҷиратӣ бидуни берун шудан аз Русия имкон дорад, муҳоҷиронро лозим аст ҳатман аз 2000 то 5000 рубл ҷарима супоранд
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Муҳоҷирони тоҷике, ки корти муҳоҷиратии худро гум кардаанд, имкон доранд бидуни берун рафтан аз қаламрави Русия онро барқарор кунанд.
Дар ин бора Намояндаии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии Тоҷикистон дар Русия дар масъалаи муҳоҷират иттилоъ дод.
“Дар ҳолати гум кардани корти муҳоҷиратӣ шаҳрванди хориҷиро зарур аст, ки ба раёсати ноҳиявии ВКД Русия муроҷиат намуда, оид ба гум шудани ҳуҷҷати мазкур ариза пешниҳод кунанд”, - омадааст дар хабари манбаъ.
Ин ниҳод тавзеҳ дод, ки пас аз навиштани ариза ба шаҳрванди хориҷӣ маълумотнома дар бораи гум кардани корти муҳоҷиратӣ дода мешавад.
Пасон муҳоҷиронро лозим аст, бо ин маълумотнома ва маҷмӯи ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла:
иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент);
номнавишти муҳоҷиратӣ;
шартномаи меҳнатӣ;
нусхаи расидҳои пардохти моҳонаи патент;
корти сабзи муҳоҷири меҳнатӣ
ба Раёсати ноҳиявии ВКД оид ба муҳоҷирати ҷойи зисти муваққатӣ муроҷиат намуда, пас аз гузашти ду ҳафта ҳуҷҷати мазкур омода мегардад.
Ҳарчанд имкони барқарор кардани корти муҳуҷиратӣ бидуни берун шудан аз Русия имкон дорад, муҳоҷирон тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бояд аз 2000 то 5000 рубл ҷарима супоранд.
Рейд по проверке документов у мигрантов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2025
Муҳоҷирони тоҷик дар Русия метавонанд аз шаҳодатномаи ронандагии тоҷикӣ истифода кунанд
Маврид ба зикр аст, ки корти муҳоҷиратӣ (миграционная карта) барои шаҳрвандони хориҷӣ дар сарҳади давлатии Русия аз ҷониби сарҳадбонон дода мешавад.
Дар ин ҳуҷҷат рӯзи воридшавии шаҳрванди хориҷӣ ва мақсади омадан ба кишвари қабулкунанда нишон дода шудааст.
Шаҳрвандонро зарур аст, ки ин ҳуҷҷати муҳимро хуб ҳифз намоянд, чунки таҳияи ҳуҷҷатҳои минбаъда дар кишвари иқомат дар асоси корти муҳоҷиратӣ омода карда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0