https://sputnik.tj/20250402/muhojiron-tojik-rusiya-shahodatnoma-ronandagi-tojik-istifoda-kunand-1066824479.html
Муҳоҷирони тоҷик дар Русия метавонанд аз шаҳодатномаи ронандагии тоҷикӣ истифода кунанд
Муҳоҷирони тоҷик дар Русия метавонанд аз шаҳодатномаи ронандагии тоҷикӣ истифода кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Аммо онҳо танҳо бо мақсади иҷрои корҳои шахсӣ дар ҳудуди Русия метавонанд аз шаҳодатномаи ронандагии миллӣ истифода кунанд 02.04.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-04-02T13:00+0500
2025-04-02T13:00+0500
2025-04-02T13:00+0500
дар тоҷикистон
русия
нақлиёт
шаҳодатнома
ронанда
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/1a/1066723018_0:151:3106:1898_1920x0_80_0_0_3f962f548d900c0aab55e970340a450b.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия қарор доранд, ҳуқуқи истифода аз аз шаҳодатномаи ронандагии миллиро доранд.Дар ин бора Намояндагии Тоҷикистон дар Русия дар бахши муҳоҷират хабар дод.Аммо ин ниҳод тавзеҳ дод, ки шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо бо як шарт метавонанд аз шаҳодатномаи ронандагии худ истифода кунанд: агар бо нақлиёт корҳои шахсии худро анҷом диҳанд.Дар идома Намояндагии Вазорати меҳнат хотиррасон намуд, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамзамон шаҳрвандии Русиро доштанд ва ё иҷозатномаи зисти муваққатиро дарёфт намуда буданд, тибқи қонун бояд то 1 апрели соли равон шаҳодатномаи ронандаии худро ба шаҳодатномаи ронандагии Русия иваз мекарданд.Ин ниҳод зикр намуд, ки акнун муҳлати иваз кардани шаҳодатномаҳои тоҷикӣ ба русӣ ба анҷом расид.Бояд гуфт чунин тағйирот ба Қонгуни федеролии Русия аз 10 июли соли 2023 ворид гардид ва ҳамакнун аз 1 апрели соли равон тағйироти мазкур ба ҳукми иҷро даромад.Манбаъ ба иттилои шаҳрвандони Тоҷикистон мерасонад, ки иваз намудани шаҳодатномаҳои ронандагии хориҷӣ ба шаҳодатномаи ронандагӣ дар кишвари иқомат аз рӯи категорияҳои "М", "А", "B", "А1", "B1" пас аз супоридани санҷиши назариявӣ ва пешниҳод намудани маълумотномаи тиббӣ амалӣ мегардад.Ҳамчунин категорияҳои "С", "D", "СЕ", "DЕ" бошад пас аз таҳсил дар курси кутоҳмуддати ронандагӣ, супоридани имтиҳони назариявӣ ва амалӣ ва пешниҳод намудани маълумотномаи тиббӣ иваз карда мешаванд.
https://sputnik.tj/20241229/rusiya-mutobiqsozi-muhojiron-samt-asosi-siyosat-davlati-1065722665.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/1a/1066723018_188:0:2919:2048_1920x0_80_0_0_15bbdbd3e6d69de14903b0f02e52ca95.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, русия, нақлиёт, шаҳодатнома, ронанда
дар тоҷикистон, русия, нақлиёт, шаҳодатнома, ронанда
Муҳоҷирони тоҷик дар Русия метавонанд аз шаҳодатномаи ронандагии тоҷикӣ истифода кунанд
Аммо онҳо танҳо бо мақсади иҷрои корҳои шахсӣ дар ҳудуди Русия метавонанд аз шаҳодатномаи ронандагии миллӣ истифода кунанд
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия қарор доранд, ҳуқуқи истифода аз аз шаҳодатномаи ронандагии миллиро доранд.
Дар ин бора Намояндагии Тоҷикистон дар Русия дар бахши муҳоҷират хабар дод.
Аммо ин ниҳод тавзеҳ дод, ки шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо бо як шарт метавонанд аз шаҳодатномаи ронандагии худ истифода кунанд: агар бо нақлиёт корҳои шахсии худро анҷом диҳанд.
"Агар идора кардани воситаи нақлиёт як бахше аз фаъолияти меҳнатии шаҳрванди хориҷӣ бошад, ӯ наметавонад, зимни фаъолият воситаи нақлиётро тавассути шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ истифода барад", - омадааст дар хабари манбаъ.
Дар идома Намояндагии Вазорати меҳнат хотиррасон намуд, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамзамон шаҳрвандии Русиро доштанд ва ё иҷозатномаи зисти муваққатиро дарёфт намуда буданд, тибқи қонун бояд то 1 апрели соли равон шаҳодатномаи ронандаии худро ба шаҳодатномаи ронандагии Русия иваз мекарданд.
Ин ниҳод зикр намуд, ки акнун муҳлати иваз кардани шаҳодатномаҳои тоҷикӣ ба русӣ ба анҷом расид.
Бояд гуфт чунин тағйирот ба Қонгуни федеролии Русия аз 10 июли соли 2023 ворид гардид ва ҳамакнун аз 1 апрели соли равон тағйироти мазкур ба ҳукми иҷро даромад.
Манбаъ ба иттилои шаҳрвандони Тоҷикистон мерасонад, ки иваз намудани шаҳодатномаҳои ронандагии хориҷӣ ба шаҳодатномаи ронандагӣ дар кишвари иқомат аз рӯи категорияҳои "М", "А", "B", "А1", "B1" пас аз супоридани санҷиши назариявӣ ва пешниҳод намудани маълумотномаи тиббӣ амалӣ мегардад.
Ҳамчунин категорияҳои "С", "D", "СЕ", "DЕ" бошад пас аз таҳсил дар курси кутоҳмуддати ронандагӣ, супоридани имтиҳони назариявӣ ва амалӣ ва пешниҳод намудани маълумотномаи тиббӣ иваз карда мешаванд.