Душанбе мизбони Форуми Шӯрои олимпии Осиё мегардад

© Foto / Пресс-служба Рустама ЭмомалиВид на город Душанбе
Вид на город Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2025
Обуна шудан
Дар доираи форум қарор аст, ки Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонанд
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Дар Душанбе Форуми Шӯрои олимпии Осиё ва ҳамбастагии олимпӣ доир мегардад.
Чорабинии бузург тайи се рӯз, аз 5 то 8 апрел баргузор мешавад, хабар доданд аз Кумитаи ҷавонон ба Sputnik Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, интихоб шудани Душанбе барои чунин чорабинӣ ба густариш додани ҳамкориҳо дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, муаррифӣ намудани фарҳанги миллиамон дар арафаи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз имконияти мусоидро фароҳам меорад.
"Дар чорабинии мазкур то имрӯз 65 нафар иштирокчӣ аз 18 давдати Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ғарбӣ иштироки худро тасдиқ намудаанд",- афзуданд Кумита.
Дар рӯзи аввали кушодашавии нишаст, миёни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо мерасад.
Международные соревнования по стрельбе из лука, посвященные Международному празднику Навруз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2025
Камонварони Узбекистону Қирғизистон ба Тоҷикистон омаданд
Қарор аст, ки дар ин ҳамоиш масъалаҳои 3 – юмин Бозиҳои Осиёӣ байни наврасон дар Баҳрайн, Бозиҳои Осиё дар толор ва ҳунарҳои размӣ дар Ар - Риёзи Арабистони Саудӣ -2026, 20-умин Бозиҳои Осиё дар Айчӣ - Ногояи Ҷопон 2026 баррасӣ шавад.
Ҳамчунин баррасии барномаҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ, омода намудани варзишгарон барои Бозиҳои олимпии Лос - Анҷелес - 2028 аз мавзуоти асосии форум аст.
Инчунин мулоқоту баррасии ҳамкориҳо миёни раҳбарони кумитаҳои олимпӣ дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0