Камонварони Узбекистону Қирғизистон ба Тоҷикистон омаданд

© Foto / Комитет по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики ТаджикистанМеждународные соревнования по стрельбе из лука, посвященные Международному празднику Навруз
Международные соревнования по стрельбе из лука, посвященные Международному празднику Навруз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2025
Обуна шудан
Дар мусобиқаии байналмилалӣ оид ба камонварӣ дар вилояти Суғд варзишкорони Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок доранд
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Дар вилояти Суғд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ оғоз шуд, иттилоъ додааст Кумитаи Кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон.
Қайд карда шудааст, ки мусобиқаи мазкур бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ ташкил карда шудааст.
Дар мусобиқа дастаҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон бо ҳам рақобат доранд ва мусобиқа дар МД “Мактаби махсуси варзишӣ оид ба камонварӣ”-и вилояти Суғд ҷараён доарнд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварии вилояти Суғд мусобиқаи байналмилалии камонварӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зебинисо Рустамова чемпионка мира по стрельба из лука на летних Олимпийских играх 1976 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2023
Рустамова гуфт, камонварӣ дар Тоҷикистон чӣ мушкил доранд
Дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки бахшида ба Рўзи Конститутсия ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 4-7 октябри соли 2024 ташкил гардид, беш аз 100 нафар варзишгарон ва мураббиён иштирок доштанд.
Барои иштирок дар ин мусобиқа варзишгарони Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Судон, Эрон ва РУсия ба вилояти Суғд омаданд.
Ба ғолибони мусобиқа дар вазъияти тантанавӣ медалу мукофотҳои пулӣ ва Ҷом супорида шуд.
Лентаи хабарҳо
0