Русия гуфт фарзандони муҳоҷирон чӣ гуна метавонанд ба имтиҳони забони русӣ омода шаванд

© Sputnik / Александр КряжевКурсы русского языка для мигрантов
Курсы русского языка для мигрантов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2025
Обуна шудан
Аз 1 апрели соли 2025 дар Русия имтиҳони ҳатмии фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ барои дохил шудан ба мактабҳо аз рӯи донистани забони русӣ ҷорӣ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Фарзандони муҳоҷирон, ки мехоҳанд дар мактабҳои Русия таҳсил намоянд, бояд на танҳо дастури (грамматика) забон ва бахшҳои дигари забони русиро донанд балки фарҳанг, таърих ва анъанаҳои ин кишварро низ аз худ кунанд.
Кристина Агафонова, мудири Пажӯҳишгоҳи русшиносии Русия дар мусоҳиба бо РИА “Новости” таъкид кардааст, ки фарзандони муҳоҷирон дар баробари омӯзиши забони русӣ, фарҳанг, таърих ва анъанаҳои Русияро низ омӯзанд, чун аз онҳо дар имтиҳонҳои қабулшавӣ ба мактабҳои ин кишвар суол карда мешавад.
Аз 1 апрели соли 2025 дар Русия имтиҳони ҳатмии фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ барои дохил шудан ба мактабҳо аз рӯи донистани забони русӣ ҷорӣ карда мешавад.
"Омодагии кӯдакони муҳоҷир ба имтиҳони нав бояд на танҳо омӯзиши дастур (грамматика) ва бахшҳои дигари забони русиро дар бар гирад, балки азхудкунии забон тавассути фарҳанг, таърих ва анъанаҳои Русияро низ дар бар гирад - мо бояд равиши густурда барои омодагӣ дошта бошем, ки аз як барномаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ иборат аст", - гуфт Агафонова.
Эксперт о новых законах в сфере трудовой миграции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2025
Шарҳи коршинос дар бораи қонунҳои нав дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ – видео
Ёдовар мешавем, ки қаблан Думаи давлатӣ дар як ҷаласаи умумӣ тарҳи қонунеро дар бораи манъи фарогирии фарзандони муҳоҷироне ба мактабҳо, ки забони русиро намедонанд, қабул кард.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, рӯзи 19 декабр зимни суханронӣ аз тарҳи қонун дар бораи манъи қабули кӯдакони муҳоҷир ба мактабҳои бидуни донистани забони русӣ пуштибонӣ кард.
Вай пешниҳод кардааст, ки муҳоҷироне, ки барои кор ба Русия, ба хусус аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мераванд, омода бошанд.
Ҳоло барои дохилшавӣ донишомӯзон бояд имтиҳони забониро ройгон супоранд. Илова бар ин, Федератсияи Русия мехоҳад марказҳои омӯзиши забони русиро барои кӯдакони муҳоҷир таъсис диҳад.
Санҷиш барои муайян кардани сатҳи донистани забони русӣ пеш аз қабули кӯдакони муҳоҷир ба мактабҳои Русия ройгон хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0