https://sputnik.tj/20250401/rahmon-pizishkiyon-suhbat-telefon-anjom-dodand-1066813813.html
Раҳмону Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Раҳмону Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳурони Тоҷикистон ва Эрон ҳамдигарро бо Иди саиди Фитр ва ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик гуфтанд
2025-04-01T16:54+0500
2025-04-01T16:54+0500
2025-04-01T16:54+0500
дар тоҷикистон
эрон
масъуд пизишкиён
эмомалӣ раҳмон
сиёсат
суҳбати телефонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/10/1065880790_0:220:1847:1259_1920x0_80_0_0_300490c9c26bfc37a5632a8f4ac2fe83.jpg
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон кишвардори Тоҷикистон бо Масъуд Пизишкиён президенти Эрон суҳбати телефонӣ анҷом дод.Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод.Бар хабари манбаъ, раисиҷумҳурони Тоҷикистону Эрон ҳамдигарро бо Иди Фитр ва ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик гуфтанд.Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои эронии худ сиҳатмандӣ ва комёбиҳои навинро хоста, ба тамоми мардуми дӯсту бародари Эрон сулҳу оромӣ ва пешрафту шукуфоии бардавом орзу намуд.Дар идома ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Эронро баррасӣ кардаанд. Дар ҳамин ҳол сафорати Эрон дар Душанбе дар саҳифаи "Телеграм"-и худ аз ин гуфтугӯ хабар дода, навиштааст, раисиҷумҳурҳои ду кишвар изҳори умедворӣ карданд, ки ҳарчӣ зудтар дар мулоқоти ҳузурӣ ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.
https://sputnik.tj/20250328/rahmon-pizishkiyon-id-said-fitr-tabrik-kard-1066755979.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/10/1065880790_175:231:1687:1365_1920x0_80_0_0_e398a13890ef9713f131d6b94841debd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон пизишкиён суҳбати телефонӣ
раҳмон пизишкиён суҳбати телефонӣ
Раҳмону Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Раисҷумҳурони Тоҷикистон ва Эрон ҳамдигарро бо Иди саиди Фитр ва ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик гуфтанд
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон кишвардори Тоҷикистон бо Масъуд Пизишкиён президенти Эрон суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод.
Бар хабари манбаъ, раисиҷумҳурони Тоҷикистону Эрон ҳамдигарро бо Иди Фитр ва ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик гуфтанд.
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои эронии худ сиҳатмандӣ ва комёбиҳои навинро хоста, ба тамоми мардуми дӯсту бародари Эрон сулҳу оромӣ ва пешрафту шукуфоии бардавом орзу намуд.
Дар идома ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Эронро баррасӣ кардаанд.
"Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни рушду тавсеаи робитаҳои ду кишвар, изҳори қаноатмандӣ карда, натиҷаҳои сафари Пизишкиён ба Тоҷикистонро муҳим хондааст", - омадааст дар хабари котиботи президент.
Дар ҳамин ҳол сафорати Эрон дар Душанбе дар саҳифаи "Телеграм"-и худ аз ин гуфтугӯ хабар дода, навиштааст, раисиҷумҳурҳои ду кишвар изҳори умедворӣ карданд, ки ҳарчӣ зудтар дар мулоқоти ҳузурӣ ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.