https://sputnik.tj/20250328/rahmon-pizishkiyon-id-said-fitr-tabrik-kard-1066755979.html
Раҳмон Пизишкиёнро бо Иди саиди Фитр табрик кард
Раҳмон Пизишкиёнро бо Иди саиди Фитр табрик кард
Sputnik Тоҷикистон
Аз ирсоли паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии Иди саиди Фитр сафорати Эрон дар Тоҷикистон хабар дод 28.03.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-03-28T16:30+0500
2025-03-28T16:30+0500
2025-03-28T16:31+0500
дар тоҷикистон
эрон
эмомалӣ раҳмон
масъуд пизишкиён
иди фитр
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/1e/1063723703_0:95:1230:787_1920x0_80_0_0_a4d3d6d7200c3d71799a8f1c77b5a2d4.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 28 март — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамтои эронии худ Масъуди Пизишкиёнро бо фарорасии Иди саиди Фитр табрик кард.Дар ин бора сафорати Эрон дар Тоҷикистон хабар дод.Ба иттилои манбаъ, кишвардори Тоҷикистон унвонии президенти Эрон барқияи табрикотӣ ирсол кард.Ёдовар мешавем, қаблан раисиҷумҳурони Тоҷикистону Эрон ҳамдигарро бо ирсоли номаи табрикотӣ бо моҳи шарифи Рамазон табрик намуда буданд.Аз ин пеш Пизишкиён бо ирсоли нома Эмомалӣ Раҳмонро ба Эрон даъват намуд. Ёдовар мешавем, Пизишкиён рӯзи 15 январ бо сафари давлатии ду рӯза ба Тоҷикистон омада буд.Дар ин сафар ӯ бо президент, сарвазир, Рустами Эмомалӣ ва Муҳаммадтоир Зокирзода дидору мулоқот намуд ва ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Эрон низ иштирок кард.Дар поёни ин форум, Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои эронӣ ва кулли соҳибкорону тоҷирони Эронро барои таҷлили Наврӯзи имсола ба Тоҷикистон даъват кард ва амалан дар ҷашни наврӯзӣ садҳо шаҳрвандони Эрон иштирок доштанд.
https://sputnik.tj/20250320/payomi-navruzii-rahmon-pizishkiyon-mardumoni-eron-tojikiston-1066654599.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/1e/1063723703_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_1451ecab74c72e025f7435ef211a1f8f.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эрон, эмомалӣ раҳмон, масъуд пизишкиён, иди фитр
дар тоҷикистон, эрон, эмомалӣ раҳмон, масъуд пизишкиён, иди фитр
Раҳмон Пизишкиёнро бо Иди саиди Фитр табрик кард
16:30 28.03.2025 (Навсозишуда: 16:31 28.03.2025) Аз ирсоли паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии Иди саиди Фитр сафорати Эрон дар Тоҷикистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 28 март — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамтои эронии худ Масъуди Пизишкиёнро бо фарорасии Иди саиди Фитр табрик кард.
Дар ин бора сафорати Эрон дар Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, кишвардори Тоҷикистон унвонии президенти Эрон барқияи табрикотӣ ирсол кард.
"Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёме ба раҳбари Эрон изҳори итминон кардааст, ки равобити дӯстона ва ҳамкориҳои чандҷонибаи кишварҳо дар оянда низ рушду тавсеа хоҳад ёфт", - омадааст дар хабари сафорат.
Ёдовар мешавем, қаблан раисиҷумҳурони Тоҷикистону Эрон ҳамдигарро бо ирсоли номаи табрикотӣ бо моҳи шарифи Рамазон табрик намуда буданд.
Аз ин пеш Пизишкиён бо ирсоли нома Эмомалӣ Раҳмонро ба Эрон даъват намуд.
Ёдовар мешавем, Пизишкиён рӯзи 15 январ бо сафари давлатии ду рӯза ба Тоҷикистон омада буд.
Дар ин сафар ӯ бо президент, сарвазир, Рустами Эмомалӣ ва Муҳаммадтоир Зокирзода дидору мулоқот намуд ва ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Эрон низ иштирок кард.
Дар поёни ин форум, Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои эронӣ ва кулли соҳибкорону тоҷирони Эронро барои таҷлили Наврӯзи имсола ба Тоҷикистон даъват кард ва амалан дар ҷашни наврӯзӣ садҳо шаҳрвандони Эрон иштирок доштанд.