https://sputnik.tj/20250401/rahmon-marzho-se-kishvar-marzho-dusti-abadi-tabdil-meyoband-1066806678.html
Раҳмон: марзҳои се кишвар ба марзҳои дӯстии абадӣ табдил меёбанд
Раҳмон: марзҳои се кишвар ба марзҳои дӯстии абадӣ табдил меёбанд
Sputnik Тоҷикистон
Нишасти сарони кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд бо барномаи рангини консертӣ анҷом ёфт 01.04.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-04-01T09:30+0500
2025-04-01T09:30+0500
2025-04-01T11:21+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
ӯзбекистон
эмомалӣ раҳмон
сиёсат
нишасти сарони се кишвар дар хуҷанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/01/1066808345_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_6368988b2aa86bd1e0881f7997494725.jpg
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Шоми 31 март дар шаҳри бостонии Хуҷанд барномаи калони консертӣ бо ҳузури ҳунармандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон пешкаши сарони ин се давлат гардид.Барномаи консертӣ дар варзишгоҳи "2ғ - солагии истиқлолият" бо ҳузури беш аз 25 ҳазор тамошобин ва 17 ҳазор ҳунарманд аз ҳар се кишвар баргузор гардид.Қабл аз оғози барномаи фарҳангӣ раисҷумҳурон: Эмомалӣ Раҳмон, Шавкат Мирзиёев ва Содир Ҷабборов аз натоиҷи мулоқоти худ маълумот дода, ҳозиринро бо ҷашни байналмилалии Наврӯз шодбош гуфтанд.Аз ҷумла кишвардори Тоҷикистон, ки нахуст суханронӣ кард, ҳамтоёни худ ва меҳмонону сокинони вилояти Суғдро ба ифтихори Рӯзи байналмилалии Наврӯз самимона табрик кард.Президент зикр намуд, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистонро риштаҳои мустаҳками дӯстии танготанг, накӯҳамсоягӣ ва рушди муштарак ба ҳам мепайванданд ва вохӯрии суратгирифтаро ӯ оғози марҳилаи сифатан нав дар муносибатҳои се кишвар арзёбӣ кард.Дар идома роҳбари давлат аз имзои Аҳднома оид ба нуқтаи пайвастшавии марзҳои давлатии се кишвар гуфта, зикр кард, ки "аз имрӯз эътиборан марзҳои се кишвар ба марзҳои дӯстии абадӣ, ҳамсоягии воқеан нек ва шарикии созанда табдил хоҳанд ёфт.Дар фарҷом Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамагон саломатӣ, хушбахтӣ ва ба Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон сулҳу амонӣ, рушд ва пешрафти минбаъда орзу кард.
https://sputnik.tj/20250331/rahmon-jabborov-sozish-marz-faolsozi-qismat-casa-1000-ro-ruydod-tarikh-1066782715.html
қирғизистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/01/1066808345_54:0:1874:1365_1920x0_80_0_0_e3d581807a0e1be3cd9193df0a759639.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, қирғизистон, ӯзбекистон, эмомалӣ раҳмон, сиёсат , нишасти сарони се кишвар дар хуҷанд
дар тоҷикистон, қирғизистон, ӯзбекистон, эмомалӣ раҳмон, сиёсат , нишасти сарони се кишвар дар хуҷанд
Раҳмон: марзҳои се кишвар ба марзҳои дӯстии абадӣ табдил меёбанд
09:30 01.04.2025 (Навсозишуда: 11:21 01.04.2025) Нишасти сарони кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд бо барномаи рангини консертӣ анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Шоми 31 март дар шаҳри бостонии Хуҷанд барномаи калони консертӣ бо ҳузури ҳунармандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон пешкаши сарони ин се давлат гардид.
Барномаи консертӣ дар варзишгоҳи "2ғ - солагии истиқлолият" бо ҳузури беш аз 25 ҳазор тамошобин ва 17 ҳазор ҳунарманд аз ҳар се кишвар баргузор гардид.
Қабл аз оғози барномаи фарҳангӣ раисҷумҳурон: Эмомалӣ Раҳмон, Шавкат Мирзиёев ва Содир Ҷабборов аз натоиҷи мулоқоти худ маълумот дода, ҳозиринро бо ҷашни байналмилалии Наврӯз шодбош гуфтанд.
Аз ҷумла кишвардори Тоҷикистон, ки нахуст суханронӣ кард, ҳамтоёни худ ва меҳмонону сокинони вилояти Суғдро ба ифтихори Рӯзи байналмилалии Наврӯз самимона табрик кард.
Президент зикр намуд, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистонро риштаҳои мустаҳками дӯстии танготанг, накӯҳамсоягӣ ва рушди муштарак ба ҳам мепайванданд ва вохӯрии суратгирифтаро ӯ оғози марҳилаи сифатан нав дар муносибатҳои се кишвар арзёбӣ кард.
Дар идома роҳбари давлат аз имзои Аҳднома оид ба нуқтаи пайвастшавии марзҳои давлатии се кишвар гуфта, зикр кард, ки "аз имрӯз эътиборан марзҳои се кишвар ба марзҳои дӯстии абадӣ, ҳамсоягии воқеан нек ва шарикии созанда табдил хоҳанд ёфт.
Дар фарҷом Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамагон саломатӣ, хушбахтӣ ва ба Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон сулҳу амонӣ, рушд ва пешрафти минбаъда орзу кард.