https://sputnik.tj/20250330/rustami-emomali-tojikistoniyon-tabrik-kohish-isrofkori-takid-1066778063.html
Рустами Эмомалӣ тоҷикистониёнро табрику ба коҳиши исрофкорӣ таъкид кард
Рустами Эмомалӣ тоҷикистониёнро табрику ба коҳиши исрофкорӣ таъкид кард
Sputnik Тоҷикистон
Раиси порлумон таъкид кард, ки мардуми Тоҷикистон бо шарофати истиқлоли кишвар дигарбора ба эҳёи суннату анъанаҳои неки ниёгони худ шарафёб гардид
2025-03-30T13:48+0500
2025-03-30T13:48+0500
2025-03-30T13:48+0500
рустами эмомалӣ
иди рамазон
дар тоҷикистон
паёми табрикот
дин ва оин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/01/1060281406_132:157:1268:796_1920x0_80_0_0_35a7571c9b9f1bc3d51564421acc031c.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ сокинони кишварро бо фарорасии Иди Фитр табрик гуфт. Вай таъкид кард, ки мардуми кишвар боз дар эҳёи анъана ва расму оинҳои неки ниёгон саҳми худро гузоштанд. Ба гуфтаи ӯ, тоҷикон сол то сол аз аҳамияти қонунгузорӣ дар самти ба низом даровардани расму оин ва ҷилавгирӣ аз исрофкорӣ ва зиёдаравӣ дар идҳо бештар дарк мекунанд.Илова бар ин, соҳибкорону ашхоси саховатманди диёр дар арафаи ин иди муборак корҳои созандагию бунёдкориро вусъат дода, бо бунёду обод кардани роҳу инфрасохтор, манзилҳои истиқоматӣ, корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ ва дигар иншооти ҳаётан муҳим дар таъмини ҳадафҳои рушди миллӣ саҳмгузор мегарданд. Ӯ ҳамчунин хостори таваҷҷӯҳ ба тарбияи насли наврас шуд. "Мо бояд дар баробари ҳифзи арзишҳои муқаддаси миллӣ, ки дар тӯли асрҳо ба мо мерос боқӣ мондааст, дар тарбияи наслҳои созандаву ободкор заҳмат кашем ва баҳри рушди босуботи дурахшони давлату миллат номбардори шоистаи таъриху тамаддуни башарии худ бошем", - таъкид дошт Рустами Эмомалӣ. Дар охир ба ҳар як оилаи кишвар саломатӣ, хушбахтӣ, шукуфоӣ ва ба Тоҷикистон шукуфоии бесобиқа таманно намуд. Иди Фитр дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари мусалмонӣ рӯзи 30-юми март таҷлил мешавад, ки бо анҷоми моҳи шарифи Рамазон таҷлил мешавад.
https://sputnik.tj/20250330/namoz-id-dushanbev-khujand-shirkat-hazoron-namozguzor-video-1066776863.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/01/1060281406_181:62:1235:853_1920x0_80_0_0_f7c186b3623b26432915023779ee2267.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рустами эмомалӣ тоҷикистониён табрик коҳиш исрофкорӣ
рустами эмомалӣ тоҷикистониён табрик коҳиш исрофкорӣ
Рустами Эмомалӣ тоҷикистониёнро табрику ба коҳиши исрофкорӣ таъкид кард
Раиси порлумон таъкид кард, ки мардуми Тоҷикистон бо шарофати истиқлоли кишвар дигарбора ба эҳёи суннату анъанаҳои неки ниёгони худ шарафёб гардид
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ сокинони кишварро бо фарорасии Иди Фитр табрик гуфт.
Вай таъкид кард, ки мардуми кишвар боз дар эҳёи анъана ва расму оинҳои неки ниёгон саҳми худро гузоштанд.
"Тамоми мардуми шарифи кишварамон ва ҳамватанони бурунмарзамонро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон ва фарорасии Иди саиди Фитр самимона табрик мегӯям", - зикр кард Рустами Эмомалӣ.
Ба гуфтаи ӯ, тоҷикон сол то сол аз аҳамияти қонунгузорӣ дар самти ба низом даровардани расму оин ва ҷилавгирӣ аз исрофкорӣ ва зиёдаравӣ дар идҳо бештар дарк мекунанд.
Илова бар ин, соҳибкорону ашхоси саховатманди диёр дар арафаи ин иди муборак корҳои созандагию бунёдкориро вусъат дода, бо бунёду обод кардани роҳу инфрасохтор, манзилҳои истиқоматӣ, корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ ва дигар иншооти ҳаётан муҳим дар таъмини ҳадафҳои рушди миллӣ саҳмгузор мегарданд.
Ӯ ҳамчунин хостори таваҷҷӯҳ ба тарбияи насли наврас шуд.
"Мо бояд дар баробари ҳифзи арзишҳои муқаддаси миллӣ, ки дар тӯли асрҳо ба мо мерос боқӣ мондааст, дар тарбияи наслҳои созандаву ободкор заҳмат кашем ва баҳри рушди босуботи дурахшони давлату миллат номбардори шоистаи таъриху тамаддуни башарии худ бошем", - таъкид дошт Рустами Эмомалӣ.
Дар охир ба ҳар як оилаи кишвар саломатӣ, хушбахтӣ, шукуфоӣ ва ба Тоҷикистон шукуфоии бесобиқа таманно намуд.
Иди Фитр дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари мусалмонӣ рӯзи 30-юми март таҷлил мешавад, ки бо анҷоми моҳи шарифи Рамазон таҷлил мешавад.