https://sputnik.tj/20250330/namoz-id-dushanbev-khujand-shirkat-hazoron-namozguzor-video-1066776863.html
Намози ид дар Хуҷанд бо ширкати ҳазорон намозгузор: видео
Намози ид дар Хуҷанд бо ширкати ҳазорон намозгузор: видео
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи 30 март, ки аз ҷониби Шӯрои уламои Тоҷикистон иди Фитр эълон шудааст, дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аз намози дастаҷамъӣ дар масоҷид оғоз шуд
2025-03-30T11:52+0500
2025-03-30T11:52+0500
2025-03-30T14:17+0500
дар тоҷикистон
иди рамазон
душанбе
таҷлили ид
видео
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/1e/1066776518_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_64206b9905b03ee8cdf770a2c9926660.jpg
Дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон ба поён расид ва сокинони кишвар аз ҷашни деринтизораш таҷлил мекунанд. Дар масҷидҳои ҷумҳурӣ намози идӣ ба муносибати Иди саиди Фитр баргузор шуд. Тибқи ҳисобҳои илмӣ, Иди Фитр дар саросари Тоҷикистон имсол ба рӯзи якшанбеи 30 март рост омад.Тибқи анъана, дар ин рӯз мусалмонон аҳли хонавода ва дӯстони худро бо анҷоми рӯзадорӣ табрик гуфта, дар масоҷиди саросари кишвар намози идӣ мехонанд. Он соати 06:45 ба вақти маҳаллӣ оғоз шуд.Рустами Эмомалӣ тоҷикистониёнро табрику ба коҳиши исрофкорӣ таъкид кардМасҷиди Шайх Муслиҳиддини шаҳри Хуҷанд ва назди он саҳни бозори "Панҷшанбе" низ субҳи имрӯз серодам буд.Тавре хабарнигори Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, ҳазорон тан намозгузорони маркази вилоят барои адои намози ид ба ин макон омаданд.Баробари намоз дар иди саиди Фитр ҳар як фарди бедордил кӯшиш мекунад, ки амали хайре анҷом диҳад, дили ятимону маъюбонро шод гардонад, ба беморон ва оилаҳои камбизоату бесаробонмонда дасти кумак дароз намуда, соҳиби савоб гардад.Дар арафаи ид ҳам аз ҷониби масъулин ва ҳам раисҷумҳур аз мардум хоста шуд, ки ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ надиҳанд.Пулро ба таълими фарзандон сарф кунед: Президент аз мардум хост, дар ид исрофкорӣ накунандАнъана ва суннати дигари ин ид ба қавли Эмомалӣ Раҳмон хайру саховат ба ниёзмандону ятимон аст. Дар робита ба ин президент гуфт, додани фитри рӯза ва хайротба ятимону маъюбон, беморону бепарасторон ва оилаҳои камбизоат савоби бештар дорад.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/1e/1066776518_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_9311edbb5a9b59eb817e4a86ff52a667.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
намоз ид душанбев хуҷанд ҳазорон намозгузор видео
намоз ид душанбев хуҷанд ҳазорон намозгузор видео
Намози ид дар Хуҷанд бо ширкати ҳазорон намозгузор: видео
11:52 30.03.2025 (Навсозишуда: 14:17 30.03.2025) Рӯзи 30 март, ки аз ҷониби Шӯрои уламои Тоҷикистон иди Фитр эълон шудааст, дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аз намози дастаҷамъӣ дар масоҷид оғоз шуд
Дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон ба поён расид ва сокинони кишвар аз ҷашни деринтизораш таҷлил мекунанд.
Дар масҷидҳои ҷумҳурӣ намози идӣ ба муносибати Иди саиди Фитр баргузор шуд.
Тибқи ҳисобҳои илмӣ, Иди Фитр дар саросари Тоҷикистон имсол ба рӯзи якшанбеи 30 март рост омад.
Тибқи анъана, дар ин рӯз мусалмонон аҳли хонавода ва дӯстони худро бо анҷоми рӯзадорӣ табрик гуфта, дар масоҷиди саросари кишвар намози идӣ мехонанд. Он соати 06:45 ба вақти маҳаллӣ оғоз шуд.
Масҷиди Шайх Муслиҳиддини шаҳри Хуҷанд ва назди он саҳни бозори "Панҷшанбе" низ субҳи имрӯз серодам буд.
Тавре хабарнигори Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, ҳазорон тан намозгузорони маркази вилоят барои адои намози ид ба ин макон омаданд.
Баробари намоз дар иди саиди Фитр ҳар як фарди бедордил кӯшиш мекунад, ки амали хайре анҷом диҳад, дили ятимону маъюбонро шод гардонад, ба беморон ва оилаҳои камбизоату бесаробонмонда дасти кумак дароз намуда, соҳиби савоб гардад.
Дар арафаи ид ҳам аз ҷониби масъулин ва ҳам раисҷумҳур аз мардум хоста шуд, ки ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ надиҳанд.
Анъана ва суннати дигари ин ид ба қавли Эмомалӣ Раҳмон хайру саховат ба ниёзмандону ятимон аст. Дар робита ба ин президент гуфт, додани фитри рӯза ва хайротба ятимону маъюбон, беморону бепарасторон ва оилаҳои камбизоат савоби бештар дорад.