Дар Тоҷикистон Шӯрои пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила таъсис ёфт

© Depositphotos.com \ LofiloloЖенщина закрывает лицо
Женщина закрывает лицо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2025
Обуна шудан
Фаъолияти Шӯро ба ҳамоҳангсозии кори идораҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила нигаронида шудааст
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон бо қарори Ҳукумат Шӯрои пешгирӣ аз зӯроварӣ дар хонаводаҳо таъсис ёфт. Нусхаи онро Вазорати адлия нашр намуд.
Фаъолияти Шӯро ба ҳамоҳангсозии кори идораҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила нигаронида шудааст
Илова бар ин, Шӯро вазифадор шудааст, ки ҳолати ҷабрдидагонро муайян намуда, барои расонидани кӯмак ба онҳо чора андешад.
Зимнан, Дилрабо Мансурӣ, муовини нахуствазир раиси Шӯро интихоб гардида, Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон муовини ӯ мебошад. Ба ҳайати Шӯро раисони вилоятҳо ва муовинони онҳо шомиланд.
Домашнее насилие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2024
Афзоиши хушунат дар оилаҳои тоҷик: шикояти мардон алайҳи занон зиёд шудааст
Шӯро дар як сол на камтар аз ду маротиба ҷаласа баргузор хоҳад кард, аммо дар ҳолатҳои зарурӣ ҷаласаҳои ғайринавбатӣ низ метавонад доир намояд.
Зӯроварӣ дар оила аз мушкилоти доғи хонаводаҳои Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки бештар занон аз он ҷабр мебинанд.
Ба иттилои Кумитаи кор бо занон соли гузашта шумораи умумии шикоятҳо дар робита ба хушунати хонаводагӣ ба 3,2 ҳазор расидааст, ки дар қиёс ба соли 2023, 148 ҳолат бештар аст.
Бо вуҷуди афзоиши шикоятҳо, айни замон дар кишвар барои хушунати хонаводагӣ танҳо ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Бар асоси қонун, шахсони гунаҳкор метавонанд то 375 сомонӣ ҷарима ё то 15 рӯз ҳабс шаванд.
Лентаи хабарҳо
0