Афзоиши хушунат дар оилаҳои тоҷик: шикояти мардон алайҳи занон зиёд шудааст

© iStock.com \ PrathanChorruangsakДомашнее насилие
Домашнее насилие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2024
Обуна шудан
Зӯроварӣ нисбати мардон низ дар кишвар дар ҳоли афзоиш будааст: нисбати занон 278 шикоят ворид шудааст, ки 61 ҳодисаи зиёд аст.
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Теъдоди шикоятҳо дар бораи хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ Бунафша Файзиддинзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Тибқи иттилои расмӣ, дар давоми шаш моҳ аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ беш аз 1,5 ҳазор шикоят оид ба зӯроварӣ дар оила сабт шудааст.
Гуфта мешавад, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта дар ҳамин давра 65 маврид бештар аст.
"Аз шумораи умумии шикоятҳо 1,2 ҳазор шикоят дар бораи зӯроварӣ алайҳи мардон ворид шудааст, ки нисбат ба моҳи январ то июни соли 2023 11 адад зиёд аст", - гуфт ӯ.
Таджикская свадьба. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2024
Дар Тоҷикистон маърака каму нақзи Қонуни танзим бамаротиб афзуд
Раиси кумита мегӯяд, дар ҷомеаи мо занон дар бораи хушунат камтар муроҷиат мекунанд ва онро пинҳон медоранд. Ин марбут ба одати мост шояд, ки аз тарс ва ё мавриди баҳсу мунозира қарор нагирифтанашон аз шикоят худдорӣ мекунанд.
Ба гуфтаи раиси ин кумита, дар ин маълумот на танҳо хушунати мардон нисбат ба занон, балки аз ҷониби занҳо нисбат ба шавҳарон низ ҷой дорад.
"Дар шаш моҳи гузашта 278 мавриди зӯроварӣ аз ҷониби занон нисбат ба мардон ба қайд гирифта шудааст, ки 61 маврид зиёд мебошад", - афзуд мавсуф.
Лентаи хабарҳо
0