https://sputnik.tj/20250312/chin-parvozho-mustaqim-tojikiston-furudgohho-1066529393.html
Чин парвозҳои мустақимро ба Тоҷикистон аз дигар фурудгоҳҳои кишвар низ ба роҳ мемонад
Чин парвозҳои мустақимро ба Тоҷикистон аз дигар фурудгоҳҳои кишвар низ ба роҳ мемонад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистону Чин дар бораи зиёд намудани хатсайрҳо, кушодани парвозҳои мустақим байни пойтахтҳои ду кишвар гуфтугӯ карданд
2025-03-12T09:36+0500
2025-03-12T09:36+0500
2025-03-12T09:36+0500
дар тоҷикистон
парвозҳои мустақим
чин
фурудгоҳ
пекин
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/0b/1066529155_0:147:2048:1299_1920x0_80_0_0_e77fdadf91c1d7bee5df56b904232d85.jpg
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Ахиран дар вохӯрии Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин – Ҷи Шумин масъалаи кушодани парвозҳои мустақим байни пойтахтҳои ду кишвар баррасӣ намуданд.Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон хабар додааст.“Мақсади асосии вохӯрии мазкур ин зиёд намудани хатсайрҳо, кушодани парвозҳои мустақим байни пойтахтҳои ду кишвар ва боз ҳам рушд додани соҳаи авиатсияи гражданӣ арзёбӣ гардид”, - қайд кардааст манбаъ.Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон таъкид кардааст, ки сафири Чин зимни мулоқот қайд намуданд, ки кишвараш ба нақша гирифтааст, ки ҷиҳати рушди сайёҳии ду кишвар парвозҳои мустақимро аз дигар фурудгоҳҳои кишвар низ ба роҳ монанд.Агентӣ қайд кардааст, ки масъалаи рушд ва рақобатпазир намудани соҳаи авиатсияи граждании кишвар, яке аз нақшаҳои асосии роҳбарияти ин Агентӣ мебошад.Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли 2020 робитаи ҳавоии миёни Тоҷикистону Чин канда шуд. Ин кор ба далели авҷ гирифтани коронавирус сурат гирифт ва Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ намудан аз паҳншавии вируси COVID-19 марзашро ба рӯйи Чин баст.Аммо сар аз моҳи июни соли 2022 парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Чин дубора аз сар гирифта шуд.Дар ҳоли ҳозир парвозҳо дар самти Душанбе - Урумчӣ - Душанбе ба роҳ монда шудаанд.
https://sputnik.tj/20241202/chin-tojikiston-terrorizm-mintaqa-muboriza-van-i-1065337635.html
чин
пекин
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/0b/1066529155_0:0:2048:1536_1920x0_80_0_0_737151b5555c34fa403162a95a0e1976.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, парвоз, нақлиёт, авиатсияи гражданӣ, чин, парвозҳои мустақим
тоҷикистон, парвоз, нақлиёт, авиатсияи гражданӣ, чин, парвозҳои мустақим
Чин парвозҳои мустақимро ба Тоҷикистон аз дигар фурудгоҳҳои кишвар низ ба роҳ мемонад
Мақомоти Тоҷикистону Чин дар бораи зиёд намудани хатсайрҳо, кушодани парвозҳои мустақим байни пойтахтҳои ду кишвар гуфтугӯ карданд
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Ахиран дар вохӯрии Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин – Ҷи Шумин масъалаи кушодани парвозҳои мустақим байни пойтахтҳои ду кишвар баррасӣ намуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон хабар додааст.
“Мақсади асосии вохӯрии мазкур ин зиёд намудани хатсайрҳо, кушодани парвозҳои мустақим байни пойтахтҳои ду кишвар ва боз ҳам рушд додани соҳаи авиатсияи гражданӣ арзёбӣ гардид”, - қайд кардааст манбаъ.
Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон таъкид кардааст, ки сафири Чин зимни мулоқот қайд намуданд, ки кишвараш ба нақша гирифтааст, ки ҷиҳати рушди сайёҳии ду кишвар парвозҳои мустақимро аз дигар фурудгоҳҳои кишвар низ ба роҳ монанд.
Агентӣ қайд кардааст, ки масъалаи рушд ва рақобатпазир намудани соҳаи авиатсияи граждании кишвар, яке аз нақшаҳои асосии роҳбарияти ин Агентӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли 2020 робитаи ҳавоии миёни Тоҷикистону Чин канда шуд. Ин кор ба далели авҷ гирифтани коронавирус сурат гирифт ва Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ намудан аз паҳншавии вируси COVID-19 марзашро ба рӯйи Чин баст.
Аммо сар аз моҳи июни соли 2022 парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Чин дубора аз сар гирифта шуд.
Дар ҳоли ҳозир парвозҳо дар самти Душанбе - Урумчӣ - Душанбе ба роҳ монда шудаанд.