https://sputnik.tj/20250329/rohho-sughd-tajlil-navruz-se-ruz-basta-meshavand-1066762769.html
Роҳҳои Суғд ба хотири таҷлили Наврӯз се рӯз баста мешаванд
Роҳҳои Суғд ба хотири таҷлили Наврӯз се рӯз баста мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати БДА дар вилояти Суғд аз шаҳрвандон хост дар давраи маҳдудияти ҳаракати нақлиёт аз сафарҳои нолозим худдорӣ кунанд 29.03.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-03-29T13:14+0500
2025-03-29T13:14+0500
2025-03-29T13:14+0500
дар тоҷикистон
суғд
наврӯз
роҳ
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/1c/1066762574_0:56:3001:1744_1920x0_80_0_0_f9b57091d6723492caa30c2fef6cf31f.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Дар вилояти Суғд ба далели омодагӣ ба таҷлили густурдаи Наврӯз роҳҳо барои ҳаракати нақлиёт масдуд хоҳанд шуд.Дар ин бора Раёсати БДА дар вилояти Суғд бо нашри як эълон хабар дод.Ҳамин тариқ, маҳдудиятҳо аз 29-уми март шурӯъ шуда, дар Бӯстону Гулистон ва ҳамчунин дар шоҳроҳи то даромадгоҳи ҷамоати Овчӣ-Қалъача ҳаракати нақлиёт қисман қатъ карда мешавад.Рӯзи шанбе дар кӯчаҳои маркази Бӯстон то даромадгоҳи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, деҳаи Ғафуров, шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров, кӯчаҳои маркази Гулистон ва Гулистон-Дадобой Холматов ҳаракати нақлиёт қатъ мешавад.Дар робита ба сафари раисиҷумҳурони Ӯзбекистону Қирғизистон, Шавкат Мирзиёев ва Содир Ҷабборов ба Хуҷанд муддати 4 рӯз дар ҳаракати нақлиёт тағйирот ворид карда мешавад. Қарор аст, ки рӯзи 31-уми март сарони кишварҳои ҳамсоя вориди Суғд шаванд.Раёсати БДА дар вилояти Суғд аз тамоми шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт дархост кардааст, ки дар давраи маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз роҳҳои ҳамшафат истифода кунанд.
https://sputnik.tj/20250313/sodir-jabborov--jashni-navruz-khujand-shirkat-1066552997.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/1c/1066762574_122:0:2789:2000_1920x0_80_0_0_2a90c9b8a111af17ebe192a30aff3655.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, суғд, наврӯз, роҳ, нақлиёт
дар тоҷикистон, суғд, наврӯз, роҳ, нақлиёт
Роҳҳои Суғд ба хотири таҷлили Наврӯз се рӯз баста мешаванд
Раёсати БДА дар вилояти Суғд аз шаҳрвандон хост дар давраи маҳдудияти ҳаракати нақлиёт аз сафарҳои нолозим худдорӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Дар вилояти Суғд ба далели омодагӣ ба таҷлили густурдаи Наврӯз роҳҳо барои ҳаракати нақлиёт масдуд хоҳанд шуд.
Дар ин бора Раёсати БДА дар вилояти Суғд бо нашри як эълон хабар дод.
Ҳамин тариқ, маҳдудиятҳо аз 29-уми март шурӯъ шуда, дар Бӯстону Гулистон ва ҳамчунин дар шоҳроҳи то даромадгоҳи ҷамоати Овчӣ-Қалъача ҳаракати нақлиёт қисман қатъ карда мешавад.
Рӯзи шанбе дар кӯчаҳои маркази Бӯстон то даромадгоҳи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, деҳаи Ғафуров, шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров, кӯчаҳои маркази Гулистон ва Гулистон-Дадобой Холматов ҳаракати нақлиёт қатъ мешавад.
Дар робита ба сафари раисиҷумҳурони Ӯзбекистону Қирғизистон, Шавкат Мирзиёев ва Содир Ҷабборов ба Хуҷанд муддати 4 рӯз дар ҳаракати нақлиёт тағйирот ворид карда мешавад.
Қарор аст, ки рӯзи 31-уми март сарони кишварҳои ҳамсоя вориди Суғд шаванд.
Раёсати БДА дар вилояти Суғд аз тамоми шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт дархост кардааст, ки дар давраи маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз роҳҳои ҳамшафат истифода кунанд.