Раҳмон тоҷикистониёнро бо Иди Фитр табрик кард: аз хайру саховат ва илмомӯзии ҳатмӣ гуфт

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПервая сессия Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан седьмого созыва
Первая сессия Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан седьмого созыва - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2025
Обуна шудан
Дар паём аз ҷумла аз анъанаҳо ва суннатҳои ин ид, хайру саховат ба ятимону бенавоён, тарбияи дурусти фарзанд ва илмомӯзии ҳатмии зану мард гуфта шуд
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон фарорасии Иди саиди Фитрро барои кулли тоҷикистониён муборакбод гуфт.
Паёми шодбошии президентро дафтари матбуоти роҳбари давлат нашр намуд.
Президент нахуст аз фазои орому осудаи кишвар зикр намуда, гуфт, ҳамасола ин ид дар мамлакат бо хурсандӣ ва хушҳолии бузург таҷлил мешавад.
Роҳбари давлат дар паёми худ фазилатҳо ва суннатҳои асосии ин идро қайд кард. Нахуст таъкид намуд, ки иттиҳоду сарҷамъӣ, шукргузорӣ ва анҷом додани амалҳои хайр даъвату ҳидоят кардани мардум яке аз фазилатҳои иди саиди Фитр мебошад.
"Фазилати дигари иди сайиди Фитр аз он иборат аст, ки мардум бо дуову фотиҳа рӯҳи гузаштагони худро шод мегардонанд, аз ҳоли якдигар огоҳ мешаванд, ҳамдигарро ба роҳи рост ва эҳсонкорӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон ва камбизоатҳову ниёзмандон роҳнамоӣ мекунанд", - омадааст дар паёми Раҳмон.
Встреча Эмомали Рахмона с Президентом Исламской Республики Иран Масудом Пезешкианом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2025
Раҳмон Пизишкиёнро бо Иди саиди Фитр табрик кард
Президент ёдовар шуд, ки маҳз дар моҳи мубораки Рамазон китоби муқаддаси Қуръон ноил шуд ва нахустин оятҳои ба Паёмбари ислом нозилшуда Худованд амр ба хондану навиштанро ҳамчун василаи ба даст овардани илм фармудааст.
Аз ин президент ҳам ба илмомӯзиву донишандӯзӣ таъкид кард. Ӯ гуфт, агар инсони ҷӯёи илму дониш ба дунё ва атрофи хеш бо диди илмӣ назар андозад, худро беҳтар мешиносад, нақшу ҷойгоҳ ва масъулияти инсонии хешро дар ҷомеа ва арҷгузорӣ ба неъматҳои зиндагӣ амиқтар дарк мекунад.
Президент ҳамчунин ба таълиму тарбияи друсти фарзандон таъкид карда, иқтибос аз Паёамбари ислом авард:
"Беҳтарин ҳадяи волидайн ба фарзанд тарбияи неку писандида аст ва агар шахсе фарзандашро хуб адаб омӯзад, беҳтар аз он аст, ки миқдори моле садақа диҳад".
Ҳамчунин, дар як ҳадиси Расули Худо омадааст, ки "фарзандонатонро эҳтиром гузоред, ононро хуб адаб омӯзед ва ахлоқу рафторашонро неку ислоҳ намоед".
Анъана ва суннати дигари ин ид ба қавли президент хайру саховат ба ниёзмандону ятимон аст. Дар робита ба ин президент гуфт, додани фитри рӯза ва хайротба ятимону маъюбон, беморону бепарасторон ва оилаҳои камбизоат савоби бештар дорад.
Дар фарҷом президент ба ҳамагон бахту иқболи баланд ва дили шоду хонаи обод орзу менамоя.
Лентаи хабарҳо
0