Президент ба Суғд сафар кард - акс

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЗавершение официального визита Эмомали Рахмона в Российскую Федерацию
Завершение официального визита Эмомали Рахмона в Российскую Федерацию - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2025
Обуна шудан
Интизор меравад, дар Суғд вохӯрӣ ва мулоқоти сеҷонибаи кишвардорони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор гардад
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард.
Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳадафи сафар ба шимоли Тоҷикистон иштирок дар тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз, шинос шудан бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонӣ ва ифтитоҳи як қатор иншоотҳо мебошад.
Илова бар ин, дар Суғд вохӯрӣ ва мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон (слева) и Президент Киргизии 	Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2025
Наврӯзи имсол дар Суғд таҷлил мешавад
Дафтари матбуоти президент хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи Хуҷанд раиси вилоят, шахсони расмӣ ва гурӯҳи ҷавонон истиқбол гирифтанд.
Қаблан, ҳукумати вилояти Суғд хабар дода буд, "дар доираи муносибатҳои дӯстона, ки самараи сиёсати хирадмандонаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов аст, соли равон ҷашни Наврӯзи байналмилал дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад".
Дар вилоят тантанаҳои наврӯзӣ чанд рӯз боз идома доранд ва аҳли фарҳанги ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон низ дар ин чорабиниҳо иштирок доранд. Интизор меравад як барномаи калони консертӣ бо ҳузури ҳунармандони ҳар се кишвар пешкаши сарони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон шавад.
Илова бар ин, меҳмонони зиёд аз Эрон низ дар Суғд қарор доранд. Онҳоро Эмомалӣ Раҳмон аснои Форуми иқисодии Тоҷикистону Эрон, ки бо ҳузури Раҳмону Пизишкиён дар Душанбе баргузор гардид, ба Наврӯз даъват карда буд.
Лентаи хабарҳо
0