https://sputnik.tj/20250201/rahmon-navruz-jabborov-mirziyoev-sughd-tajlil-kunad-1066077553.html
Наврӯзи имсол дар Суғд таҷлил мешавад
Наврӯзи имсол дар Суғд таҷлил мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Иттилоъ дар мавриди таҷлили ҷашни имсолаи Наврӯзи байналмилалӣ дар Суғдро дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд нашр кард 01.02.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-02-01T13:55+0500
2025-02-01T13:55+0500
2025-02-03T17:48+0500
дар тоҷикистон
суғд
наврӯз
содир ҷабборов
шавкат мирзиёев
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/0d/1059936851_0:0:3134:1762_1920x0_80_0_0_cd89dad14e9c5c06aa70508b9a39e300.jpg
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Интизор меравад Наврӯзи имсола бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат дар вилояти Суғд таҷлил гардад.Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ дод.Манбаъ афзуд, ки омодагӣ ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ аз ҳоло оғоз ёфтааст ва намояндагони Вазорати фарҳанги Ӯзбекистону Қирғизистон ба ин хотир бо як сафар ба Суғд ташриф оварданд.Раиси вилояти Суғд шахсан бо намояндагони фарҳанги Ӯзбекистону Қирғизистон мулоқот баргузор кард.Дар мулоқот таъкид шуд, ки дар ҷашни имсолаи Наврӯз барномаи театрикунонидашуда, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, намоиши таомҳои миллӣ ва дигар чорабиниҳои хоси наврӯзӣ бо иштироки аҳли фарҳанг ва сокинону меҳмонони се кишвар доир мегардад.Котиботи раиси вилояти Суғд хабар дод, ки ҳадаф аз мулоқоти намояндагони вазоратҳои фарҳанги се кишвар пеш аз ҳама тарҳрезии нақшаи баргузории чорабиниҳо бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз, дар мувофиқа таҳия намудани сенария ва дигар тадбирҳои марбут ба ҷашни Наврӯз мебошад.Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои эронияшро низ ба таҷлили имсолаи Наврӯз даъват кард.Президент дар форуми соҳибкорони Тоҷикистону Эрон аз Масъуд Пизишкиён ва кулли соҳибкрону тоҷикистону Эрон даъват намуд, ки барои таҷлили Наврӯз ба Тоҷикистон оянд.
https://sputnik.tj/20250116/rahmon-pizishkiyon-jashn-navruz-tojikiston-davat-kard-1065884304.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/0d/1059936851_149:0:2880:2048_1920x0_80_0_0_78da96c423e3502533bd6b6a7a23f809.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, суғд, наврӯз, содир ҷабборов, шавкат мирзиёев, сиёсат
дар тоҷикистон, суғд, наврӯз, содир ҷабборов, шавкат мирзиёев, сиёсат
Наврӯзи имсол дар Суғд таҷлил мешавад
13:55 01.02.2025 (Навсозишуда: 17:48 03.02.2025) Иттилоъ дар мавриди таҷлили ҷашни имсолаи Наврӯзи байналмилалӣ дар Суғдро дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд нашр кард
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Интизор меравад Наврӯзи имсола бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат дар вилояти Суғд таҷлил гардад.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ дод.
"Дар доираи муносибатҳои дӯстона, ки самараи сиёсати хирадмандонаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов аст, соли равон ҷашни Наврӯзи байналмилал дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад", - омадааст дар хабар.
Манбаъ афзуд, ки омодагӣ ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ аз ҳоло оғоз ёфтааст ва намояндагони Вазорати фарҳанги Ӯзбекистону Қирғизистон ба ин хотир бо як сафар ба Суғд ташриф оварданд.
Раиси вилояти Суғд шахсан бо намояндагони фарҳанги Ӯзбекистону Қирғизистон мулоқот баргузор кард.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки дар ҷашни имсолаи Наврӯз барномаи театрикунонидашуда, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, намоиши таомҳои миллӣ ва дигар чорабиниҳои хоси наврӯзӣ бо иштироки аҳли фарҳанг ва сокинону меҳмонони се кишвар доир мегардад.
Котиботи раиси вилояти Суғд хабар дод, ки ҳадаф аз мулоқоти намояндагони вазоратҳои фарҳанги се кишвар пеш аз ҳама тарҳрезии нақшаи баргузории чорабиниҳо бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз, дар мувофиқа таҳия намудани сенария ва дигар тадбирҳои марбут ба ҷашни Наврӯз мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои эронияшро низ ба таҷлили имсолаи Наврӯз даъват кард.
Президент дар форуми соҳибкорони Тоҷикистону Эрон аз Масъуд Пизишкиён ва кулли соҳибкрону тоҷикистону Эрон даъват намуд, ки барои таҷлили Наврӯз ба Тоҷикистон оянд.