https://sputnik.tj/20250327/tojikiston-tahsil-zaboni-rusiro-kujo-metavon-girift-1066743948.html
Дар Тоҷикистон таҳсил бо забони русиро дар куҷо метавон гирифт?
Дар Тоҷикистон таҳсил бо забони русиро дар куҷо метавон гирифт?
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон кӯдакон метавонанд якбора бо чанд забон маълумоти миёнаи умумӣ гиранд, маъмултарин забонҳои хориҷӣ забони русӣ мебошад
2025-03-27T18:34+0500
2025-03-27T18:34+0500
2025-03-27T18:34+0500
дар тоҷикистон
забони русӣ
таҳсил
маориф
омӯзиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/14/1066646783_0:0:3640:2048_1920x0_80_0_0_7f8287ba2d260588c9886b58e1dd1cd7.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон муассисаҳои таълимии зиёде ҳастанд, ки раванди таҳсил комилан ба забони русӣ ба роҳ монда шудааст.Дар Русия ба таҳсили мактаббачагон ва донишҷӯёни тоҷик таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда мешавад.Дар боғчахо ба таълими забони русӣ шуруъ мекунанд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба парлумон дастур дод, ки барномаҳои таълимии забони русӣ дар доираи таълиму тарбияи томактабӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон бознигарӣ карда шавад.Дар Тоҷикистон 59 мактаб мавҷуд аст, ки дар онҳо ҷараёни таҳсил комилан ба забони русӣ ба роҳ монда шудааст.Имрӯз дар донишгоҳҳои Русия беш аз 35 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд. Боз 185 муассисаи таълимӣ ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ таълим медиҳанд.Дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ҳама донишҷӯён бояд ду давра забони русиро омӯзанд.Инчунин, 10 донишкадаи олӣ бо тайёр кардани мутахассисони филологияи рус машғуланд.Илова бар ин, дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби Русия панҷ мактаб: дар Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода сохта шудааст.Онҳо соли 2022 кушода шуда, таҳсил дар ин муассисаҳои таълимӣ ба забони русӣ ва тибқи стандартҳои Русия сурат мегирад.Коршинос: Тоҷикистон ба забони русӣ таваҷҷуҳи зиёд дорадТанҳо дар соли 2024 аз Русия 100 омӯзгор барои таълим додани кӯдакони тоҷик омада буданд.Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, дар ҷараёни сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав ба ҳамтои худ барои муносибати некаш ба забони русӣ дар Тоҷикистон изҳори сипос кард.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/14/1066646783_455:0:3186:2048_1920x0_80_0_0_287b7cad555d06c69318d20e4d371d52.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон,забони русӣ, русӣ, таҳсил, маориф, кӯдакон
тоҷикистон,забони русӣ, русӣ, таҳсил, маориф, кӯдакон
Дар Тоҷикистон таҳсил бо забони русиро дар куҷо метавон гирифт?
Дар Тоҷикистон кӯдакон метавонанд якбора бо чанд забон маълумоти миёнаи умумӣ гиранд, маъмултарин забонҳои хориҷӣ забони русӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон муассисаҳои таълимии зиёде ҳастанд, ки раванди таҳсил комилан ба забони русӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар Русия ба таҳсили мактаббачагон ва донишҷӯёни тоҷик таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда мешавад.
Дар боғчахо ба таълими забони русӣ шуруъ мекунанд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба парлумон дастур дод, ки барномаҳои таълимии забони русӣ дар доираи таълиму тарбияи томактабӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон бознигарӣ карда шавад.
Дар Тоҷикистон 59 мактаб мавҷуд аст, ки дар онҳо ҷараёни таҳсил комилан ба забони русӣ ба роҳ монда шудааст.
Имрӯз дар донишгоҳҳои Русия беш аз 35 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд. Боз 185 муассисаи таълимӣ ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ таълим медиҳанд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ҳама донишҷӯён бояд ду давра забони русиро омӯзанд.
Инчунин, 10 донишкадаи олӣ бо тайёр кардани мутахассисони филологияи рус машғуланд.
Илова бар ин, дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби Русия панҷ мактаб: дар Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода сохта шудааст.
Онҳо соли 2022 кушода шуда, таҳсил дар ин муассисаҳои таълимӣ ба забони русӣ ва тибқи стандартҳои Русия сурат мегирад.
Танҳо дар соли 2024 аз Русия 100 омӯзгор барои таълим додани кӯдакони тоҷик омада буданд.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, дар ҷараёни сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав ба ҳамтои худ барои муносибати некаш ба забони русӣ дар Тоҷикистон изҳори сипос кард.