https://sputnik.tj/20250328/rustam-emomali-uzv-majlis-milli-intikhob-shud-1066748188.html
Рустами Эмомалӣ бо 100% -и овозҳои вакилон узви Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Рустами Эмомалӣ бо 100% -и овозҳои вакилон узви Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вакилони Душанбе номзадии Рустами Эмомалиро дубора ба узвият дар Маҷлиси миллӣ пешниҳод карданд
2025-03-28T11:58+0500
2025-03-28T11:58+0500
2025-03-28T16:01+0500
дар тоҷикистон
рустам эмомалӣ
сиёсат
маҷлиси миллӣ
интихоботи парлумонӣ дар тоҷикистон-2025
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/1c/1066746971_55:59:1280:748_1920x0_80_0_0_422c21f417b5d2f665e684095204c5d8.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Дар Душанбе ҷаласаи якҷояи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Фирдавсӣ, И.Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор шуд.Дар ин бора Telegram - канали марбут ба шаҳрдори пойтахт иттилоъ дод.Бар хабари манбаъ, тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда, зимни овоздиҳии пинҳонӣ аз ҷониби вакилон номзадии Рустами Эмомалӣ ба узвият дар Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардид.Зимнан, пас аз анҷоми овоздиҳӣ Комиссияи ҳавзавии интихобот овозҳои додашударо ҳисоб намуда, натиҷаи интихоботро эълон кард.Ҳамчунин чор номзади дигар, аз ҷумла Мунира Каримзода – сартабиби Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона аз ноҳияи Фирдавсӣ, Нуриддин Муҳиддин – ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Қудрат Давлатзода – ректори Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ аз ноҳияи Шоҳмансур ва Қобилҷон Хушвахтзода – президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз ноҳияи Сино ба палатаи болоии парлумон пешниҳод шуданд.Тибқи овоздиҳӣ, ҳар чор номзад аз Душанбе бо 97 то 99%- и раъйи вакилон узви палатаи болоии парлумони Тоҷикистон интихобот шуданд.Ёдовар мешавем, рӯзи 4 декабр фармони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузории интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Тоҷикистон, палатаи болоии парлумон тасвиб шуд.Тибқи қонунгузории интихоботии кишвар, 22 нафар аз 63 вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мувофиқи рӯйхати ҳизбӣ, ки дар анҷумани пешазинтихоботӣ тасдиқ шудааст, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлси Олии ҶТ интихоб мешаванд. Ҳамзамон 41 вакили палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ интихоб мешаванд.Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, 90 рӯз пеш аз баргузории интихобот ба парлумон сарвари давлат расман санаи дақиқи онро эълон карда, то 75 рӯз пеш аз интихобот ҳизбҳои сиёсӣ уҳдадоранд, анҷуманҳои пешазинтихоботии худро гузаронанд.
https://sputnik.tj/20241204/emomali-rahmon-tojikiston-intikhobot-parlumoni-tayin-1065364101.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/1c/1066746971_223:0:1223:750_1920x0_80_0_0_b01b1141d01a196a8eea4a31735ba113.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рустами эмомалӣ интихобот маҷлиси миллӣ
рустами эмомалӣ интихобот маҷлиси миллӣ
Рустами Эмомалӣ бо 100% -и овозҳои вакилон узви Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
11:58 28.03.2025 (Навсозишуда: 16:01 28.03.2025) Вакилони Душанбе номзадии Рустами Эмомалиро дубора ба узвият дар Маҷлиси миллӣ пешниҳод карданд
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Дар Душанбе ҷаласаи якҷояи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Фирдавсӣ, И.Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар ин бора Telegram - канали марбут ба шаҳрдори пойтахт иттилоъ дод.
Бар хабари манбаъ, тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда, зимни овоздиҳии пинҳонӣ аз ҷониби вакилон номзадии Рустами Эмомалӣ ба узвият дар Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардид.
Зимнан, пас аз анҷоми овоздиҳӣ Комиссияи ҳавзавии интихобот овозҳои додашударо ҳисоб намуда, натиҷаи интихоботро эълон кард.
"Раиси Душанбе бо 100%- и овозҳои вакилон узви Маҷлиси миллӣ интихобот шуд", - омадааст дар хабари манбаъ.
Ҳамчунин чор номзади дигар, аз ҷумла Мунира Каримзода – сартабиби Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона аз ноҳияи Фирдавсӣ, Нуриддин Муҳиддин – ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Қудрат Давлатзода – ректори Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ аз ноҳияи Шоҳмансур ва Қобилҷон Хушвахтзода – президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз ноҳияи Сино ба палатаи болоии парлумон пешниҳод шуданд.
Тибқи овоздиҳӣ, ҳар чор номзад аз Душанбе бо 97 то 99%- и раъйи вакилон узви палатаи болоии парлумони Тоҷикистон интихобот шуданд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 4 декабр фармони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузории интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Тоҷикистон, палатаи болоии парлумон тасвиб шуд.
Тибқи қонунгузории интихоботии кишвар, 22 нафар аз 63 вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мувофиқи рӯйхати ҳизбӣ, ки дар анҷумани пешазинтихоботӣ тасдиқ шудааст, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлси Олии ҶТ интихоб мешаванд. Ҳамзамон 41 вакили палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ интихоб мешаванд.
Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, 90 рӯз пеш аз баргузории интихобот ба парлумон сарвари давлат расман санаи дақиқи онро эълон карда, то 75 рӯз пеш аз интихобот ҳизбҳои сиёсӣ уҳдадоранд, анҷуманҳои пешазинтихоботии худро гузаронанд.