Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон интихоботи нави парлумониро таъйин кард

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳур замони баргузории интихоботи аъзои Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вилоятҳою шаҳру навоҳиро таъин кард
ДУШАНБЕ, 4дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 4-уми декабр Фармонро дар бораи рӯзи 2-уми марти соли 2025 баргузор кардани интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, вакилони маҷлисҳои ВМКБ, вилояҳо ва шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ба имзо расонид.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Тоҷикистон, палатаи болоии парлумон 28 марти соли 2025 гузаронида мешавад, омадааст дар фармон.
Ҳамчунин тибқи фармони раҳбари кишвар интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" 2 марти соли 2025 гузаронида мешавад.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2024
Аз масъалаи кишоварзӣ то пешвози ҷашни Наврӯз: Дар маҷлиси ҳукумат Раҳмон чӣ супоришҳо дод
Тибқи қонунгузории интихоботии кишвар, 22 нафар аз 63 вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мувофиқи рӯйхати ҳизбӣ, ки дар анҷумани пешазинтихоботӣ тасдиқ шудааст, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлси Олии ҶТ интихоб мешаванд. Ҳамзамон 41 вакили палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ интихоб мешаванд.
Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, 90 рӯз пеш аз баргузории интихобот ба парлумон сарвари давлат расман санаи дақиқи онро эълон карда, то 75 рӯз пеш аз интихобот ҳизбҳои сиёсӣ уҳдадоранд, анҷуманҳои пешазинтихоботии худро гузаронанд.
Лентаи хабарҳо
0