Ҳарифони мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маълум шуд

© Фото : Федерация футбола ТаджикистанаМатч Таджикистан - Филиппины
Матч Таджикистан - Филиппины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2025
Обуна шудан
Конфедератсияи футболи Осиё ҷадвали бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни дастаҳои мунтахаби занонаро тасдиқ ва эълон кард
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё - 2026 ҳарифони мунтахаби занонаи Тоҷикистон Маълум шуданд, хабар дод дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Бар хабари манбаъ, мунтахаби занонаи Тоҷикистон тибқи қуръакашӣ дар гурӯҳи "Н" қарор гирифт.
Дар ин гурӯҳ рақибони бонувони футболбози тоҷик яккачинҳои Кореяи Шимолӣ, Малайзия ва Фаластин хоҳанд буд.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки бозиҳо дар гурӯҳе, ки мунтахаби занонаи Тоҷикистон шомили он аст, аз 29 июн то 5 июл идома мекунанд. Ва бозиҳои интихобии ин гурӯҳ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Бояд гуфт, натиҷаи қуръакашӣ ҳашт гурӯҳ ташкил карда шуд. Танҳо ғолибони гурӯҳҳои интихобӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки дар Австралия баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки қаҳрамонии CAFA барои мунтахаби занонаи Тоҷикистон бидуни натиҷа анҷом ёфт.
Бозиҳои бонувони футболбоз миёни Тоҷикистон ва Эрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2025
Ивази мураббӣ кумак накард: Тоҷикистон дар қаҳрамонии CAFA -2025 охиру Эрон қаҳрамон шуд
Бар асоси натиҷагириҳои бозиҳо яккачини Эрон бо 12 имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифт ва соҳиби медали тило гардид.
Дар ҷойҳои дуюмуқ сеюм мисли соли қаблӣ Узбекистон бо 7 имтиёз ва Қирғизистон бо 5 имтиёз қарор гирифтанд. Туркманистон бошад бо 4 хол ба зинаи чаҳорум рафт.
Ба тими миллии Тоҷикистон тақдири соли қаблӣ такрор шуду бидуни ҳеҷ имтиёзе дар охир монданд. Имсол низ ивази сармураббӣ - омадани Баҳром Ёрматов ба ҷойи Мустафо Афшорӣ чизеро тағйир надод.
Лентаи хабарҳо
0