https://sputnik.tj/20250217/eron-gholibi-chempionat-cafa-2025-shud-tojikiston-okhir-1066250929.html
Ивази мураббӣ кумак накард: Тоҷикистон дар қаҳрамонии CAFA -2025 охиру Эрон қаҳрамон шуд
Ивази мураббӣ кумак накард: Тоҷикистон дар қаҳрамонии CAFA -2025 охиру Эрон қаҳрамон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Натоиҷи мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии CAFA мисли соли қаблӣ ғамангез шуд. Ба натоиҷи бозиҳои яккачин ҳатто ивази сармураббӣ кумак накард
2025-02-17T10:55+0500
2025-02-17T10:55+0500
2025-02-17T11:14+0500
эрон
дар тоҷикистон
футзал
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/17/1045073496_266:0:1536:714_1920x0_80_0_0_bee5ec774ee16dbb2d24f77ec7743858.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Тими мунтахаби занонаи Эрон оид ба футбол имсол низ ғолиби мусобиқаи чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2025 шуд.Ин чаҳорумин чемпионати CAFA, ки дар Душанбе доир мешавад, чаҳорумин бурд барои духтарони эронӣ буд.Рақобатҳои даври панҷуми ва охирини мусобиқа миёни Тоҷикистону Эрон 16-уми феврал дар Қасри теннис доир гардида, бо ҳисоби 1:10 ба фоидаи меҳмонон анҷомидДар бозии дигар Узбекистону Қирғизистон рақобатро бо ҳисоби мусовии 4:4 хотима доданд.Дар умум Эрон дар мусобиқа дурахши хоса дошт, зеро дар бозии аввалаш, 9:0 Узбекистонро шикаст дод, дар рақобати дуюм Қирғизистонро 10:0 ва ҳамчунин дар даври сеюм Туркманистонро 6:3 мағлуб кард.Бар асоси натиҷагириҳои бозиҳо яккачини Эрон бо 12 имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифт ва соҳиби медали тило гардид.Дар ҷойҳои дуюмуқ сеюм мисли соли қаблӣ Узбекистон бо 7 имтиёз ва Қирғизистон бо 5 имтиёз қарор гирифтанд. Туркманистон бошад бо 4 хол ба зинаи чаҳорум рафт.Ба тими миллии Тоҷикистон тақдири соли қаблӣ такрор шуду бидуни ҳеҷ имтиёзе дар охир монданд. Имсол низ ивази сармураббӣ - омадани Баҳром Ёрматов ба ҷойи Мустафо Афшорӣ чизеро тағйир надод.Ҳамчунин дар поёни натиҷагириҳо беҳтарин нишонзани мусобиқа Марал Торкамани эронӣ бо 10 гол дониста шуда, Малика Эминоваи туркман беҳтарин дарвозабони мусобиқа ва ҷоизаи "Fair Play"-ро Қирғизистон гирифт.
https://sputnik.tj/20250208/fft-ruzi-jahonii-futbol-tojikiston-tajlil-1066151926.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/17/1045073496_260:0:1536:957_1920x0_80_0_0_3e193d8758f92299f6116368e718dd5a.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон қаҳрамонӣ cafa охир эрон қаҳрамон
тоҷикистон қаҳрамонӣ cafa охир эрон қаҳрамон
Ивази мураббӣ кумак накард: Тоҷикистон дар қаҳрамонии CAFA -2025 охиру Эрон қаҳрамон шуд
10:55 17.02.2025 (Навсозишуда: 11:14 17.02.2025) Натоиҷи мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии CAFA мисли соли қаблӣ ғамангез шуд. Ба натоиҷи бозиҳои яккачин ҳатто ивази сармураббӣ кумак накард
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Тими мунтахаби занонаи Эрон оид ба футбол имсол низ ғолиби мусобиқаи чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2025 шуд.
Ин чаҳорумин чемпионати CAFA, ки дар Душанбе доир мешавад, чаҳорумин бурд барои духтарони эронӣ буд.
Рақобатҳои даври панҷуми ва охирини мусобиқа миёни Тоҷикистону Эрон 16-уми феврал дар Қасри теннис доир гардида, бо ҳисоби 1:10 ба фоидаи меҳмонон анҷомид
Дар бозии дигар Узбекистону Қирғизистон рақобатро бо ҳисоби мусовии 4:4 хотима доданд.
Дар умум Эрон дар мусобиқа дурахши хоса дошт, зеро дар бозии аввалаш, 9:0 Узбекистонро шикаст дод, дар рақобати дуюм Қирғизистонро 10:0 ва ҳамчунин дар даври сеюм Туркманистонро 6:3 мағлуб кард.
Бар асоси натиҷагириҳои бозиҳо яккачини Эрон бо 12 имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифт ва соҳиби медали тило гардид.
Дар ҷойҳои дуюмуқ сеюм мисли соли қаблӣ Узбекистон бо 7 имтиёз ва Қирғизистон бо 5 имтиёз қарор гирифтанд. Туркманистон бошад бо 4 хол ба зинаи чаҳорум рафт.
Ба тими миллии Тоҷикистон тақдири соли қаблӣ такрор шуду бидуни ҳеҷ имтиёзе дар охир монданд. Имсол низ ивази сармураббӣ - омадани Баҳром Ёрматов ба ҷойи Мустафо Афшорӣ чизеро тағйир надод.
Ҳамчунин дар поёни натиҷагириҳо беҳтарин нишонзани мусобиқа Марал Торкамани эронӣ бо 10 гол дониста шуда, Малика Эминоваи туркман беҳтарин дарвозабони мусобиқа ва ҷоизаи "Fair Play"-ро Қирғизистон гирифт.