Вазорати дифоъ: Артиши Украина боз ба иншооти энергетикии Русия ҳамла кард

© AP / Roman ChopУкраинские военнослужащие готовят ударный беспилотник "Баба-яга" в Донецкой области 8 февраля 2025 г.
Украинские военнослужащие готовят ударный беспилотник Баба-яга в Донецкой области 8 февраля 2025 г.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2025
Обуна шудан
Вазорати дифои Русия мегӯяд, ки артиши Украина сарфи назар аз изҳороти Киев ба иншоотҳои энергетикии Русия ҳамла карданд
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Киев ҳамла ба инфрасохторҳои энергетикии Русияро идома дода, рӯзи чаҳоршанбе ба иншоот дар вилояти Брянск ва Қрим ҳамла кард, хабар медиҳад вазорати дифои Русия.
Рӯзи 24 март дар Риёз музокироти гурӯҳҳои коршиносии Русия ва Амрико баргузор шуд. Дар натиҷа ҷонибҳо механизми манъи ҳамла ба иншооти энергетикии Русия ва Украина ба муҳлати 30 рӯз ба мувофиқа расиданд. Баъдтар Кремл феҳристи чунин иншоотеро, ки ҷониби Русия ва Амрико мувофиқа кардаанд, нашр кард, ки тибқи он ҳамла корхонаҳои коркарди нафт, лӯлаҳои нафту газ ва анборҳо, нерӯгоҳҳо, зеристгоҳҳо, трансформаторҳо ва нерӯгоҳҳои барқи атомӣ манъ аст.
"Бо вуҷуди изҳороти режими Киев дар бораи қатъи ҳамлаҳо ба иншооти энергетикии Русия, тайи 24 соати охир Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ду ҳамла ба инфрасохторҳои энергетикиро анҷом доданд.
Қайд карда мешавад, ки қаблан як ҳавопаймои бесарнишини украинӣ ба иншооти "Брянскенерго" дар вилояти Брянск ҳамла кард. Дар натича хатти баландшиддати даҳ киловолта канда шуд. Дар ноҳияи Климовск мардум бебарк монданд.
Российские военные в освобожденной Судже - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2025
Артиши Русия боқимондаҳои нерӯҳои украиниро аз вилояти Курск берун доранд
Илова бар ин, субҳи имрӯз дар Қрим як зеристгоҳи энергетикӣ бар асари ҳамали тӯпхонаӣ хароб шуд.
Ҳамлаҳои артиши Украина ба иншооти энергетикӣ
Рӯзи 19 март, чанд соат пас аз як гуфтугӯи телефонии президентҳои Русия ва ИМА, Владимир Путин ба низомиён фармон дод, ки ҳамлаҳоро ба зерсохтори энергетикии Украина муваққатан қатъ намоянд. Режими Киев бо истифода аз ин фурсат бо се паҳпод ба як иншооти системаи интиқоли нафтӣ ҳамла кард.
Лентаи хабарҳо
0