https://sputnik.tj/20250326/artishi-rusiya-boqimondaho-neruho-ukrain-kursk-berun-1066728721.html
Артиши Русия боқимондаҳои нерӯҳои украиниро аз вилояти Курск берун доранд
Артиши Русия боқимондаҳои нерӯҳои украиниро аз вилояти Курск берун доранд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифоъ хабар додааст, ки нерӯҳои ҳавобурди Русия боқимондаҳои нерӯҳои украинаро аз ҳудуди Русия дар вилояти Курск берун доранд
2025-03-26T20:01+0500
2025-03-26T20:01+0500
2025-03-26T20:01+0500
амалиёти вижа
русия
дар русия
украина
артиши русия
ҷанг
ҳудуд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/11/1066592741_0:0:3214:1808_1920x0_80_0_0_72f0d9cb39fcae28fee8bfc0b226caaf.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Яке аз фармондеҳони нерӯҳои ҳавобурди Русия бо лақаби "Гранит" ба хабаргузории РИА Новости гуфт, артиш боқимондаҳои нерӯҳои Украинаро аз қаламрави Русия дар вилояти Курск аз чанд самт берун доранд."Вазифаи аввалии ин, ба хатти марз баромадн ва пурра ҳудуди Русияро аз нерӯҳои душман пок кардан аст. Душман бояд аз хоки Курск берун карда шавад ва мо мавқеъҳо нав барои амалиётҳои баъдӣ омода бошем”, - гуфт ӯ.Ба гуфти сарбозони артиши Русия дар як вақт ба чанд самт пешравӣ дорем, то хатти ҷабҳаро тағйир диҳем.Субҳи барвақти 6 августи соли 2024 нерӯҳои украинӣ бо ҳадафи тасарруфи қаламрав дар вилояти Курск ба ҳамла оғоз карданд; пешравии онхо боздошта шуд. Сардори ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов изҳор дошт, ки амалиёт дар вилояти Курск бо шикасти душман ва расидан ба марзи давлатӣ анҷом меёбад.Рӯзи 19 феврал раисиҷумҳури Русия Владимир Путин хабар дод, ки сарбозони бригадаи 810, ки дар вилояти Курск меҷанганд, марзи Русияро убур карда, ба қаламрави душман ворид шуданд; Кушунхои рус дар тамоми хатти фронт пеш рафта истодаанд. Барои таъмини амният дар Курск ва ҳамчунин вилоятҳои Белгород ва Брянск низ режими амалиёти зиддитеррористӣ амал мекунад.Бино ба хабарҳои вазорати дифои Русия, танҳо аз 8 то 14 март нерӯҳои мусаллаҳи Русия 30 деҳаро дар вилояти Курск, аз ҷумла маркази вилояти Судҷаро озод карданд.Путин рӯзи 12 март ба яке аз қароргоҳҳои фармондеҳии гурӯҳи Курск ташриф оварда, мулоқот анҷом дод. Рӯзи 19 март раҳбари Русия эълом кард, ки артиши Русия шикасти душманро дар вилояти Курск анҷом медиҳад.
https://sputnik.tj/20250325/khabarnigoron-rus-hamla-mushaki-artishi-ukraina-kushta-1066709370.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/11/1066592741_409:0:3140:2048_1920x0_80_0_0_7889415ac6523aa87cc9f83484b50255.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, артиш, нерӯҳои украинӣ, украина, амалиёти вижа, курск,
русия, артиш, нерӯҳои украинӣ, украина, амалиёти вижа, курск,
Артиши Русия боқимондаҳои нерӯҳои украиниро аз вилояти Курск берун доранд
Вазорати дифоъ хабар додааст, ки нерӯҳои ҳавобурди Русия боқимондаҳои нерӯҳои украинаро аз ҳудуди Русия дар вилояти Курск берун доранд
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Яке аз фармондеҳони нерӯҳои ҳавобурди Русия бо лақаби "Гранит" ба хабаргузории РИА Новости гуфт, артиш боқимондаҳои нерӯҳои Украинаро аз қаламрави Русия дар вилояти Курск аз чанд самт берун доранд.
"Вазифаи аввалии ин, ба хатти марз баромадн ва пурра ҳудуди Русияро аз нерӯҳои душман пок кардан аст. Душман бояд аз хоки Курск берун карда шавад ва мо мавқеъҳо нав барои амалиётҳои баъдӣ омода бошем”, - гуфт ӯ.
Ба гуфти сарбозони артиши Русия дар як вақт ба чанд самт пешравӣ дорем, то хатти ҷабҳаро тағйир диҳем.
Субҳи барвақти 6 августи соли 2024 нерӯҳои украинӣ бо ҳадафи тасарруфи қаламрав дар вилояти Курск ба ҳамла оғоз карданд; пешравии онхо боздошта шуд. Сардори ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов изҳор дошт, ки амалиёт дар вилояти Курск бо шикасти душман ва расидан ба марзи давлатӣ анҷом меёбад.
Рӯзи 19 феврал раисиҷумҳури Русия Владимир Путин хабар дод, ки сарбозони бригадаи 810, ки дар вилояти Курск меҷанганд, марзи Русияро убур карда, ба қаламрави душман ворид шуданд; Кушунхои рус дар тамоми хатти фронт пеш рафта истодаанд. Барои таъмини амният дар Курск ва ҳамчунин вилоятҳои Белгород ва Брянск низ режими амалиёти зиддитеррористӣ амал мекунад.
Бино ба хабарҳои вазорати дифои Русия, танҳо аз 8 то 14 март нерӯҳои мусаллаҳи Русия 30 деҳаро дар вилояти Курск, аз ҷумла маркази вилояти Судҷаро озод карданд.
Путин рӯзи 12 март ба яке аз қароргоҳҳои фармондеҳии гурӯҳи Курск ташриф оварда, мулоқот анҷом дод. Рӯзи 19 март раҳбари Русия эълом кард, ки артиши Русия шикасти душманро дар вилояти Курск анҷом медиҳад.