Дар Русия додани шаҳрванди 50% кам шуд

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкВручение российских паспортов
Вручение российских паспортов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2025
Обуна шудан
Бинобар пурзур намудани мубориза бо сохтакориҳои қонунигардонӣ дар Русия шумораи ҷиноятҳои содиркарда аз сӯйи шаҳрвандони хориҷӣ коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Соли гузашта 209 ҳазор нафар шаҳрвандии Русияро гирифтанд.
Тавре нашрияи "Коммерсант" бо такя ба маълумоти фаврии Вазорати корҳои дохилии Русия хабар додааст ин дар муқоиса бо соли 2023 44,8% камтар аст.
Манбаъ қайд кардааст, ки ин камтарин нишондиҳанда дар панҷ соли ахир аст.
"Шумори шахсоне, ки шаҳрвандӣ гирифтаанд 44,8% (то 209 ҳазор нафар) коҳиш ёфт, ки ин ба далели эътироф шудани сокинони субъектҳои навтаъсис ба шаҳрвандии Русия тибқи қонунҳои конститутсионии федералӣ, инчунин пурзӯр шудани назорат дар ин самт сурат гирифтааст", - омадааст дар гузориши таҳлилии Вазорати корҳои дохилӣ.
Ин ниҳод инчунин ҳуҷҷатҳоеро, ки ҳузури шаҳрванди хориҷиро дар Русия қонунӣ мекунад камтар додааст.
Ҳамин тариқ, дар соли гузашта 44,5 ҳазор нафар (нисбат ба соли 2023 50% камтар) иҷозати иқомати муваққатӣ ва 214,9 ҳазор нафар иқомати доимӣ (21,3% камтар) гирифтанд.
Рейд по проверке документов у мигрантов в Новосибирске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2025
Аз Русия депорт мешавед: Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш хост зуд худро руйхати сиёҳ бароранд
Дар ҳамин ҳол, ВКД Русия бар асоси натоиҷи сол дар мавриди қатъи шаҳрвандии Русия нисбат ба 1757 нафар тасмим гирифтанд.
Илова бар ин, дар натиҷаи ташдиди сиёсати муҳоҷират соли гузашта дар бораи ихроҷ, депортатсия ва реадмиссияи шаҳрвандони хориҷӣ аз қаламрави Русия 190,2 ҳазор қарор қабул шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 31,1% афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин соли гузашта 157 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ, ки қонуншиканӣ кардаанд, кишварро тарк кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта 44,6% зиёд аст.
Дар ҳамин ҳол, ВКД вуруди 267,2 ҳазор шаҳрванди хориҷиро, ки талаботи қонунгузории Русияро риоя намекунанд, ба кишвар маҳдуд кардааст, ки нисбат ба як соли қабл 93,8 ҳазор нафар бештар аст.
Гуфта мешавад, ки чораҳои мубориза бо сохтакориҳои қонунигардонӣ дар Русия боиси коҳиши ҷиноятҳо аз сӯйи шаҳрвандони хориҷӣ шудааст. Ҳамин тариқ, шумораи ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд 0,9% ва шаҳрвандони хориҷӣ барои содир намудани ҷиноят 3,8% кам шудааст.
Лентаи хабарҳо
0