https://sputnik.tj/20250326/rusiya-deport-tojikiston-ruykhati-siyoh-barorand-1066720866.html
Аз Русия депорт мешавед: Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш хост зуд худро руйхати сиёҳ бароранд
Аз Русия депорт мешавед: Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш хост зуд худро руйхати сиёҳ бароранд
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия наздик ба 125 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун қонунвайронкунанда ба қайд гирифта шудаанд.
2025-03-26T11:59+0500
2025-03-26T11:59+0500
2025-03-26T14:07+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
муҳоҷирони корӣ
депорт
расмӣ
вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии тоҷикистон
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0f/1064721388_0:150:3107:1898_1920x0_80_0_0_d9ff4051105997eeb1ecc92712089b21.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳушдор додааст, шаҳрвандони кишвар агар худро дар Русия ба қайди қонунӣ нагиранд ба рӯйхати шахсони ихроҷшаванда (депортатсия) ворид мегарданд.Дар ин бора дафтари матбуоти ин ниҳоди давлатӣ хабар додааст.Ба гуфтаи ин ниҳод шаҳрвандоне, ки дар рӯйхат қарор доранд, бояд то 30 апрели соли 2025 ба мақомоти дахлдори муҳоҷирати Русия муроҷиат намуда, худро қонунӣ ба қайд гиранд ё ҳудуди ин давлатро тарк намоянд.Қайд карда шудааст, ки дар сурати дар муҳлати муайяншуда ба қайди қонунӣ нагирифтан шаҳрванд ба рӯйхати шахсони ихроҷшаванда (депортатсия) ворид гардида, ҳуқуқи рафтан ба ин давлатро аз даст медиҳанд.Ҳамчунин вазорати меҳнат зикр намудааст, ки шаҳрвандони дар рӯйхати мазкур қарордошта, ки бо хоҳиши худ Русияро тарк кардаанд, ихроҷ (депортатсия) шудаанд ё дар ҳудуди Тоҷикистон ё дигар давлат қарор дошта доранд, нусхаи шиносномаи хориҷии худро бо нишон додани муҳри убури сарҳад бо мақсади аз рӯйхати мазкур баровардан ба мақомоти муҳоҷирати ҷойи зисти худ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд.“Агар шумо дорои душаҳрвандӣ - Тоҷикистон ва Русия бошед ё қонунӣ фаъолияти меҳнатӣ менамоед ва дар рӯйхат қарор доред, ҳатман нусхаи шиносномаи худро ба Намояндагии Вазорат дар Русия оид ба муҳоҷират пешниҳод намоед”,- қайд кардааст ин ниҳоди давлатӣ .Шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди Русия қарор доранд, метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Русия оид ба муҳоҷират тавассути телефонҳои дар зер нишон дода шуда, муроҷиат намоянд.
https://sputnik.tj/20250326/maqomot-muhojironi-tojik-rusiya-qonuni-1066717776.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0f/1064721388_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_42e0119d25f9c54d9fc91c2a2df2e3e3.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, рӯйхати сиёҳ, депорт, муҳоҷират, русия, шаҳрвандон, вазорат меҳнат
тоҷикистон, рӯйхати сиёҳ, депорт, муҳоҷират, русия, шаҳрвандон, вазорат меҳнат
Аз Русия депорт мешавед: Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш хост зуд худро руйхати сиёҳ бароранд
11:59 26.03.2025 (Навсозишуда: 14:07 26.03.2025) Ба гуфтаи вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия наздик ба 125 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун қонунвайронкунанда ба қайд гирифта шудаанд.
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳушдор додааст, шаҳрвандони кишвар агар худро дар Русия ба қайди қонунӣ нагиранд ба рӯйхати шахсони ихроҷшаванда (депортатсия) ворид мегарданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ин ниҳоди давлатӣ хабар додааст.
“Вазорати корҳои дохилии Русия низоми махсуси ихроҷ (депортатсия)-ро ҷорӣ намуда, дар “Руйхати шахсони назоратшаванда” зиёда аз 124 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун қонунвайронкунанда ба қайд гирифта шудааст”, - хабар додааст вазорат.
Ба гуфтаи ин ниҳод шаҳрвандоне, ки дар рӯйхат қарор доранд, бояд то 30 апрели соли 2025 ба мақомоти дахлдори муҳоҷирати Русия муроҷиат намуда, худро қонунӣ ба қайд гиранд ё ҳудуди ин давлатро тарк намоянд.
Қайд карда шудааст, ки дар сурати дар муҳлати муайяншуда ба қайди қонунӣ нагирифтан шаҳрванд ба рӯйхати шахсони ихроҷшаванда (депортатсия) ворид гардида, ҳуқуқи рафтан ба ин давлатро аз даст медиҳанд.
Ҳамчунин вазорати меҳнат зикр намудааст, ки шаҳрвандони дар рӯйхати мазкур қарордошта, ки бо хоҳиши худ Русияро тарк кардаанд, ихроҷ (депортатсия) шудаанд ё дар ҳудуди Тоҷикистон ё дигар давлат қарор дошта доранд, нусхаи шиносномаи хориҷии худро бо нишон додани муҳри убури сарҳад бо мақсади аз рӯйхати мазкур баровардан ба мақомоти муҳоҷирати ҷойи зисти худ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд.
“Агар шумо дорои душаҳрвандӣ - Тоҷикистон ва Русия бошед ё қонунӣ фаъолияти меҳнатӣ менамоед ва дар рӯйхат қарор доред, ҳатман нусхаи шиносномаи худро ба Намояндагии Вазорат дар Русия оид ба муҳоҷират пешниҳод намоед”,- қайд кардааст ин ниҳоди давлатӣ .
Шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди Русия қарор доранд, метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Русия оид ба муҳоҷират тавассути телефонҳои дар зер нишон дода шуда, муроҷиат намоянд.