Ҳукумати Толибон*: Ҳеҷ таҳдиде аз Афғонистон нест, баръакс хоҳони равобити нек ҳастем

© AP / Abdul KhaliqТалибы празднуют третью годовщину вывода американских войск из Афганистана, в Лашкаргахе, провинция Гильменд, юго-западный Афганистан
Талибы празднуют третью годовщину вывода американских войск из Афганистана, в Лашкаргахе, провинция Гильменд, юго-западный Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2025
Обуна шудан
Ҳукумати Толибон* мегӯянд онҳо ҳамвора хоҳони равобити нек бо ҳамсоягон, ба вижаи ҳамсоягони шимолӣ, ҳастанд ва ин мавзуъро борҳо дар амал собит кардаанд
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Ҳамидоллоҳ Фитрат, муовини сухангӯи ҳукумати Толибон* дар вокуниш ба изҳороти ахири раисҷумҳури Русия дар бораи таҳдидҳо ва чолишҳое, ки аз сӯйи Афғонистон мутаваҷҷеҳи ин кишвар аст, гуфтааст, ки ҷуғрофиёи Афғонистон таҳти назорати Аморати Исломӣ буда ва ҳеҷ таҳдид ё хатаре аз сӯйи Афғонистон мутаваҷҷеҳи ҳеҷ кишваре нест, иттилоъ додааст “TOLOnews”.
“Тамоми ҷуғрофиёи Афғонистон таҳти контроли Аморати Исломӣ қарор дорад ва ҳеҷ таҳдид ё хатаре аз сӯйи Афғонистон мутаваҷҷеҳи ҳеҷ кишваре нест. Бинобарин, нигаронӣ дар ин маврид беҷоаст", - оқои Фитрат афзудааст.
Вай ҳамчунин таъкид кард ки ҳукумати Толибон* ҳамвора хоҳони равобити нек бо ҳамсоягон, ба вижаи ҳамсоягони шимолӣ, буда ва ин мавзуъро борҳо дар амал собит кардааст.
Шуморе аз огоҳони сиёсӣ низ бар ин бовар ҳастанд, ки эҳтимоли ҳузури гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Афғонистон, ҳатто бидуни ҳамкорӣ бо ҳукумати Толибон*, ҳам чунон вуҷуд дорад ва ин масъала муҷиби нигаронии бархе кишварҳо, аз ҷумла Русия, шудааст.
Посол Афганистана в Таджикистане Мохаммад Захир Агбар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2025
Ағбар: Толибон* бо тафаккуроти ифротии ояндаи Афғонистонро ба чолиш мекашанд
Ториқ Фарҳодӣ, коршиноси сиёсии афғон ба ин расона гуфтааст, ки бархе аз мақомҳои Русия ва таҳлилгарон бар ин боваранд ки чунин гуруҳҳое мумкин аст ҳамчунон ба таври пароканда дар Афғонистон ҳузур дошта бошанд, ҳарчанд, ин гурӯҳҳо бо толибҳо* ҳамкорӣ надошта бошанд.
“Ба ҳамин далел, нигарониҳоӣ дар ин хусус вуҷуд доранд", - гуфт коршинос.
Владимир Путин дар як нишаст хабарии муштарак бо Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон бо таъкид бар таъмини амнияти Осиё марказӣ гуфт, ки Маскав ба таҳдидҳо ва чолишҳое, ки аз сӯйи Афғонистон мутаваҷҷеҳи ин кишвар аст, огоҳ мебошад.
*-ин гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0