https://sputnik.tj/20250310/aghbar-tolibon-tafakkuroti-ifrotii-afghoniston-cholish-1066513813.html
Ағбар: Толибон* бо тафаккуроти ифротии ояндаи Афғонистонро ба чолиш мекашанд
Ағбар: Толибон* бо тафаккуроти ифротии ояндаи Афғонистонро ба чолиш мекашанд
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон аз ҳокимияти Толибон* интиқод кард ва гуфт "афкори ифротии ин гурӯҳ мухаррибтар аз бомби атомӣ аст"
2025-03-10T15:39+0500
2025-03-10T15:39+0500
2025-03-10T15:39+0500
толибон
афғонистон
занон
ифротгароӣ
сафир
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/0d/1064314483_377:282:1250:773_1920x0_80_0_0_fd7e5a1cc99fa3795e7cbb6ab3db3a38.jpg
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Муҳаммадзоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, бо интиқод аз афкори ифротӣ ва занситезии гурӯҳҳои тундрав, онро "бемории сорӣ" хонд, ки минтақа ва ҷаҳонро таҳдид мекунад.Оқои Ағбар, ки ба намояндагӣ аз низоми ҷумҳурияти Афғонистон дар Тоҷикистон ҳузур дорад, дар нишасте ба муносибат "8 март, рӯзи ҷаҳонии занон", зимни ҳушдор дар бораи пайомадҳои ифротгароӣ, гуфт "афкори ифротии мухаррибтар аз бомби атомӣ аст".Ӯ дар изҳороти худ аз ҳокимияти Толибон* бар Афғонистон интиқод кард ва гуфт: "намедонам ин гурӯҳҳои ифротӣ аз кадом сайёра омадаанд"."Бояд ин гурӯҳҳои занситезро ҷоҳилони сайёраи ҷадид номгузорӣ кунем", - ҳамчунин таъкид кард вай.Ағбар дар идомаи суханонаш ба ихтилофоти дохилии Толибон* низ ишора карду афзуд, касоне ки дирӯз дар канори Ҳибатуллоҳ, раҳбари Толибон*, истода буданд, имрӯз ба далели сиёсатҳои сахтгиронаи алайҳи занон, ба вижаи мамнуъияти омӯзиши духтарон, аз ӯ фосила гирифтаанд.Ин дар ҳолест, ки ҳокимияти Толибон* бар Афғонистон на танҳо боиси буҳрони дохилӣ шуда, балки нигарониҳои минтақавӣ ва ҷаҳониро низ ташдид кардааст.Изҳороти сафири Афғонистон дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҳатто дар миёни мухолифони Толибон*, бим аз пайомадҳои густариши афкори ифротӣ ва асароти он бар суботи минтақа афзоиш ёфтааст.*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20250310/nizomiyoni-hukumati-ghani-uzbekistonu-tojikiston-charkhbolho-1066510336.html
толибон
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/0d/1064314483_295:231:1333:1009_1920x0_80_0_0_357e1807ba340757f30b08dec9221a29.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, занон, сафир, ағбар, толибон, бомби ҳастаӣ
афғонистон, занон, сафир, ағбар, толибон, бомби ҳастаӣ
Ағбар: Толибон* бо тафаккуроти ифротии ояндаи Афғонистонро ба чолиш мекашанд
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон аз ҳокимияти Толибон* интиқод кард ва гуфт "афкори ифротии ин гурӯҳ мухаррибтар аз бомби атомӣ аст"
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Муҳаммадзоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, бо интиқод аз афкори ифротӣ ва занситезии гурӯҳҳои тундрав, онро "бемории сорӣ" хонд, ки минтақа ва ҷаҳонро таҳдид мекунад.
Оқои Ағбар, ки ба намояндагӣ аз низоми ҷумҳурияти Афғонистон дар Тоҷикистон ҳузур дорад, дар нишасте ба муносибат "8 март, рӯзи ҷаҳонии занон", зимни ҳушдор дар бораи пайомадҳои ифротгароӣ, гуфт "афкори ифротии мухаррибтар аз бомби атомӣ аст".
Ӯ дар изҳороти худ аз ҳокимияти Толибон* бар Афғонистон интиқод кард ва гуфт: "намедонам ин гурӯҳҳои ифротӣ аз кадом сайёра омадаанд".
"Бояд ин гурӯҳҳои занситезро ҷоҳилони сайёраи ҷадид номгузорӣ кунем", - ҳамчунин таъкид кард вай.
Ағбар дар идомаи суханонаш ба ихтилофоти дохилии Толибон* низ ишора карду афзуд, касоне ки дирӯз дар канори Ҳибатуллоҳ, раҳбари Толибон*, истода буданд, имрӯз ба далели сиёсатҳои сахтгиронаи алайҳи занон, ба вижаи мамнуъияти омӯзиши духтарон, аз ӯ фосила гирифтаанд.
Ин дар ҳолест, ки ҳокимияти Толибон* бар Афғонистон на танҳо боиси буҳрони дохилӣ шуда, балки нигарониҳои минтақавӣ ва ҷаҳониро низ ташдид кардааст.
Изҳороти сафири Афғонистон дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҳатто дар миёни мухолифони Толибон*, бим аз пайомадҳои густариши афкори ифротӣ ва асароти он бар суботи минтақа афзоиш ёфтааст.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.