https://sputnik.tj/20230703/mutakhassison-tojikiston-moldova-hamkori-tabodul-malumot-1058055061.html
Мутахассисони Тоҷикистону Молдова омодаи ҳамкорӣ ва табодули маълумот ҳастанд
Мутахассисони Тоҷикистону Молдова омодаи ҳамкорӣ ва табодули маълумот ҳастанд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти интизомии Тоҷикистону Молдова омода ҳастанд роҷеъ ба шахсе, ки дар фурудгоҳи Кишинёв тирпаронӣ кардааст, ҳамкорӣ ва табодули маълумот намоянд
2023-07-03T20:00+0500
2023-07-03T20:00+0500
2023-07-03T20:00+0500
дар тоҷикистон
молдова
ҳамкорӣ
маълумот
равобит
мутахассисон
фурудгоҳ
кишинев
тирпарронӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102263/00/1022630093_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_89ed781e24fb218211cb7d60e68eabb4.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Ҳайати мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳамроҳ бо кормандони сафорати кишвар дар мулоқот бо иҷрокунандаи вазифаи Додситони кулли Молдова Ион Мунтеану ҳамкориро дар қазияи марги ду нафаре, ки рӯзи 30 июн дар фурудгоҳи Кишинёв аз дасти шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуданд, баррасӣ намуданд. Рӯзи ҷумъа як шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи Кишинёв аз силоҳ оташ кушод. Мусофирон аз бино фурудгоҳ берун ва парвозҳо муваққатан ба мавқуф гузошта шуданд. Ба иттилои ВКД, тирпаррониро дар фурудгоҳ як шаҳрванди Тоҷикистон, ки онро иҷозаи вуруд ба Молдова надодан анҷом додааст. Ӯ як марзбон ва як афсари амнияти фурудгоҳро куштааст. Додситонии Тоҷикистон рӯзи шанбе гуфт, ки тирандоз Рустам Ашӯрови 43-сола будааст, ки барои одамрабоӣ дар ҷустуҷӯ қарор дорад. Рустам Ашӯров дар натиҷа ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, рӯзи сеюм аст, ки дар бемористон ба ҳуш намеояд. Додситони кулл гуфт, ки фарди муттаҳам ба куштори ду нафар ба муҳлати 30 рӯз ҳабси пешакӣ гирифта шуд. “Ҳайати мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, дар мулоқот бо Додситони Молдова, омодагии худро барои ҳамкорӣ дар самти тафтиши пурра ва тамоми ҷанбаҳои ҷиноятҳои содиркардаи айбдоршаванда чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ Молдова изҳор намуданд”, - қайд карда шудааст дар хабаре, ки дар саҳифаи Прокуратураи генералӣ Молдова нашр шудааст. Гуфта мешавад, ки табодули иттилоот тавассути каналҳои пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ва санадҳои байналмиллалӣ дар бораи ёрии ҳуқуқии мутақобила, ки ҳарду давлат дар он иштирок мекунанд, сурат мегирад. "Мо аз ҳамкасбони худ дар Тоҷикистон барои ошкорбаёнӣ ба ироаи кӯмакҳои дастрас изҳори сипос мекунем ва умедворам, ки ҳамкориҳои мо барои дарёфти ҳақиқат дар парвандаҳое, ки мо таҳқиқ мекунем, кумак хоҳад кард", - гуфт иҷрокунандаи вазифаи додситони кулли Молдова. Ёдовар мешавем, ки Майя Санду, раисиҷумҳури Молдова, рӯзи 4 июл-ро ба хотири кушташудагон дар фурудгоҳи байналмилалии Кишинёв рӯзи мотами миллӣ эълон кард. Вай ҳамчунин фармон дар бораи супурдани медали “Барои хизматҳои ҳарбӣ” ба подполковники Хадамоти амнияти давлатӣ Игор Сиофу ва муовини сардори полиси сарҳадии Вазорати корҳои дохилӣ Сергей Мунтеану пас аз маргашонро имзо кард.
https://sputnik.tj/20230703/sobiq-milisa-mahbus-ashurov-tirandoz-kishinyov-1058054480.html
https://sputnik.tj/20230702/dushanbe-kishinyov-maqomot-hifz-huquq-1058035611.html
молдова
кишинев
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102263/00/1022630093_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_acf48443fe3e23b5e387d4dddca4d8d7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, молдова, мутахассисон, ҳамкорӣ, равобит, кишинёв, табодул, маълумот, фурудгоҳ, тирпарронӣ
тоҷикистон, молдова, мутахассисон, ҳамкорӣ, равобит, кишинёв, табодул, маълумот, фурудгоҳ, тирпарронӣ
Мутахассисони Тоҷикистону Молдова омодаи ҳамкорӣ ва табодули маълумот ҳастанд
Мақомоти интизомии Тоҷикистону Молдова омода ҳастанд роҷеъ ба шахсе, ки дар фурудгоҳи Кишинёв тирпаронӣ кардааст, ҳамкорӣ ва табодули маълумот намоянд
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Ҳайати мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳамроҳ бо кормандони сафорати кишвар дар мулоқот бо иҷрокунандаи вазифаи Додситони кулли Молдова Ион Мунтеану ҳамкориро дар қазияи марги ду нафаре, ки рӯзи 30 июн дар фурудгоҳи Кишинёв аз дасти шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуданд, баррасӣ намуданд.
Рӯзи ҷумъа як шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи Кишинёв аз силоҳ оташ кушод.
Мусофирон аз бино фурудгоҳ берун ва парвозҳо муваққатан ба мавқуф гузошта шуданд.
Ба иттилои ВКД, тирпаррониро дар фурудгоҳ як шаҳрванди Тоҷикистон, ки онро иҷозаи вуруд ба Молдова надодан анҷом додааст. Ӯ як марзбон ва як афсари амнияти фурудгоҳро куштааст.
Додситонии Тоҷикистон рӯзи шанбе гуфт, ки тирандоз Рустам Ашӯрови 43-сола будааст, ки барои одамрабоӣ дар ҷустуҷӯ қарор дорад.
Рустам Ашӯров дар натиҷа ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, рӯзи сеюм аст, ки дар бемористон ба ҳуш намеояд. Додситони кулл гуфт, ки фарди муттаҳам ба куштори ду нафар ба муҳлати 30 рӯз ҳабси пешакӣ гирифта шуд.
“Ҳайати мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, дар мулоқот бо Додситони Молдова, омодагии худро барои ҳамкорӣ дар самти тафтиши пурра ва тамоми ҷанбаҳои ҷиноятҳои содиркардаи айбдоршаванда чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ Молдова изҳор намуданд”, - қайд карда шудааст дар хабаре, ки дар саҳифаи Прокуратураи генералӣ Молдова нашр шудааст.
Гуфта мешавад, ки табодули иттилоот тавассути каналҳои пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ва санадҳои байналмиллалӣ дар бораи ёрии ҳуқуқии мутақобила, ки ҳарду давлат дар он иштирок мекунанд, сурат мегирад.
"Мо аз ҳамкасбони худ дар Тоҷикистон барои ошкорбаёнӣ ба ироаи кӯмакҳои дастрас изҳори сипос мекунем ва умедворам, ки ҳамкориҳои мо барои дарёфти ҳақиқат дар парвандаҳое, ки мо таҳқиқ мекунем, кумак хоҳад кард", - гуфт иҷрокунандаи вазифаи додситони кулли Молдова.
Ёдовар мешавем, ки Майя Санду, раисиҷумҳури Молдова, рӯзи 4 июл-ро ба хотири кушташудагон дар фурудгоҳи байналмилалии Кишинёв рӯзи мотами миллӣ эълон кард.
Вай ҳамчунин фармон дар бораи супурдани медали “Барои хизматҳои ҳарбӣ” ба подполковники Хадамоти амнияти давлатӣ Игор Сиофу ва муовини сардори полиси сарҳадии Вазорати корҳои дохилӣ Сергей Мунтеану пас аз маргашонро имзо кард.