https://sputnik.tj/20250326/tojikiston-shabi-qadr-shuroi-ulamo-fazilatho-1066724567.html
Дар Тоҷикистон шаби Қадр фаро мерасад: Шӯрои уламо фазилатҳояшро баён дошт
Дар Тоҷикистон шаби Қадр фаро мерасад: Шӯрои уламо фазилатҳояшро баён дошт
Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон эълон дошт, ки шаби қадр соли равон ба шаби 26 ба 27-уми март рост меояд ва тавзеҳ додааст, ки он чӣ фазилатҳо дорад
2025-03-26T15:29+0500
2025-03-26T15:29+0500
2025-03-26T15:45+0500
дар тоҷикистон
рамазон
дин ва оин
шӯрои уламо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/1a/1066725597_0:259:3071:1986_1920x0_80_0_0_5afb3fdfccd34b4da23c5159dd51120a.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Шаби Қадр шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон аст, ки беҳтарин вақт барои ибодат буда, дар он дуову ибодат зуд иҷобат меёбад, эълон дошт Шӯрои уламои Тоҷикистон.Тавре Шӯрои уламо қайд кардааст, соли равон шаби қадр шаби 26 ба 27-уми март фаро мерасад.Ин ниҳод зикр намудаст, ки дар моҳи Рамазон шабе ҳаст бо номи шаби Қадр, ки дар назди Худованд аз ҳазор моҳ беҳтар ва боарзиштар аст.“Шабе, ки дар миёни осмону замин ва башарият бо олами улвӣ ва фариштагон робитаи бевоситае барқарор гардид ва дар он нузули Қуръон бар дили поки охирин паёмбари Худо Ҳазрати Муҳаммад (с) оғоз гардид. Шабе, ки ҷаҳони ҳастӣ бо шодмонии нотакроре онро пешвоз гирифт ва ҳодисаеро бо он азамат ва шукӯҳ ҳаргиз надида буд”,- қайд кардааст манбаъ.Шӯрои уламо бо такя ба сураи Қуръон бо номи "қадр" аз 4 хусусият ва фазилати шаби қадр ишора намудаст, ки якумаш нузули Қуръони карим дар ҳамин шаб оғоз гардидааст.Дувум он шаб аз ҳазор моҳ беҳтар мебошад, сеюм фариштагон он шаб барои анҷоми корҳои муайяне бо амри Парвардигор ба замин меоянд.Чаҳорум, он шаб то саҳар дар сар то сари олами офариниш садои салому дуруди офаридагони Худованд баланд мешавад ва дар он то субҳ нуру баракат ва амну осоиш ҳукмфармост, тавзеҳ додаст Шӯро.Аз кӯдакон дар Душанбе хостанд идгардак накунандШӯрои уламо илова намудаст, ки паёмбар (с) дар қисмати охири ҳадисе, ки фазилати моҳи Рамазонро баён менамояд, мефармоянд:"Дар он моҳ шаби қадр аст, ки аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Касе аз хайру (баракоти) он шаб маҳрум гардад, маҳруми (бадбахти) ҳақиқӣ ҳамон кас аст", - овардааст ин ниҳод аз қавли паёмбар.Шаби Қадр дар шабҳои тоқи даҳ рўзи охири моҳи Рамазон мебошад. Вале баъзе донишмандон дар шаби бисту ҳафтуми Рамазон будани шаби Қадр ба яқин наздиктар гуфтаанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/1a/1066725597_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_9a9a60259987a6daf552dad804c69fa1.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, шӯрои уламо, шаби қадр, дин, фазилат, рамазон
тоҷикистон, шӯрои уламо, шаби қадр, дин, фазилат, рамазон
Дар Тоҷикистон шаби Қадр фаро мерасад: Шӯрои уламо фазилатҳояшро баён дошт
15:29 26.03.2025 (Навсозишуда: 15:45 26.03.2025) Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон эълон дошт, ки шаби қадр соли равон ба шаби 26 ба 27-уми март рост меояд ва тавзеҳ додааст, ки он чӣ фазилатҳо дорад
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Шаби Қадр шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон аст, ки беҳтарин вақт барои ибодат буда, дар он дуову ибодат зуд иҷобат меёбад, эълон дошт Шӯрои уламои Тоҷикистон.
Тавре Шӯрои уламо қайд кардааст, соли равон шаби қадр шаби 26 ба 27-уми март фаро мерасад.
Ин ниҳод зикр намудаст, ки дар моҳи Рамазон шабе ҳаст бо номи шаби Қадр, ки дар назди Худованд аз ҳазор моҳ беҳтар ва боарзиштар аст.
“Шабе, ки дар миёни осмону замин ва башарият бо олами улвӣ ва фариштагон робитаи бевоситае барқарор гардид ва дар он нузули Қуръон бар дили поки охирин паёмбари Худо Ҳазрати Муҳаммад (с) оғоз гардид. Шабе, ки ҷаҳони ҳастӣ бо шодмонии нотакроре онро пешвоз гирифт ва ҳодисаеро бо он азамат ва шукӯҳ ҳаргиз надида буд”,- қайд кардааст манбаъ.
Шӯрои уламо бо такя ба сураи Қуръон бо номи "қадр" аз 4 хусусият ва фазилати шаби қадр ишора намудаст, ки якумаш нузули Қуръони карим дар ҳамин шаб оғоз гардидааст.
Дувум он шаб аз ҳазор моҳ беҳтар мебошад, сеюм фариштагон он шаб барои анҷоми корҳои муайяне бо амри Парвардигор ба замин меоянд.
Чаҳорум, он шаб то саҳар дар сар то сари олами офариниш садои салому дуруди офаридагони Худованд баланд мешавад ва дар он то субҳ нуру баракат ва амну осоиш ҳукмфармост, тавзеҳ додаст Шӯро.
Шӯрои уламо илова намудаст, ки паёмбар (с) дар қисмати охири ҳадисе, ки фазилати моҳи Рамазонро баён менамояд, мефармоянд:
"Дар он моҳ шаби қадр аст, ки аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Касе аз хайру (баракоти) он шаб маҳрум гардад, маҳруми (бадбахти) ҳақиқӣ ҳамон кас аст", - овардааст ин ниҳод аз қавли паёмбар.
Шаби Қадр дар шабҳои тоқи даҳ рўзи охири моҳи Рамазон мебошад. Вале баъзе донишмандон дар шаби бисту ҳафтуми Рамазон будани шаби Қадр ба яқин наздиктар гуфтаанд.