https://sputnik.tj/20250320/kudakon-dushanbe-khostand-idgardak-1066657221.html
Аз кӯдакон дар Душанбе хостанд идгардак накунанд
Аз кӯдакон дар Душанбе хостанд идгардак накунанд
Sputnik Тоҷикистон
Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз волидайн хостааст, ки дар Иди Рамазон ва Иди Қурбон кӯдаконашонро ба "идгардак" нафиристанд
2025-03-20T17:01+0500
2025-03-20T17:01+0500
2025-03-20T17:01+0500
дар тоҷикистон
идгардак
манъ
маориф
душанбе
иди рамазон
иди қурбон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0d/1039422667_0:352:2789:1921_1920x0_80_0_0_8234b22e8dfb7737b82dbc349e551f7a.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 20 мар – Sputnik. Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар сомоаи худ муроҷиатномаи нашр намудааст, ки дар он гуфта мешавад, тибқи моддаи 9 -и қонун дар бораи танзими ҷашну маросим дар идҳои Рамазон ва Қурбон исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тқдими ширинӣ ва идгардак манъ аст.Ин ниҳод аз волидон дар пойтахт хост ба хотири пешгирӣ аз садамаҳои роҳу нақлиёт ва гум шудани кӯдакон фарзандони худро идгардак намонанд.Қайд карда шудааст, ки бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки ноболиғон, гум шудани онҳо ва бе назорат мондани фарзандон аз идгардак намудани онҳо дар Рӯзи Иди Рамазон худдорӣ намоянд.Ҳамчунин, ин ниҳод гуфтааст, ки дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон оростани дастархонҳо бо хӯроку шириниҳои зиёд, тақдими туҳфа ва дигар ҳадяҳо ба кӯдакон манъ аст.Таъкид мешавад, ки ин маҳдудият дар моддаи 9, банди 2-и қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон” муқаррар шудааст.Дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбон кӯдакон аз субҳ ба хонаи хешовандону ҳамсояҳо рафта, аз онҳо туҳфа мегиранд. Ин маросим “идгардак” ном дорад.Дар Тоҷикистон идгардаки кӯдакон расман манъ аст. Дар иҷлосияи 18-уми палатаи болоии парлумон таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ рӯзи 19 июни соли 2024 ваобаста ба ин масъала ба қонун тағйирот ворид шуд.Ёдовар мешавем, ки чанд сол пеш Шӯрои уламои Тоҷикистон “идгардак”-ро мухолифи меъёрҳои шариатӣ ва мазҳаби ҳанафия эътироф намуда, таъкид дошт, ки дар дини ислом чунин маросим нест.
https://sputnik.tj/20240408/man-idgardak-tojikiston-maqomot-khos-mardum-1062375607.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0d/1039422667_0:0:2671:2003_1920x0_80_0_0_f5bda9ae68247427bd99045f5d44501a.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, идгардак, вазорати маориф, душанбе, манъ, иди рамазон, қурбон, маориф
тоҷикистон, идгардак, вазорати маориф, душанбе, манъ, иди рамазон, қурбон, маориф
Аз кӯдакон дар Душанбе хостанд идгардак накунанд
Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз волидайн хостааст, ки дар Иди Рамазон ва Иди Қурбон кӯдаконашонро ба "идгардак" нафиристанд
ДУШАНБЕ, 20 мар – Sputnik. Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар сомоаи худ муроҷиатномаи нашр намудааст, ки дар он гуфта мешавад, тибқи моддаи 9 -и қонун дар бораи танзими ҷашну маросим дар идҳои Рамазон ва Қурбон исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тқдими ширинӣ ва идгардак манъ аст.
Ин ниҳод аз волидон дар пойтахт хост ба хотири пешгирӣ аз садамаҳои роҳу нақлиёт ва гум шудани кӯдакон фарзандони худро идгардак намонанд.
“Аз ин рӯ, аз падру модарон (шахсони онҳоро ивазкунанда) хоҳиш мешавад, ки дар рӯзҳои таътили баҳорӣ фарзандонро бештар ба мутолиаи асарҳои бадеӣ ҷалб намуда, онҳоро назорат кунанд”, - қайд кардааст Раёсати маориф.
Қайд карда шудааст, ки бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки ноболиғон, гум шудани онҳо ва бе назорат мондани фарзандон аз идгардак намудани онҳо дар Рӯзи Иди Рамазон худдорӣ намоянд.
Ҳамчунин, ин ниҳод гуфтааст, ки дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон оростани дастархонҳо бо хӯроку шириниҳои зиёд, тақдими туҳфа ва дигар ҳадяҳо ба кӯдакон манъ аст.
Таъкид мешавад, ки ин маҳдудият дар моддаи 9, банди 2-и қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон” муқаррар шудааст.
Дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбон кӯдакон аз субҳ ба хонаи хешовандону ҳамсояҳо рафта, аз онҳо туҳфа мегиранд. Ин маросим “идгардак” ном дорад.
Дар Тоҷикистон идгардаки кӯдакон расман манъ аст. Дар иҷлосияи 18-уми палатаи болоии парлумон таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ рӯзи 19 июни соли 2024 ваобаста ба ин масъала ба қонун тағйирот ворид шуд.
Ёдовар мешавем, ки чанд сол пеш Шӯрои уламои Тоҷикистон “идгардак”-ро мухолифи меъёрҳои шариатӣ ва мазҳаби ҳанафия эътироф намуда, таъкид дошт, ки дар дини ислом чунин маросим нест.