35 рӯз монд: Мақомот аз муҳоҷирони тоҷик хост ҳузурашонро дар Русия қонунӣ намоянд

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкВыдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области
Выдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2025
Обуна шудан
Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Русия аз муҳоҷирони меҳнатӣ хоҳиш кардааст, ки дар ин кишвар расман кору фаъолият намоянд
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Русия ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ёдрас шудааст, ки то анҷоми қонунигардонӣ дар Русия ҳамагӣ 35 рӯз боқӣ мондааст ва онҳо ҳарчи зудтар ҳуҷҷатҳои ва ҳузури худро қонунӣ гардонанд.
Ин ниҳод аз муҳоҷирон хоҳиш кардааст, ки барои ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳои будубош дар кишвари иқомат шаҳрвандон вобаста ба минтақаи ҷогиршавии шӯъбаҳои муҳоҷиратии мақомоти ҳудудии ВКД-и Русия, шуъбаҳои Корхонаи воҳиди федералии давлатии "ХШР"-и Вазорати корҳои дохилии Русия ва Муассисаи давлатии буҷетии шаҳри Маскав "Сахарово" муроҷиат намоянд.
“Ҳуҷҷатҳои худро ба танзим дароред”, - қайд кардааст намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Русия.
Рейд по выявлению нелегальных мигрантов в Красноярске  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2024
Путин пешниҳод кард, ки масъалаҳои муҳоҷират бояд ҳамроҳ бо кишварҳои ҳамсоя ҳал шавад
Ёдовар мешавем, ки тибқи фармони президенти Русия аз 30 декабри соли равон шаҳрвандони хориҷӣ имкон доранд, ки дар қаламрави Русия то 30 апрели соли равон фаъолият ва ҳуҷҷатҳои будубошро тартиб дода, дар кишвари иқомат расман кору фаъолият намоянд.
Ин ниҳоди давлатии Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагӣ муроҷиат намоянд.
Лентаи хабарҳо
0