https://sputnik.tj/20250326/hajmi-gardishi-savdoi-khoriji-tojikiston-davlathoi-uzvi-shi-1066723196.html
35% тамоми ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба давлатҳои узви СҲИ рост меояд
35% тамоми ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба давлатҳои узви СҲИ рост меояд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар дидор бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ таъкид кард, ки кишварҳои узви СҲИ шарикони муҳими тиҷоратии Тоҷикистон мебошанд
2025-03-26T14:19+0500
2025-03-26T14:19+0500
2025-03-26T15:54+0500
азим иброҳим
нақлиёт
сҳи
гардиши молу коло
иқтисод
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/09/1060404112_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_18c0041cbb1e245b0e19cea9fddce1dc.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) Асад Маҷид Хон аз ҳамкориҳои ҳамаҷониба ва мутақобилан судманд дар соҳаи нақлиёт таъкид намуд.Дар мулоқот зикр гардид, ки айни замон дар қаламрави кишварҳои узви СҲИ, ки 10 кишвар ва тақрибан 8 миллион километри мураббаъро дар бар мегирад, беш аз 460 миллион нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад ва ин созмон шимолро бо ҷануб, шарқро бо ғарб, Осиёро бо Аврупо ва Авруосиёро бо Ҷаҳони араб мепайвандад.Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои узви СҲИ ду сол қабл беш аз 2 триллион долларро ташкил дода буд ва дар ҳоли афзоиш аст.Вай инчунин таъкид кард, ки имкониятҳои мавҷудаи ҳамкории иқтисодӣ миёни кишварҳоямон асосан истифоданашуда боқӣ мемонанд.“Давлатҳои узви СҲИ дорои захираҳои бузурги меҳнатӣ ва табиӣ, инчунин иқтидорҳои бой дар ҳама соҳаҳо мебошанд”, - қайд кард Азим Иброҳим.Ба гуфтаи Вазир, истифодаи самараноки ин иқтидорҳо метавонад ба беҳбудии некӯаҳволӣ ва шукуфоии иҷтимоию иқтисодии кишварҳо, инчунин таҳкими сулҳу амният дар минтақа мусоидат намояд.Дар робита ба ин, ӯ тааҳҳуд ва ҷонибдории Тоҷикистонро ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба ва мутақобилан судманд дар соҳаи нақлиёт таъкид намуд.Дар ин мулоқот тазаккур дода шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон ба ташкили долонҳои нақлиётӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ, рушди иқтисодии мамлакат ва табдил додани он ба кишвари муносиби транзитӣ аҳамияти махсус медиҳад.Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳавзаи кишваҳои СҲИ ба яке аз минтақаҳои босуръат рушдёбанда табдил меебад, дар ин ҷо шабакаҳои нави нақлиётӣ ва логистикӣ таъсис дода мешаванд, ки ҳамчун пайванд байни кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, Ҷанубу Шарқӣ ва Марказӣ, ки ба минтақаҳои Аврупои Ғарбӣ ва Шимолу Ғарбӣ, инчунин ба кишварҳои Шарқи Наздик мебароянд, мусоидат мекунанд.Дабири кулли СҲИ ба зарурати тақвияти робитаҳо байни давлатҳои узви созмон, ки роҳи мустақими баромад ба уқёнусро надоранд ва шабакаҳои байналмилалии нақлиётӣ мароқ зоҳир кард.Вай аз ҷониби котиботи СЭС фаъолона татбиқ гардидани иқдомоти гуногунро, ки ба дастгирии транзит ва савдо равона шудаанд, зикр намуд.Асад Маҷид Хон саҳми Тоҷикистонро дар ташаббусҳои нақлиётии СҲИ баланд арзёбӣ карда, аз Тоҷикистон даъват кард, ки минбаъд низ ба рушди ин соҳа таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намояд.Вай инчунин илова намуд, ки Котиботи СҲИ барои ошкор ва мустаҳкам кардани долонҳои нақлиётии минтақавӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ таҳқиқот оғоз кардааст.Интизор меравад, ки натиҷаҳои он барои беҳтар кардани тиҷорати фаромарзӣ ва дастгирии рушди устувори иқтисодӣ дар минтақаи СҲИ асос шаванд.Бояд гуфт, ки СҲИ созмони минтақавии байниҳукуматӣ мебошад, ки соли 1985 аз ҷониби Эрон, Покистон ва Туркия бо мақсади ҳавасмандгардонии ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии байни давлатҳои аъзо таъсис дода шудааст.Соли 1992 СҲИ бо ба сафи он дохил шудани 7 узви нав - Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон васеъ шуд.Мақсади созмон мусоидат ба рушди иқтисодӣ дар минтақа тавассути ҳамоҳангсозии кӯшишҳо дар соҳаҳое, ба монанди иқтисод, савдо, нақлиёт, экология ва ҳамкории гуманитарӣ мебошад.
https://sputnik.tj/20250325/rahmon-iqtisodi-sabz-sozmoni-hamkori-iqtisodi-barrasi-1066710879.html
https://sputnik.tj/20231110/tojikiston-omoda-kishvarho-shi-neru-barq-dihad-1060413673.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/09/1060404112_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_52fb9b03c6ffafbdbea831cef1a101a1.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сҳи, гардиши савдои хориҷӣ, иқтисод, мулоқот, нақлиёт, азим иброҳим
тоҷикистон, сҳи, гардиши савдои хориҷӣ, иқтисод, мулоқот, нақлиёт, азим иброҳим
35% тамоми ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба давлатҳои узви СҲИ рост меояд
14:19 26.03.2025 (Навсозишуда: 15:54 26.03.2025) Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар дидор бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ таъкид кард, ки кишварҳои узви СҲИ шарикони муҳими тиҷоратии Тоҷикистон мебошанд
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) Асад Маҷид Хон аз ҳамкориҳои ҳамаҷониба ва мутақобилан судманд дар соҳаи нақлиёт таъкид намуд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки айни замон дар қаламрави кишварҳои узви СҲИ, ки 10 кишвар ва тақрибан 8 миллион километри мураббаъро дар бар мегирад, беш аз 460 миллион нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад ва ин созмон шимолро бо ҷануб, шарқро бо ғарб, Осиёро бо Аврупо ва Авруосиёро бо Ҷаҳони араб мепайвандад.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои узви СҲИ ду сол қабл беш аз 2 триллион долларро ташкил дода буд ва дар ҳоли афзоиш аст.
"Давлатҳои узви СҲИ шарикони муҳими тиҷоратии Тоҷикистон мебошанд. Ба онҳо зиёда аз 35% тамоми ҳаҷми гардиши савдои хориҷии кишвари мо рост меояд, - иброз дошт Вазири нақлиёти Тоҷикистон.
Вай инчунин таъкид кард, ки имкониятҳои мавҷудаи ҳамкории иқтисодӣ миёни кишварҳоямон асосан истифоданашуда боқӣ мемонанд.
“Давлатҳои узви СҲИ дорои захираҳои бузурги меҳнатӣ ва табиӣ, инчунин иқтидорҳои бой дар ҳама соҳаҳо мебошанд”, - қайд кард Азим Иброҳим.
Ба гуфтаи Вазир, истифодаи самараноки ин иқтидорҳо метавонад ба беҳбудии некӯаҳволӣ ва шукуфоии иҷтимоию иқтисодии кишварҳо, инчунин таҳкими сулҳу амният дар минтақа мусоидат намояд.
Дар робита ба ин, ӯ тааҳҳуд ва ҷонибдории Тоҷикистонро ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба ва мутақобилан судманд дар соҳаи нақлиёт таъкид намуд.
Дар ин мулоқот тазаккур дода шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон ба ташкили долонҳои нақлиётӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ, рушди иқтисодии мамлакат ва табдил додани он ба кишвари муносиби транзитӣ аҳамияти махсус медиҳад.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳавзаи кишваҳои СҲИ ба яке аз минтақаҳои босуръат рушдёбанда табдил меебад, дар ин ҷо шабакаҳои нави нақлиётӣ ва логистикӣ таъсис дода мешаванд, ки ҳамчун пайванд байни кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, Ҷанубу Шарқӣ ва Марказӣ, ки ба минтақаҳои Аврупои Ғарбӣ ва Шимолу Ғарбӣ, инчунин ба кишварҳои Шарқи Наздик мебароянд, мусоидат мекунанд.
Дабири кулли СҲИ ба зарурати тақвияти робитаҳо байни давлатҳои узви созмон, ки роҳи мустақими баромад ба уқёнусро надоранд ва шабакаҳои байналмилалии нақлиётӣ мароқ зоҳир кард.
Вай аз ҷониби котиботи СЭС фаъолона татбиқ гардидани иқдомоти гуногунро, ки ба дастгирии транзит ва савдо равона шудаанд, зикр намуд.
Асад Маҷид Хон саҳми Тоҷикистонро дар ташаббусҳои нақлиётии СҲИ баланд арзёбӣ карда, аз Тоҷикистон даъват кард, ки минбаъд низ ба рушди ин соҳа таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намояд.
Вай инчунин илова намуд, ки Котиботи СҲИ барои ошкор ва мустаҳкам кардани долонҳои нақлиётии минтақавӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ таҳқиқот оғоз кардааст.
Интизор меравад, ки натиҷаҳои он барои беҳтар кардани тиҷорати фаромарзӣ ва дастгирии рушди устувори иқтисодӣ дар минтақаи СҲИ асос шаванд.
Бояд гуфт, ки СҲИ созмони минтақавии байниҳукуматӣ мебошад, ки соли 1985 аз ҷониби Эрон, Покистон ва Туркия бо мақсади ҳавасмандгардонии ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии байни давлатҳои аъзо таъсис дода шудааст.
Соли 1992 СҲИ бо ба сафи он дохил шудани 7 узви нав - Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон васеъ шуд.
Мақсади созмон мусоидат ба рушди иқтисодӣ дар минтақа тавассути ҳамоҳангсозии кӯшишҳо дар соҳаҳое, ба монанди иқтисод, савдо, нақлиёт, экология ва ҳамкории гуманитарӣ мебошад.